Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир 24. Гармии ғайримуқаррарӣ боиси сӯхторҳои шадид дар Туркия, Италия, Испания, Фаронса ва Португалия шуд. Бинобар ин, мардумро ба ҷойи бехавф мекӯчонанд, зеро алангаи оташ шаҳракҳои аҳолинишинро хароб мекунад.
RT. Бино ба иттилои Идораи давлатии омори Чин, маҷмуи маҳсулоти дохилии Чин дар нимсолаи аввали соли 2022-ум 2,5 дарсад афзуд.
«Тибқи маълумоти пешакӣ, ММД-и Чин дар нимсолаи аввали соли 2022 56,264 триллион юан (ҳудуди 8,34 триллион доллари ИМА)-ро ташкил дод.
RT. Роҳбари пешини ИМА Доналд Трамп тасмим гирифтааст, ки дар интихоботи президентии соли 2024 ширкат варзад.
Маҷаллаи «Intelligencer» аз Трамп иқтибос овардааст: «Хуб, ман, аллакай, ин қарорро қабул кардам, аз ин рӯ, ҳеҷ чизи дигар ба он таъсир намерасонад».
РБК. Дар изҳороти мушовири амнияти миллӣ Ҷейк Салливан гуфта мешавад, ки Президенти ИМА Ҷо Байден аз тасмими таърихии Ҳукумати Арабистони Саудӣ дар бораи боз кардани ҳарими ҳавоӣ ба рӯи ҳамаи ҳавопаймоҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла аз Исроил, ситоиш кард.
ТАСС. Президенти Шри-Ланка Готабая Раҷапакса пас аз фуруд омадан ба Сингапур истеъфо дод. Ба гузориши шабакаи телевизионии «NDTV», Раҷапакса тавассути почтаи электронӣ ба раиси парлумон номаи истеъфо фиристодааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3771