Хабарҳо
АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
ҲИСОР
НАҚШАИ ДАРОМАДИ БУҶЕТИ ШАҲР 102 ДАРСАД ТАЪМИН ШУД
Дар заминаи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди саноат (солҳои 2022 – 2026) тайи ду соли оянда симои шаҳри Ҳисор бо бунёди иншооти таъиноташон гуногун, биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ, инфрасохтори муосир ва роҳҳои ҷавобгӯй ба талаботи замон бакуллӣ дигар хоҳад шуд.
Ин нуктаро Қосим Роҳбар, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор, зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар соли сипаришуда ба хабарнигорон тазаккур дод.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои вусъати корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ба шаҳри пешрафта, саноатӣ ва сайёҳӣ табдил додани ин водии зархез бо назардошти фикру андеша ва пешниҳоди сокинон, фаъолон ва мутасаддиёни бахшҳои гуногун нақшаи чорабиниҳо ва дурнамои соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодии шаҳрро тарҳрезӣ менамояд. Айни ҳол таваҷҷуҳи роҳбарияти шаҳр, масъулони ширкатҳои сохтмонӣ, ташкилоту идораҳои дахлдор ва аҳли шаҳрвандон баҳри расидан ба мақсадҳои наҷиб ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо равона гардидааст.
Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳр беш аз 3,2 миллиард сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 109,8 дарсад баробар гардид. Нақшаи даромади буҷети шаҳр 102 дарсад таъмин гашта, ба буҷет 215 миллиону 447 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
КАДОМ МАҚОМОТРО САНҶИД ВА ЧӢ КАМБУДӢ ОШКОР НАМУД?
- Зимни санҷишҳо дар Вазорати нақлиёт, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳолатҳои то озмун ба кор гирифтан, ба мансабҳои хизмати давлатӣ қабул намудан ба тариқи шартномавӣ, бе озмун ба мансабҳои хизмати давлатӣ таъин кардан ошкор гардид. Бар хилофи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», яъне то баргузории озмун ба мансабҳо таъин кардан дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Сино низ ҷой доранд, - гуфт Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ.
Инчунин, ҳолати бе доштани таҳсилоти зарурӣ ё ихтисоси даркорӣ ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардидан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Тоҷикобод ва баъзе дигар мақомот дида мешавад.
Бар пояи иттилои раиси агентӣ, то 1 январи соли 2022 шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ 18701 нафар (4518 зан)-ро ташкил дода, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,1 мебошад.
Маҳмуд МИРЗОЁН
НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ПУРЗӮР МЕШАВАД
Бо мусоидати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдорӣ барои сохтмони бинои асосии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон замин ҷудо гардид. Ҳоло сохтмони ошёнаи аввал ба поён расида, то соли 2023 бино бояд мавриди истифода қарор гирад.
Ин нуктаро Шоҳин Саидзода, директори агентӣ, дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.
Агентӣ соли гузашта 774 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 46 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва 11 мактаби олиро мавриди санҷиш қарор дод.
Маълум гашт, ки донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои зинаҳои таҳсил 3,7 дарсад ва сифати таҳсилот 2,7 дарсад баланд гардидааст.
Ин нишондодро қаноатбахш арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфт: «Ниҳоди мо навтаъсис буда, масъалаҳои ҳалталаб зиёданд. Аз 48 ҳазору 22 муассиса дар як сол тавонистем танҳо 831-тои онро аз санҷиш гузаронем. Ин дар ҳолест, ки санҷиш дар як муассиса бояд ҳадди ақал дар панҷ сол як маротиба гузаронда шавад. Дар ин росто, таҳкими ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм муҳим аст».
Б. БАҲОДУР
КУМИТАИ ЗАБОН:
«БАРНОМАИ «ХАТОГИР» ФАЪОЛ МЕШАВАД»
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки падидаи муҳимтарини сол таҳия ва қабули матни нави «Қоидаҳои имло ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» мебошад.
Раиси кумита ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар робита ба чопи қоидаҳои нави имло чунин посух гуфт: «Матни дуруст ва тасҳеҳшудаи имло бо ҳамкории ходимони кумита дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмист, пурра нашр шуд, аммо интишори такрории он аз тарафи баъзе аз нашрияҳо дар такя ба сарчашмаҳои дигар сурат гирифт, ки ҷойи мулоҳиза аст. Оянда бо ташкили як гурӯҳи кории махсус ин равандро месанҷем ва талош меварзем, ки матни комил ва беғалати имло дастраси ҷомеа гардад».
Ҳамзамон, хабар дода шуд, ки пас аз чопи фарҳанги имло роҳандозии барномаи электронии «Хатогир» дар назар аст.
- Ҳоло корро дар самти ҷоннок кардани фаъолияти сомонаи Кумита равона кардаем, зеро соли гузашта 6 миллиону 450 ҳазор муштарӣ аз он истифода бурд. Аз ҷумла, шумораи муроҷиатҳои электронӣ низ ба 590 мерасад, ки нисбат ба муроҷиатҳои хаттӣ 70-то зиёд мебошад, - афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
ҶАМШЕД ҒАНИЗОДА АЗ КАМБУДИҲО НИЗ ГУФТ
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ҷамшед Ғанизода зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дод, ки соли гузашта дар муассиса се ихтисоси нав таъсис ёфта, маҷаллаи тозаинтишори «Мусаввир», панҷ китоб ва «Баёзи адабӣ» дар 4 ҷилд рӯйи чоп омаданд.
Устоди Донишкада К. Наҷмиддинов дар озмуни беҳтарин намодҳои 5500-солагии Саразм ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ пирӯз омад. Маҳз рамзҳои таҳиякардаи ӯ дар ин ду ҷашни барои миллати мо муҳим ба таври васеъ истифода шуданд.
Ректор ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар робита ба фаъолияти устохонаи кулолӣ, ки дар назди бинои Донишкада сохта шудааст, чунин посух гуфт: «Воқеан ҳам, устохонае, ки дар ҳамкорӣ бо ташкилоти туркии ТИКА бунёд ёфта буд, ҳоло камфаъол аст. Мо ба мақсади ниҳоӣ, яъне истеҳсоли масолеҳи гилӣ, армуғонҳои миллӣ, ба монанди зочаву рамзҳои вижаи кишвар нарасидем, то ки ба бозор барорем».
Масъалаи дигаре, ки масъулони Донишкадаро нигарон кардааст, иҷрои нақшаи қабул аст, ки соли рафта 47 дарсад иҷро гардид.
Б. САЛИМ
КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛӢ
АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ НАВ ТО ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Шуруъ аз моҳи апрели соли 2021 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шуъбаи такмили ихтисос ба фаъолият оғоз кард, ки дар ҳамкорӣ бо коллеҷҳо ва мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ амал мекунад.
Ин нуктаро ректори муассиса Миралӣ Достизода дар нишасти матбуотӣ ироа кард.
Бино ба гуфтаи ӯ, дастоварди асосӣ пирӯзии донишҷӯён ва устодони Консерваторияи миллӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Аз ҷумла, дар даври ноҳиявӣ 36, вилоятиву шаҳрӣ 24 ва ниҳоӣ 13 нафар ғолиб омаданд, ки байни дигар ниҳодҳои соҳаи санъат натиҷаи беҳтарин аст.
Ҳамзамон, ректор нусхаи намунавии аввалин нашрияи илмии муассисаро бо номи «Паёми Консерваторияи миллӣ» ба рӯзноманигорон муаррифӣ карда, хабар дод, ки пас аз чанде рӯнамоии он баргузор хоҳад шуд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ
ҶИЛДҲОИ 4 – 5-и КИТОБИ «МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: МАСЪАЛАҲОИ ТАШАККУЛ ВА РУШД» НАШР МЕШАВАНД
Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимону донишмандон, пажӯҳишгарону собиқадорони хизмати давлатӣ, вакилони мардумӣ, олимони ҷавон ва кормандони касбу кори гуногун се ҷилд китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд»-ро ба нашр расонд. Дар ин бора, Абдухалил Давлатӣ, ректори Академия, иттилоъ дод.
Ӯ афзуд, ки китоби мазкур хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозтоб намуда, дар замири насли имрӯзу оянда тафаккури давлатдорию давлатсозиро ташаккул медиҳад.
Дар арафаи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҷилдҳои 4 – 5-и китоб чоп хоҳанд шуд.
М. БАҲРОМ
Шавкат Бобозода:
«СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ХОРИҶИ КИШВАР 83 ДАРСАД АФЗУД»
Давоми соли гузашта ба маблағи зиёда аз 36 миллион доллари ИМА меваю сабзавот содирот шуд, ки дар муқоиса ба соли пешӣ 83 дарсад зиёд аст. Ҳамзамон, зиёдшавии содироти ангишту оби нӯшоӣ ба қайд гирифта шуд.
Ин нуктаро Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати кишвар, зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.
Ӯ дар посух ба суоли хабарнигори рӯзнома доир ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи содирот изҳор дошт, ки бандубасти дуруст ва шароити интиқоли маҳсулот аз монеаҳои асосии ин бахш мебошанд.
- Масалан, намаки маҳаллии мо ҳарчанд сифати баланд дорад, аз сабаби бандубасти нодуруст, ҳанӯз дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро наёфтааст. Ҳамин мушкил дар содироти дигар маҳсулот, аз ҷумла об, меваҳо мушоҳида мешавад. Мушкили дигари ширкатҳои ватании содироткунанда надоштани шароити нигоҳдории дурусти маҳсулот аст, - гуфт Шавкат Бобозода.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 554