Хабарҳо
Ҷаласаи кории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия
Таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук ҷаласаи кории Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ тариқи видеоконфронс баргузор гардид.
Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ҷаласа ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, маблағгузорӣ, муҳоҷират, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, ҷалби сармоя ва дигар масъалаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар замони паҳншавии бемории COVID-19 баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистону Россия ҳамгироии нек амалӣ гашта, ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳар ду ҷониб чораҳои таъхирнопазир андешида шуданд.
Ҷаласаи гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ
Тибқи мувофиқаи тарафҳо, аз 10 то 15 феврали соли 2022 дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, ҷонибҳо роҷеъ ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар мулоқоти навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.
“Таъмини баробарии гендерӣ дар порлумон”
Бо ҳамин унвон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор гардид. Дар назди иштирокчиён муовини раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ҷаласа фурсати хубест барои муҳокима ва саҳм гузоштани вакилон дар рушд ва нумӯи тавонмандсозии занон ва баробарии самараноки гендерии онҳо дар порлумон.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар татбиқи сиёсати самарабахши гендерӣ иродаи қавӣ зоҳир намуда, дар таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон дар кишвар саҳми арзишманд гузоштаанд.
Муҳлати азнавбақайдгирии SIM-кортҳо як сол тамдид шуд
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022, бақайдгирии дубораи симкортҳо барои шиносномаҳои ID-корт то 15 феврали соли 2023 тамдид шуд. Дар ин бора муовини сардори Хадамоти алоқа Илҳомҷон Атоев иттилоъ дод.
Ба қавли манбаъ, дар Тоҷикистон 5 миллиону 416 ҳазору 345 симкорт бо шиносномаҳои ID-корт ба қайд гирифта шуда, беш аз 2 миллион симкорт дар ҳолати азнавбақайдгирӣ қарор дорад. Аз он симкортҳое, ки то ҳол аз қайд гузаронда нашудаанд, 1,8 миллион фаъол аст.
Мулоқот ҷиҳати мусоидат ба паноҳандагон
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода бо роҳбари намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевди мулоқот орост.
Онҳо дар бораи самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, табодули назар карданд.
Густариши ҳамкорӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо мудири минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ хонум Кассандра Колберт вохӯрд.
Ҷонибҳо доир ба фаъолияти Корпоратсия дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ, нассоҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон
Дар суҳбати телефонии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Покистон Суҳайл Маҳмуд ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои ду кишвар ва масъалаҳои умдаи минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Тарафҳо тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангиву сайёҳии ду кишварро таъкид карда, роҷеъ ба Иҷлосияи 48-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ, ки 22–23 марти соли 2022 дар Исломобод доир мегардад, сухан ронданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 620