logo

фарҳанг

ФАРҲАНГ ВА АҲАМИЯТИ ҲИФЗИ МЕРОСИ ХАТТӢ

Боиси ифтихор аст, ки дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди илму маориф, нашри илмии осори гузаштагони нексиришт ва дастраси умум намудани донишҳои маънавӣ ҷойгоҳи вижа доранд. 
Пешвои муаззами миллат дар мулоқоташон бо зиёиёни кишвар ва маросими ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ аз зарурияти феҳристнигорӣ ва ҷамъоварии осори хаттӣ чунин таъкид намуда буданд: “Бо таваҷҷуҳ ба аҳамият ва зарурати ин масъала ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» супориш дода мешавад, ки бо ҷалби олимону мутахассисон барои ҷамъоварӣ, феҳристнигорӣ, рақамигардонӣ ва харидории нусхаҳои нодири хаттӣ аз аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешанд ва онҳоро ба истифодаи умум пешниҳод намоянд”. 
Воқеан, ингуна ғамхориҳо боиси тақвияти соҳа ва аз нестӣ эмин мондани осори хаттӣ гардид. Бешак. натиҷаи чунин иқдомҳо ва ғамхориҳо истодагарӣ ва пойдории манофеи миллиро дар муқобили таърихсозиҳои сохтаву бофтаи халқҳои навпайдо пурзӯр менамояд. 
Манзур аз ҷамъоварии осори хаттӣ дар осорхонаҳо ва китобхонаҳо, пеш аз ҳама, ин аз нестшавӣ нигоҳ доштани ин ганҷинаи бузурги миллат мебошад, ки аз тариқи тавсиф ва таҳияи феҳристи дастхатҳо воситаи махсуси таҳқиқ, интишору ҳифзи осори хаттии ниёгон фароҳам меояд. Муҳим он аст, ки тамоми нусхаҳои дар китобхонаву осорхонаҳо ва марказҳои таҳқиқотии  Осиёи Миёна, Россия ва дигар мамолики ҷаҳон маҳфузбуда, ба забони тоҷикӣ тасниф шудаанд. Ин далели он аст, ки забони тоҷикӣ тули чандин асрҳо ҳамчун забони илм ва эҷод дар миёни халқу миллатҳои Осиёи Миёна ҷойгоҳи махсус доштааст.
Айни замон дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 100 осорхона фаъолият менамояд, ки дар ҳар яки он таърихи бузурги миллати тоҷик муаррифӣ мегардад. 
Ҷамъоварии осори хаттӣ дар тамоми осорхонаҳои мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ авҷ гирифта, айни замон танҳо дар осорхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо беш аз 1800 адад китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ нигаҳдорӣ мешаванд. 
Танҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки худ зодаи замони истиқлол мебошад, ҳудуди 700 адад нусха маҳфуз аст (Бойгонии ҷории Осорхонаи миллии Тоҷикистон солҳои 1952-2022).
Роҳбарияти Осорхонаи миллӣ аз рӯзи аввали фаъолияташ танҳо ба ҷамъоварӣ ва муаррифии осори хаттии ниёгон маҳдуд нашуда, дар таркиби шуъбаи тармим ва консерватсияи Муассиса бахши ҷудогонаи тармими коғазро роҳандозӣ намуд. Ин бахш айни замон бо саъю талоши кормандони шуъба, аз ҷумла Боқизода Саидаъзам фаъолият менамоянд. 
Корҳои тармимии бахши мазкур дар чанд самт роҳандозӣ мешаванд:  поккорӣ, муолиҷаи вирусҳои табиӣ, барқарорсозии матн, рангмолӣ, муқовасозӣ ва саҳҳофию дафтарбандӣ. 
Ҳамзамон, дар ин Муассиса шуъбаи мероси хаттӣ ва тарҷума фаъолият менамояд, ки дар арафаи ифтитоҳи бинои нави осорхона доир ба таъсиси чунин шуъба, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти осорхона дастурҳои мушаххас дода буданд.
Кормандони ин бахш бо истифода аз малакаву дониши тахассусии худ то инҷониб тавонистанд беш аз 30 мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва оммавӣ-маърифатӣ, ҳамзамон, феҳристи осори хаттиро таҳия намуда, ба чоп расонанд. 
Бо таъсиси шуъбаи мероси хаттӣ дар Осорхонаи миллӣ беҳтарин мутахассисон гирди ҳам омаданд ва дар ташхису омӯзиши нусхаҳо равандҳои гуногуни пажӯҳиширо ба вуҷуд оварданд. Яке аз натиҷаи пурсамари кормандони шуъбаи мазкур он аст, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд толори махсусеро дар экспозитсияи осорхона бо номи “Мероси хаттӣ” таъсис диҳанд. 
Айни замон толори мазкур дар ошёнаи дуюми Муассиса ҷой дошта, аз 12 бахши асосӣ иборат аст. Дар ин толор, асосан, китобҳои дастнавис, чопи сангӣ ва намунаҳои хушнависӣ, ҳамзамон, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба маъраз гузошта шудаанд. 
Бешак, ин ҳама муваффақиятҳои мутахассисони соҳаи дастхатшиносӣ дар кишвар аз натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳанд ва, албатта, ин дар ниҳоди ҳар як мутахассиси ҷавон ҳисси масъулиятшиносиро бештар менамояд. Лозим ба ёдоварист, ки дар тули 31 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Пешвои миллат иқдомҳои наҷиб ва беназир дар соҳаи фарҳанг гирифта шудаанд. 
 
Муҳаммадҷон МӮСОЕВ, 
сармутахассиси шуъбаи мероси хаттӣ ва
тарҷумаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2022    №: 182    Мутолиа карданд: 1320
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед