Хабарҳо
ЛИГАИ ОЛӢ
Пас аз 8 давр дастаҳо дар кадом мавқеъ қарор доранд?
«Равшан»-и Кӯлоб дар бозии охири даври 8-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар меҳмонӣ бо «Эсхата» мусовӣ (1:1) кард.
Тибқи иттилои ЛФТ, аввалин шуда мизбонон бо голи задаи Боҳирҷон Сангинбоев (дақ.80) ба пеш баромаданд. Муҳсин Абдуғаффоров дар 5 дақиқа мондан то охири вақти асосӣ ҳисобро баробар намуда, ба тимаш як имтиёз овард.
ШОҲМОТ
Мутриба, Меҳриддин ва Ашур - чемпионҳои Тоҷикистон
Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот ғолибият насиби Меҳриддин Шарифов (Душанбе, миёни мардон), Мутриба Ҳотамӣ (Душанбе, бонувон) ва Ашур Ёрмадов («Хатлон-2», собиқадорон), гардид.
Ба иттилои Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, байни мардҳо мақомҳои дуюму сеюм насиби Алишер Каримов ва Сӯҳроб Ҳамдамов (Душанбе) гашт.
Рухшона Саидова (Суғд) ва Лидия Антонова (Душанбе) медалҳои нуқра ва биринҷиро ба даст оварданд.
Ду зинаи ифтихории дигарро миёни собиқадорон Зурхон Ризвонов («Хатлон-2») ва Олуча Ҷумъаев (ВМКБ) гирифтанд.
ҲЕНДБОЛ
"Душанбе – 1" қаҳрамони кишвар
Тими «Душанбе – 1» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни мардҳо, ки дар як давр гузашт бо 12 хол ғолиб омад.
Бар пояи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ҷойҳои дуюму сеюмро ВМКБ (10) ва «Хатлон – 2» (8 хол) сазовор гаштанд.
Дар чемпионат дастаҳои «Душанбе – 1», «Душанбе – 2», ВМКБ, «Суғд», «Хатлон – 1», «Хатлон – 2» ва ШНТҶ ширкат доштанд.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4132