Хабарҳо
ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръат дар вилоят дар нимсолаи аввали соли равон 48 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо 422 ҷойи кор таъсис ёфт. Корҳои сохтмонӣ дар 36 иншооти дигар бо назардошти 1080 ҷойи кор идома доранд.
Гуфта шуд, ки теъдоди корхонаҳои саноатии вилоят, дар маҷмӯъ, 626 ададро ташкил дода, онҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 4,1 миллиард сомонӣ расонданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 365,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
Кишоварзон низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят давоми моҳҳои январ - июни соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 7901,2 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба 108,9 дарсад баробар гардид. Яъне, афзоиш ба андозаи 646,6 миллион сомонӣ таъмин гашт.
То аввали моҳи июли соли равон аз вилоят ба хориҷи кишвар 87672,3 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шуда, дурнамо 92,3 дарсад иҷро гашт. Маҳсулоти содиротӣ, асосан, сабзавот, пиёз, полизӣ, меваҷот, лимӯ ва ангур буда, аз ҷиҳати миқдор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3610,7 тонна зиёд мебошад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1110