logo

Хабарҳо

Қарори Рустами Эмомалӣ барои омодагӣ ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Тибқи нақша дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мешавад, баргузории барномаи фарҳангиву фароғатӣ, ташкили намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин, дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳр ва озмуни расмкашӣ дар назар аст. 
Ҳамчунин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба таҷлили ин рӯз пахши маводи таблиғотӣ, рекламаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҳаёти кӯдакону наврасон ва таҳияи барномаҳои телевизионию радиоӣ ва мақолаҳо дар мавзуъҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро ба нақша гирифтааст.
 
 
Омодагӣ ба Конфронси дуюми Душанбе дар қароргоҳи СММ 
 
Дар мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Луи Женмин масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва иштироки Лиу Женмин ба ҳайси ҳамраиси Конфронс, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ шуд.
Инчунин, атрофи аҳамияти баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Конфронси соли 2023 суҳбат доштанд.
Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.
 
 
Мулоқот бо ҳайати Бонки осиёии рушд 
           
Дар вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур бо Кейт Ҳюз, мутахассиси калони Бонки осиёии рушд оид ба тағйирёбии иқлим, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуда, афзалиятҳои асосии ҳамкорӣ ва маҷмуи тадбирҳои миллии андешидашуда оид ба паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим, аз ҷумла саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон зикр гардид. 
Тавре аз Кумита хабар доданд, ҳамчунин, гуфта шуд, ки корҳо дар самтҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла омодагии Тоҷикистон ба Конфронси 27-умин тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Миср баргузор мешавад, идома дорад.
 
 
Густариши ҳамкорӣ бо филиали Интернюс дар соҳаи маориф
 
Муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода зимни мулоқот бо директори филиали Интернюс дар Тоҷикистон Рухшона Нажмидинова гуфт, ки филиали мазкур тули фаъ-олият дар самти омода намудани рӯзноманигорон ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии расонаии аҳолӣ корҳои зиёд анҷом додааст. Аз ҷумла, дастгирии лоиҳаҳои омӯзишӣ, таъсиси Маркази саводнокии расонаӣ дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ифтитоҳи Хонаи саводнокии расонаӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва таҳияи дастури таълимии саводи расонаӣ барои омӯзгорону донишҷӯён мебошад. 
Рухшона Нажмидинова гуфт, ки дар оянда таҳия ва нашри китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорону донишҷӯён аз ҷумлаи корҳоеанд, ки бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорат роҳандозӣ шаванд.
 
 
Душанбе мизбони конфронси минтақавӣ 
 
Бо мақсади омӯзиши амиқи таҷрибаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар арзёбии манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ, ҳамчунин, ҷоннок намудани фаъолияти ин кишварҳо ҷиҳати рушди иқтидори мавҷудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия бо ташаббуси Вазорати энергетика ва захираҳои об дар шаҳри Душанбе 2 – 4 июни соли ҷорӣ конфронси минтақавӣ зери унвони “Дурнамои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия” баргузор мегардад. 
Бар пояи иттилои Вазорат, ҳадафи аслии ҳамоиш мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва самаранокии энергия дар Осиёи Марказӣ мебошад. 
Дар конфронс ширкати намояндагони созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои корӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муассисаҳои илмӣ дар назар аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4491
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед