logo

Хабарҳо

Мулоқоти Путин бо Лукашенко

 
АИР “Новости”. Дар Сочи мулоқоти президентҳои Россия ва Беларус Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар шакли як ба як баргузор шуд.
“Мо ба мувофиқа расидем, ки дар Сочи як нишасти алоҳида баргузор намоем, зеро вазъият чунин суҳбати ҷиддӣ ва амиқро тақозо мекунад. Ман масъалаҳои амнияти минтақа, амнияти кишварҳои мо ва ҳама чизҳои марбут ба иқтисодро дар назар дорам.  Мехоҳам зикр намоям, ки сарфи назар аз ҳама мушкилот, иқтисоди Россия ба таъсири таҳримҳо тоб оварда, шоиста муқовимат мекунад. Инро ҳама нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ гувоҳӣ медиҳанд", - гуфт Путин.  
«Ҳукуматҳои мо бо дастури президентҳо самтҳои асосии воридотивазкуниро муайян намуданд, ҳатто ҳисоб карданд, ки он чӣ қадар арзиш дорад, маблағ хеле кам аст, ҳоло намехоҳам онро ошкоро ифшо созам”, - гуфт Сарвари давлати Беларус.
 
Илҳом Алиев комиссияи давлатӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатиро таъсис дод
Мир24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев комиссияи давлатӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатӣ бо Арманистонро таъсис дод. Фармони дахлдор дар сомонаи расмии Роҳбари Озарбойҷон нашр шудааст. Муовини Сарвазири кишвар Шоҳин Мустафоев раиси комиссия таъин гардид.
Ба  ҳайати он намояндагони 22 идора дохил шуданд. Ба Ҳукумати Озарбойҷон супориш дода шуд, ки таъсиси котиботи Комиссияи давлатӣ ва гурӯҳи доимии коршиносонро аз ҳисоби мутахассисони сохторҳои дахлдори давлатӣ таъмин намояд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Илҳом Алиев,  Президенти Озарбойҷон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раиси Шурои Аврупо Шарл Мишел дар Брюссел дар бораи оғози кори Комиссия оид ба делимитатсияи марзи Арманистону Озарбойҷон  ба тавофуқ расидаанд. 
 
 
Нишасти сарварони Quad дар Токио  
ТАСС. Дуюмин нишасти рӯбарӯи роҳбарони Муколамаи чаҳорҷонибаи амниятӣ (Чоргона), ки Ҷопон, Амрико, Ҳиндустон ва Австралияро муттаҳид мекунад, рӯзи сешанбе дар Токио оғоз ёфт.  
Интизор меравад, ки мавзуъҳои асосии музокироти дарпешистода амнияти минтақавӣ, тавсеаи ҳамкориҳои чаҳорҷониба ва татбиқи консепсияи минтақаи озоду кушодаи Ҳинду уқёнуси Ором бошад. Иштирокчиёни ҳамоиш метавонанд иқдомоти Чин дар баҳрҳои Чини Шарқӣ ва Чини Ҷанубӣ ва, ҳамчунин, фаъолшавии барномаи мушакии Кореяи Шимолиро баррасӣ намоянд. Илова бар ин, роҳбарони чаҳоргона  масъалаҳои тағйирёбии иқлим  ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард. 
 
 
Эрдоган: "Туркия ба ҷои пуштибонӣ аз НАТО дар мубориза бо терроризм "таҳримҳо, таҳдидҳо ва найрангҳо" гирифт"
Росбалт. Туркия на дар дифоъ ва на дар мубориза бо терроризм аз муттаҳидонаш дар НАТО дастгирии интизорӣ нагирифтааст. Дар ин бора ба АИР “Новости” Президент Реҷеп Тайип Эрдоган хабар дод.
Эрдоган зимни суханронӣ дар маросими кашондани киштии зериобии “Ҳизиррейс” дар корхонаи киштисозии Гёлҷюк гуфт, Анқара интизор дошт, ки муттаҳидонаш ниёзҳои мудофиавиашро қонеъ кунанд ва аз муборизаи 40-солаи худ бо терроризм ҳимоят намоянд, аммо ҳеҷ гоҳ онро нагирифтааст. Ба ҷои ин, роҳбари Туркия гуфт, ки кишвараш "ба таҳримҳо, таҳдидҳо, фишорҳо ва найрангҳои ошкор ва пинҳонӣ дучор шудааст".
Эрдоган таъкид кард, ки мехоҳад аз эътилоф амалисозии иқдомоти мушаххасро бинад, на изҳороти дипломатиро. 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3892
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед