Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (CA). Вазири мудофиаи Туркия Ҳулуси Акар иброз намуд, ки мулоқоти президентҳои Россия ва Украина Владимир Путин ва Владимир Зеленский метавонад рӯзҳои наздик баргузор шавад. «Мо умедворем, ки сарфи назар аз баъзе мушкилот, дар рӯзҳои наздик, шояд бо пешниҳоди Президенти мо, роҳбарони ду кишвар ба ҳам дидор анҷом диҳанд», - гуфт вазир.
Мир 24. Муовини котиби давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Алексей Кубрин изҳор дошт, ки Беларус ва Россия бояд амнияти иттилоотиро якҷоя таъмин намоянд.
РБК. Россия эълом кард, ки аз Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид (UNWTO) хориҷ мешавад.
ТАСС. Ширкати телевизионии CNN бо истинод ба гузориши Пентагон ба қонунгузорони амрикоӣ иттилоъ дод, ки ИМА пас аз хуруҷи неруҳояш аз Афғонистон, дар ин кишвар ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар таҷҳизоти низомии худро боқӣ гузоштааст.
ТАСС. Теҳрон ва Пекин дар бораи густариши ҳамкориҳои низомӣ ва табодули таҷриба ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора Муҳаммад Боқирӣ, сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Эрон, пас аз гуфтугӯ бо Вэй Фэнхэ, вазири мудофиаи Чин, изҳор намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6101