қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ
ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2009 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, № 7, мод. 551; с. 2011, № 3, мод. 159, № 7-8, мод. 609; с. 2012, № 4, мод. 259, № 7, мод. 714, № 8, мод. 815, № 12, қ. 1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, № 7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, № 3, мод. 142, № 11, мод. 643; с. 2015, № 11, мод. 950; с. 2016, № 3, мод. 128, № 5, мод. 357, № 7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, № 1-2, мод. 4; с. 2018, № 5, мод. 267; с. 2019, № 1, мод. 3; с. 2020, № 7-9, мод. 602, мод. 608; с. 2021, № 1-2, мод. 5, № 4, мод. 197, № 12, қ. 2, мод. 684, мод. 685; с. 2022, № 1-3, мод. 4, № 7, мод. 442), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми 11 моддаи 161 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«11. Оид ба парвандаҳои вобаста бо ҷиноятҳое, ки моддаҳои 200, 201, 202, 2021, 2022, 203, 204, 205, 206, 2061 ва 289 (нисбати қочоқи воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ё ҳаммонанди (аналоги) онҳо ва ё прекурсорҳои онҳо, моддаҳои сахттаъсир ва заҳрнок) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, тафтиши пешакӣ, инчунин, аз ҷониби муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.».
2. Дар моддаи 401:
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои дар қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда дар муҳлати як моҳ аз рӯзи ворид шудани онҳо баррасӣ карда мешаванд.»;
- қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 5, 6, 7 ва 8 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 24 декабри соли 2022, № 1927
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ВАТАНЗОДА
ш. Душанбе, 12 октябри соли 2022, № 875
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 16 декабри соли 2022, № 324
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.01.2023 №: 10-11 Мутолиа карданд: 923