Хабарҳо
ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. 6 МАЙ - РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ТАҶЛИЛ МЕШАВАД
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” - ро ба тасвиб расонданд, ки тибқи он, 6 май - Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ муайян шуд.
Аҳтам Абдуллозода, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, зимни баррасии лоиҳа дар парлумон зикр кард, ки иловаи мазкур ба Қонун дар иртибот ба талаботи банди 39 Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026 таҳия гардидааст.
- Тибқи лоиҳа, ҳамасола санаи 6 май, яъне рӯзи таъсисёбии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ таҷлил мегардад. Ин иқдом имкон фароҳам меорад, то ҳазорон нафар кормандони касбу кори гуногун, ки бевосита ба маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳа баррасӣ ва ҳаллу фасл гарданд, - иброз дошт А. Абдуллозода.
М. МИРЗОЁН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 26528