Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
CentralAsia (TJ). 17 октябр дар Тоҷикистон дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон» марҳилаи фаъоли тамриноти муштараки Неруҳои зудамали дастаҷамъонаи минтақаи Осиёи Марказӣ «Сарҳад-2022» оғоз шуд.
Gazeta.ru. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ки барои дастгирии сокинон ва ширкатҳо дар робита ба болоравии нархҳо бар асари буҳрони энергетикӣ 40 миллиард евро истифода намояд. Дар ин бора хабаргузории «Bloomberg» бо истинод ба лоиҳаи маҷмуи чораҳои таҳиякардаи Комиссияи Аврупо хабар медиҳад.
RT. Ҳавопаймои низомии Су-34 ба бинои истиқоматӣ дар шаҳри Ейск суқут кард. Ёвари вазири тандурустии Россия Алексей Кузнетсов гуфт, ки бар асоси охирин маълумот, шумораи қурбониёни ин ҳодиса 13 нафарро ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, ки 19 нафар захмӣ шуда, чаҳор кас ба бемористони вилояти Краснодар интиқол ёфта, боқимонда дар бемористони шаҳри Ейск бистарӣ ҳастанд.
INTERFAX.RU. Бино ба иттилои муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Ярошевич, ҳиссаи молҳои Беларус дар бозори Россия ба 8 дарсад расида, дар як сол 2,5 дарсад афзудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5859