Хабарҳо
Беларус ният дорад иштирокашро дар лоиҳаҳои СҲШ фаъол созад
EurAsiaDaily. Сафири Беларус дар Чин Юрий Сенко гуфт, ки узвияти кишвараш дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Минск имкон медиҳад, то дар тарҳҳои ин Созмон ширкат варзад.
«Кишвари мо аз соли 2010 ба ин сӯ дар СҲШ нозир аст. Моҳи сентябр ташаббуси узвияти Беларус ба СҲШ дар Ӯзбекистон ба тасвиб мерасад ва ин оғози ҳама расмиёти шомил шудан ба СҲШ хоҳад буд. Ин имконияти хубест барои иштирок дар лоиҳаҳои зиёде, ки имрӯз дар Созмони мазкур амалӣ мешаванд”, - гуфт сафир дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «ONT».
Ба гуфтаи Сенко, музокироти Президенти Беларус Александр Лукашенко ва ҳамтои чинии ӯ бояд дар ояндаи наздик сурат бигирад.
Суҳбати телефонии Путин бо Мирзиёев
Лента. ру. Бино ба иттилои сомонаи Кремл, Президенти Россия Владимир Путин ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев занг зада, ӯро бо зодрӯзаш табрик намудааст.
Президентҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Зимни суҳбат Путин ва Мирзиёев ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла омодагиҳо ба ҷаласаи Шурои сарварони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон дар назар аст, дахл карданд.
Қаблан Путин Роҳбари Ӯзбекистонро барои хизматҳои бузургаш дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории Россия ва Ӯзбекистон бо ордени Александр Невский сарфароз намуда буд.
Мулоқоти Лавров бо Дабири кулли Лигаи кишварҳои Араб
RT. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Россия, дар чаҳорчӯбаи сафараш ба Қоҳира бо Дабири кулли Лигаи кишварҳои Араб Аҳмад Абулғайт мулоқот кард.
Ҳамзамон, зикр мегардад, ки зимни суҳбат ба сатҳи ҳамкориҳои Россия ва Лигаи кишварҳои Араб ба манфиати ҳалли вазъи буҳронӣ дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, таҳкими амният ва субот дар минтақа баҳои баланд дода шуд.
«Ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Россия ва кишварҳои арабӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид», - афзуд Вазорати корҳои хориҷӣ.
Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ намуданд
CentralAsia (KZ). Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар ҷараёни сафари худ ба Ҷидда бо Муҳаммад бин Салмон оли Сауд, валиаҳди Арабистони Саудӣ, масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Роҳбари Қазоқистон хабар додааст.
«Қазоқистон омода аст барои сармоягузорони саудӣ дар соҳаҳои мухталифи ояндадори мавриди таваҷҷуҳи мутақобила шароитҳои вижа ва доираи васеи имтиёзҳо пешниҳод намояд», - гуфта мешавад дар гузориш.
Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ нияти худро барои ба таври назаррас афзоиш додани гардиши мол байни кишварҳо тасдиқ намуда, дар ояндаи наздик ҳукуматҳои кишварҳо корҳоро дар ин самт пурзӯр хоҳанд кард.
Шоҳзодаи валиаҳд аз таваҷҷуҳи ширкатҳои саудӣ ба сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзии Қазоқистон хабар дод.
Токаев Муҳаммад бин Салмонро барои боздиди ҷавобии давлатӣ ба Қазоқистон даъват кард. Шоҳзодаи валиаҳд ин даъватро пазируфт ва омодагии худро барои боздид аз кишвар ҷиҳати баррасии натоиҷи иҷрои қарордодҳо изҳор намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4686