сиёсат
ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД...
Ҳамбастагӣ, муттафиқӣ, ваҳдату иттиҳод, якдилӣ ва баҳамоӣ марҳалаи муайяни тафаккури ободкорию бунёдгароианд ва моҳияти пурарзиши абадӣ доранд. Ба андешаи мутафаккири бузург Ҷалолиддини Балхӣ, иттифоқ таъмингари пирӯзии ҳаёти инсон аст:
Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.
Дар таълимоти ахлоқии мутафаккир нифоқ бунёди парешонию парокандагӣ ва мунтаҳо фаност. Вале, алорағми ин, иттифоқ ҷавҳари музаффарияту пирӯзиҳо ва саранҷом, бақобахшист. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мафкураи ҳукмрони вақт нисбат ба таълимоти орифони эҷодкор сахтситезию тезандагӣ дошт. Аз ин рӯ, ҷавҳари таълимоти мазкур дастраси омма набуд. Маҳз ҳамин ҷанба ва дурии мардум аз фарҳангу адаби гузаштаи хеш сабаби парокандагӣ гардид.
Лаҳзаҳои ҳассоси таърихи миллат боиси падид омадани симо ё худ шахсияти сиёсӣ мегардад. Бузургон фармудаанд: «Қудрати роҳбарӣ ва малакаи пешоҳангии халқ як имтиёзест, ки Офаридгор онро на ба ҳар кас ато мекунад. Аммо шахсиятҳои қудратманд ва ба қавле, назаркардаҳои Эзид, ба пиндору гуфтору рафтор ва дигар зарфиятҳои феълӣ аз дигарон ба куллӣ фарқ мекунанд ва кору пайкори онҳо аз ҷониби омма қобили муҳокима нест».
Тақдир ин ниёзи миллиро дар шахсияти барҷаста, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ато кард. Ин шахсияти таърихсозу тақдирсоз дар муддати кӯтоҳи роҳбарӣ ду рисолати сирф таърихиро ба ҷо овард, ки он дар таърихи навини тоҷикон нигошта хоҳад шуд: яке бунёди давлати миллӣ ва дигаре тафаккури нави миллӣ. Ин рисолати таърихии сулҳофарӣ дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби сиёсатмадорону доираҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, чун падидаи нодиру боарзиш дар таърихи сулҳсолории оламиён пазируфта шуд.
Собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан бо назардошти хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дорад».
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии халқи тоҷик тозатарин сафҳаи таърихӣ ва гардиши куллиро оғоз бахшид ва он нахустин татбиқи ормони миллӣ дар оғози асри нав буд.
Пажӯҳишгари олмонӣ Карл Ясперс гуфтааст: «Таърих бо зуҳури симоҳо ва шахсиятҳо оғоз меёбад ва маҳз шахсияту симоҳои абарқудрат созандагони таъриханд». Корномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели равшани андешаи бузургон аст.
Наврӯз ТОҲИРЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2020 №: 107 Мутолиа карданд: 1087