Хабарҳо
Нишасти матбуотӣ
28 АСАРИ НАВИ САҲНАВӢ ДАР 6 МОҲ
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ театрҳои касбии кишвар 28 асари навро саҳнавӣ намуданд, ки ҳаштои он дар театрҳои пойтахт, боқӣ дар музофотӣ ба саҳна гузошта шуданд. Дар ин бора Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанг, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ ширкат дар фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалиро муаррифии санъати касбии миллӣ ва аз самтҳои асосии фаъолияти театрҳо унвон дода, гуфт, ки ин муддат бо ин мақсад, ҳайати эҷодии Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо намоиши “Фирдавсӣ” ва Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо «Лаъли Бадахшон» дар 40-умин Фестивали байналмилалии театрии “Фаҷр” - и Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат карданд.
Дар Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ, ки дар шаҳрҳои Саранск ва Тамбови Федератсияи Россия доир шуд, санъати театрии кишварро Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский муаррифӣ кард. Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе дар Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак “Перекрёсток”, ки дар шаҳри Новосибирск доир шуд, ҳунарнамоӣ намуд. Бозигарони театри мазкур, ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ, сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Дар Фестивали байналмилалии “Смоленский ковчег”, ки дар шаҳри Смоленск (Россия) доир шуд, Тоҷикистонро ҳунармандони Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии ба номи К. Хуҷандӣ муаррифӣ намуданд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
ИСТЕҲСОЛИ БЕШ АЗ 10 МИЛЛИАРД КВТ/СОАТ НЕРУИ БАРҚ
Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли равон 10 миллиарду 414,9 миллион кВт/соат неруи барқ истеҳсол кард, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 341 миллион кВт/соат бештар мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра ҳаҷми умумии содироти неруи барқ ба 1 миллиарду 058,7 миллион кВт/соат ё 426,2 миллион сомонӣ баробар шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, суръати афзоиш 115,4 дарсадро ташкил медиҳад. Воридоти маблағ барои содироти неруи барқ 366,2 миллион сомониро ташкил дод, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 335,9 миллион сомонӣ ва аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 30,3 миллион сомонӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳои таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» идома дошта, баъди таҷдиди пурра тавоноии умумии ин се неругоҳ дар қиёс ба тавоноии воқеии имрӯзаи онҳо 370 МВт афзоиш меёбад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
ШАРИФҶОН ҶУМЪАЗОДА: “БА ПЕШВОЗИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 28 ҲАЗОР ИНШООТ БУНЁД МЕЁБАД”
- Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли равон, таҳти №311, “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бунёди 28 ҳазор иншооти таъиноти гуногун, аз қабили корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустию маориф, марказҳои савдою хизматрасонӣ, ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин маврид қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 677 банд тасдиқ ёфт, - изҳор дошт Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои раиси Кумита, дар ин панҷсола маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба дигар минтақаҳо зиёд буда, аллакай, як қисми корҳои сохтмони роҳу нақбҳо иҷро гардида истодаанд.
Тавре зимни нишасти матбуотӣ зикр ёфт, дар ҷумҳурӣ 8 ҳазор километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба таъмиру навсозӣ ниёз дошта, ба истиқболи ҷашни бузурги дар пешистода, қисми бештари он навсозӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар панҷ соли минбаъда таъмини пурраи аҳолии деҳот бо нуқтаҳои оби нӯшоӣ ва бунёди муассисаҳои нави тандурустию таълимӣ дар маҳалҳои дурдаст ба нақша гирифта шудааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
161 ШАХСИ МАСЪУЛ 680 600 СОМОНӢ ҶАРИМА ШУД
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2474 корхона ва 10944 иншоот ба қайд гирифта шудаанд. Дар шаш моҳи аввали соли равон аз тарафи ҳашт нозироти давлатии марказӣ ва се нозироти комплексии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда 93 назорати техникӣ, 80 нақшавӣ ва 13 ғайринақшавӣ гузаронда шуд.
Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамот Санъат Раҳим хабар дод ва зимнан иброз дошт, ки дар натиҷаи гузарондани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхонаву ташкилот нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, барои бартараф намудани қоидавайронкуниҳо муҳлати муайян дода шуд. Ҳангоми гузарондани назоратҳои техникӣ Хадамот 688 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кард. Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 93 санад - нишондод пешниҳод гардид.
Дар ин давра барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 161 шахси ҳуқуқӣ, воқеӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 680 600 сомонӣ ҷарима гардид.
- Дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ дар истеҳсолот 17 ҳодисаи нохуш рух дод, ки дар натиҷа, 14 нафар ҳалок ва 25 кас ҷароҳати ҷисмонӣ барошт. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтишоти техникӣ гузаронда шуд, - гуфт Санъат Раҳим.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
ДМТ
ҶОЙИ АВВАЛ ДАР РЕЙТИНГИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ
- Моҳи марти соли ҷорӣ Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ роҳандозӣ намуд, ки дар он Донишгоҳи миллӣ байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷойи аввал гардид, - иброз намуд Қобилҷон Хушвахтзода, ректори Донишгоҳ, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба саволи хабарнигори рӯзнома вобаста ба омода намудани мутахассисони соҳаи рӯзноманигорӣ ректор гуфт, ки бо назардошти талаботи замон, иқдом гирифтаем, ки дар факултаи журналистика гурӯҳҳои англисӣ таъсис диҳем. Инчунин, сохтмони толори нишасти матбуотии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ дар назар аст, ки ангораи он, аллакай, омода буда, дар доираи имкониятҳои молиявӣ сохтмонашро ба роҳ хоҳем монд. Айни замон таъмири студияи таълимии факулта ҷараён дошта, то оғози соли нави хониш анҷом хоҳад ёфт.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5095