logo

сиёсат

2021. САҲИФАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Соли 2021 бо тамоми бурду бохташ пушти сар шуд. Дар саҳфаи зиндагии мо саҳифаи нав гиреҳ хӯрд. Вале дар ҳофизаи таърих соли рафта барои халқи Тоҷикистон соли воқеан таърихӣ ва фаромӯшношуданӣ сабт хоҳад шуд. Зеро дар баробари оне ки мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд, инчунин, кишвари мо дар се созмони минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, раёсат дошт. Бешак, яке аз дастовардҳои беназире, ки нуфузу эътибори Тоҷикистон ва Президенти мамлакатро дар сатҳи байналмилалӣ боло бурд, сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нахустин мукофоти олӣ – Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ буд.
Ин мукофоти нуфузафзо дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи соли 2021, Туркманбошӣ, Туркманистон) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ тақдим гардид. Барҳақ, ин мукофоти олӣ бори дигар исбот кард, ки Сарвари давлат сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонианд. 
Ба андешаи Абдухалил Ғафурзода, профессор, шарафёбӣ ба ин мукофоти олӣ бори дигар аз эътибору нуфузи баланди сиёсатмадори оқил, Пешвои ваҳдатофар дар арсаи байналмилалӣ дарак дода, эътирофи шеваи тозаи давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати наҷотдеҳи миллату давлат ва эҳёгари Тоҷикистони навин, инчунин, ташаббускори минтақавию ҷаҳонӣ мебошад. Маҳз маҳорати идоракунӣ, шуҷоатмандӣ, далерӣ, қотеият дар қабули қарорҳои сиёсӣ ва хиради сиёсию адолати иҷтимоии Роҳбари  давлат боис гӯшт, ки ин чеҳраи тобони таърих на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ шуҳрату эътибор пайдо намояд.
- Имрӯз дар Осиё ва Аврупо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳбари ташаббускор ва сиёсатмадори тавонои башардӯст мешиносанд. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Пешвои миллат барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд нигаронда шудааст. Вақте сухан дар бораи сиёсати «дарҳои кушода» меравад, моҳияти сиёсати мазкур низ ба роҳ мондани ҳамкории дӯстона бо тамоми давлатҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ мебошад. Ҳадафи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон низ маҳз ба ҳаллу фасли масъалаи ҷаҳонӣ нигаронда шудааст. Яъне, Тоҷикистон аз қабили он кишварҳое нест, ки танҳо ба манфиатҳои миллии хеш маҳдуд бошад. Балки, Пешвои тоҷикон ҳамчун шахсияти инсондӯст дар фаъолиятҳои берунаи давлат манфиатҳои ҷомеаи башариро дар мадди назар гирифта, дар ҳалли ҳар гуна масъалаҳо аз рӯи чунин мантиқ муносибат менамоянд.
Моҳияти чунин сиёсат ва шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишварҳои ҳамсоя аён аст ва зимни муносибатҳо хоҳу нохоҳ бетаъсир нахоҳад монд, - мегӯяд Шуҳрат Саидзода, сиёсатшинос.  
Ҳамагон шоҳиди  ҳолем, ки аз рӯзи ба саҳнаи сиёсӣ омадани  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи  эҳё  ва  таъмини  ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи  Марказӣ  дар меҳвари фаъолияташон қарор дошту дорад. Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон иброз доштанд, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушди минбаъдаи муносибатҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шарикони стратегӣ – Федератсияи Россия, Чин ва дигар шарикони худ, аз қабили Иттиҳоди Аврупо, ИМА, давлатҳои Осиё, Ховари Миёна ва дигар минтақаҳои олам ҳамеша диққати хосса дода мешавад. «Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем. Дар баробари ин, таъкид месозам, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд».
Аз ин нуқтаи назар, бо итминон метавон гуфт, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори асосҳои консепсионии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказианд. Гузашта аз ин, таъмини амният ва суботи минтақа ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон вобастагии зиёд дорад. Дар ҳоле ки пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакати мо гирифта намешуд, хавфи паҳн гаштани ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дар қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ буд. Барҳақ, Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Беларус, гуфтааст: «Сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар таъкид мекунам, кишварро ҳифз намуд, сулҳу оромиро ба ин сарзамин овард. Ва ба ин на танҳо шумо арҷ мегузоред, мо ҳама дар ИДМ ба ин кори наҷиб арҷ мегузорем. Зеро сулҳ ва оромӣ дар ин замин – ин сулҳу оромӣ дар Беларус, дар Россия ва дар дигар давлатҳо мебошад».
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 1143
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед