logo

ҳуқуқ

ҲИСОР. ИСРОФКОРИЮ ХУДНАМОӢ ДАР МАЪРАКАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ

 
Соли 2022 комиссияи доимии амалӣ оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати риоя ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои заруриро рӯи кор гирифтааст. Ҳадафи асосии кори комиссия, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон дар бобати даст назадан ба ҳар гуна исрофкорӣ, худнамоию зиёдаравӣ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо ва ба ин васила, паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. 
Юсуфалӣ Ҳасан, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, зимни мусоҳиба тазаккур дод: «Бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар ҳамбастагӣ бо намояндагони бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, шурои уламо ва дигар масъулони марбута, дар байни сокинони шаҳр, бавижа ҷамоатҳои деҳот, ҳамвора вохӯрию мулоқот мегузаронем. Дар ҳамаи вохӯриҳо моддаю бандҳои қонуни мазкурро тавзеҳ медиҳем. 
Соли рафта дар ҳудуди шаҳр аз тарафи сокинон 4 163 тӯю маърака: 3761 тӯйи домодию арӯсӣ, 229 маросими чил, 173 маросими сол ба қайд гирифта шуд. Маблағи умумии дар маросиму маъракаҳои сокинон масрафгардида, 18 миллиону 613 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад. Дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ 1175 рейди назоратӣ доир намудем. Дар рафти санҷиш 13 ҳолати қонуншиканиӣ ошкор гардид, ки дар қиёс ба соли 2021 се ҳолат кам мебошад. Бар зидди қонунвайронкунон парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба суди шаҳри Ҳисор ирсол намудем. Онҳо ба маблағи 42 ҳазору 304 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд». 
Ба гуфтаи Юсуфалӣ Ҳасан, соли гузашта дар байни мансабдорон қонуншиканӣ вобаста ба танзими анъана ошкор нагардидааст. Сокинон низ, моҳият ва мақсади қонунро дар сатҳи олӣ дарк карда, поймолшавии он сол ба сол коҳиш меёбад. Сарфаю сариштакорӣ василаи хуби беҳсозии шароити зисту зиндагӣ барои мардум мебошад.  
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 380
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед