Хабарҳо
Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 - 5 август бо сафари давлатӣ ба Туркманистон мераванд. Дар ин бора вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
«Ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки ин сафари таърихӣ хоҳад буд», - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Гуфта шуд, ки 28 - 29 июл дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мегардад.
Миёни МОИ «Кӯлоб» ва «Тирмиз» санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Миёни минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва «Тирмиз» ёддошти тафоҳум ба имзо расонда шуд.
Санади мазкур, ки барои тақвияти ҳамкорӣ миёни ин ду минтақаи иқтисодӣ, ҷалби сармояи дохилӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки муштарак заминаи устувор мегузорад, дар доираи сафари кории ҳайати вилояти Хатлон ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба имзо расонда шуд.
Пеши роҳи гармшавии ҳаворо бояд гирифт!
Дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим (КОМТИ - 2021) бинобар пандемия дар шаклҳои онлайн ва офлайн баргузор гардид. Дар он роҳбарони мақомоти ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, муассисаҳои илмӣ, гурӯҳҳои ҷавонон оид ба амалҳои иқлимӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва бонкҳои байналмилалии рушд ширкат варзиданд.
Мавзӯи конфронс ҳамгироии талошҳои кишварҳои минтақа барои пешгирӣ аз болоравии ҳарорати миёнаи ҷаҳонӣ аз 1,5°C мебошад.
Гуфта шуд, ки бо партофтани партовҳо ба ҳавои атмосфера вазъи иқлим ногувор мешавад. Гузариш ба нақлиёти барқӣ ва манбаъҳои энергияи тоза ба ҳалли мушкилот мусоидат хоҳад кард.
Медали хонандаи тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Хонандаи синфи 11 - и литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Шамс Давлятбеков дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология (IBO - 2021), ки ба таври онлайн доир шуд, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Олимпиада 19 - 24 июл дар шаҳри Лиссабони Португалия бо иштироки 304 нафар аз 76 давлати дунё доир шуд. Дар олимпиадаи мазкур Тоҷикистонро 4 нафар намояндагӣ намуданд.
Ин дуюмин медали Шамс Давлятбеков аз олимпиадаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Соли гузашта низ номбурда дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни биология, ки дар Ҷопон баргузор гашт, соҳиби медали биринҷӣ гашта буд.
COVID - 19. Барои табобати беморон 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшира ҷалб гардидаанд
Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 88 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории COVID - 19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин, 78 нафар пас аз муолиҷа солим аз беморхонаҳо рухсат шуд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то 27 июл дар кишвар 14761 нафар гирифтори коронавируси нав сабт шуд, аз ин то санаи зикргардида 14245 нафар (96,5%) шифо ёфт.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои табобати гирифторони COVID - 19 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазор табиб ва 36 ҳазор ҳамшираи шафқат ҷалб гардидаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 916