Хабарҳо
СММ аз хатари гуруснагии оммавӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод
RT. Директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Дэвид Бизли гуфт, ки, агар буҳрони кунунии ғизо сарфи назар карда шавад, ҷаҳон ба гуруснагии оммавӣ дучор мегардад.
“Мо, аллакай, бо буҳрони бесобиқа мувоҷеҳ ҳастем ва, агар бо он ба таври стратегӣ ва муассир мубориза набарем, моро гуруснагӣ, бесуботии даҳҳо кишварҳо ва муҳоҷирати оммавӣ интизор аст”, - иброз намуд Бизли дар бахше аз муҳокимаи Шуро оид ба корҳои байналмилалӣ.
Қаблан Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар як чорабинӣ бахшида ба амнияти озуқаворӣ гуфта буд, ки аз гуруснагии ҷаҳон танҳо дар сурати бозгашти маҳсулоти ғизоии Украинаву Россия ва, ҳамчунин, нуриҳои минералии Россия ба бозорҳои ҷаҳонӣ метавон ҷилавгирӣ кард.
Путин: “Маҳдуд кардани хариди нафт аз Россия боиси болоравии шадиди нархҳо мешавад”
RT. Президенти Россия Владимир Путин иброз дошт, ки маҳдудиятҳо дар хариди нафти Россия нархҳоро ба осмон мебардорад. Путин ба хабарнигорон дар Эрон гуфт: “Ҳоло мо ҳама гуна ақидаҳои пучро дар бораи маҳдуд кардани ҳаҷм ва нархи нафти Россия мешунавем”.
Ӯ дар ин бора сухани одамони дорои маълумоти олиро тааҷҷубовар номид. «Оқибат ҳамон хоҳад буд - болоравии нархҳо. Нархи нафт ба осмон дакка хоҳад зад”, - афзуд Президент.
Қаблан Ҷанет Йеллен, вазири молияи Амрико, аз эҳтимоли боло рафтани қимати нафт дар сурати ҷорӣ нашудани маҳдудият ба нархи нафти Россия хабар дода буд. Вай, ҳамчунин, гуфт, ки ИМА ва муттаҳидонаш ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, ки чӣ гуна маҳдудиятҳо ба нархи нафти Россия ҷорӣ намоянд, аммо ҳатман таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки ин кишвар бояд қобилияти тавлид ва содироти нафтро нигоҳ дорад.
Президенти Ӯзбекистон дар нишасти чоруми сарварони кишварҳои
Осиёи Марказӣ ширкат меварзад
CentralAsia (UZ). Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Роҳбари Қирғизистон Садир Жапаров барои ширкат дар ҷаласаи навбатии машваратии сарварони давлатҳо рӯзи 21 июл ба шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон сафар мекунад.
Интизор меравад, ки дар кори нишаст таҳти раёсати ҷониби Қирғизистон роҳбарони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Туркманистон низ ширкат меварзанд, -хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Рӯзномаи мулоқоти роҳбарони кишварҳои минтақа масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт ва логистика, ҳамкориҳои саноатӣ, инноватсия, амнияти озуқаворӣ, сайёҳӣ, табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Дар ҷамъбасти саммит қабули як қатор санадҳои муҳими бисёрҷониба дар назар аст.
Путин бо Президенти Эрон ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард
EurAsiaDaily. Президенти Россия Владимир Путин бо Роҳбари Эрон Иброҳим Раисӣ масоили иқтисодиро баррасӣ намуд.
"Дар мулоқот бо Президент Раисӣ мо, пеш аз ҳама, дар бораи масъалаҳои иқтисодӣ суҳбат кардем. Бояд гуфт, ки тайи шаш моҳи ахир гардиши мол миёни Россия ва Эрон 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаи хеле хуб мебошад. Мо барои ҳамкории худ дар соҳаҳои гуногун самтҳои хуби ояндадор дорем. Яке аз онҳо рушди инфрасохтор аст”, - гуфт Роҳбари Россия зимни нишасти матбуотӣ дар Эрон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5282