Хабарҳо
ОМӮЗГОРИ СОЛ. ҒОЛИБИ ОЗМУН МУАЙЯН ШУД
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2021” ҷамъбаст гардид. Тавре аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд, давоми се рӯз донишу малакаи довталабон аз рӯйи 7 шарт санҷида шуд. Дар натиҷаи баҳогузорӣ ва хулосаи ҳакамон, Хушбахт Азизбеков, омӯзгори фанни математикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и шаҳри Хоруғ, ғолиб баромад. Дар вазорат маросими ҷамъбастӣ ва туҳфасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун баргузор гардид, ки дар он Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илм, Гулчеҳра Ғанизода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, кумитаи тадорукот ва аъзои ҳакамон ширкат варзиданд.
Муҳаммаддовуд Саломиён иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илм ҳамеша омодааст омӯзгорони пешқадаму навовар ва эҷодкорро дастгирӣ ва заҳмати онҳоро қадр намояд. Озмун имкон дод, ки иштирокдорон маҳорату малака ва таҷрибаи педагогии худро муаррифӣ созанд.
Иштирокдорони озмун Моҳира Мусоева, омӯзгори фанни географияи Литсейи № 3 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Сунбула Юсупова, омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳри Роғун, Наима Зоидова, омӯзгори фанни физикаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Шавкат Тағоев, омӯзгори фанни физикаи Литсейи тамоюли техникии ба номи “Афлотун” дар ноҳияи Данғара бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукоти озмун қадр гардиданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатдорони озмун сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ супурда шуданд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1189