сиёсат
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Садаву Наврӯз, Тиргону Меҳргон бозтоби пайванди инсону табиат, оинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ, инчунин ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд.
Эмомалӣ РАҲМОН Санаи нашр: 27.01.2023 №:24 пурра >>> |
иқтисод
Сабаби дар бозорҳои кишвар давоми чанд рӯзи охир то 7 сомонӣ боло рафтани нархи пиёзро мутахассисони соҳа ба ҳолати фавқулодаи якбора сард омадани боду ҳаво рабт медиҳанд, ки дар натиҷа зироат талаф ёфт. Санаи нашр: 31.01.2023 №:26 пурра >>> |
Акнун, ки пойтахти кишварамон бо автобусу троллейбусҳои замонавӣ таъмин гаштааст, навбат ба истифодаи оммавии нақлиёти барқӣ – электромобилҳо низ фаро расид. Фарогирии ин воситаи нақлиёт барои кишвари дорои захираҳои бузурги энергетикидоштаи мо хеле муҳим ва саривақтӣ буда, аз чанд ҷониб аҳамияти калон дорад. Пеш аз ҳама, дар сурати истифодаи васеи нақлиёти барқӣ – электромобилҳо талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти нафтӣ коҳиш ёфта, ба ин восита ҳифзи муҳити зист ва вазъи экологии кишвар беҳтар мегардад. Дар ин бора Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ махсус таъкид дошта, ҷиҳати дар кишвар ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт дастуру супоришҳо доданд. Санаи нашр: 31.01.2023 №:26 пурра >>> |
иҷтимоиёт энергетика
> ЧӢ БОЯД КАРД? БОЗГАШТИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА МАВЗУИ ТАЛАФОТИ НЕРУИ БАРҚ ҳуқуқ
Директори Корхонаи давлатии фаръии обу корези шаҳри Истаравшан Алӣ Алиев ҳангоми гирифтани 50000 сомонӣ аз як шаҳрванд дар дафтари кориаш ба даст афтодааст. Санаи нашр: 23.01.2023 №:21 пурра >>> |
илм
Солҳост дар мамлакат олимон ба таҳқиқу омӯзиши гиёҳҳои шифобахш таваҷҷуҳи хосса зоҳир месозанд, аммо ҳанӯз ҳам дар ин самт пешравии назаррас қариб ба чашм намехӯрад. Таври маъмул мутахассисони мо рустаниҳои дармонбахшро дар шакли чой пешниҳод менамоянд, ҳол он ки дар давлатҳои мутараққӣ аз онҳо ҳаб ва малҳамҳо истеҳсол мекунанд, дар табобати бемориҳо садҳо маротиба таъсири бештар доранд. Ба ин хотир, Бобизода Ғуломқодир, раиси Кумитаи фармакологияи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, профессори кафедраи кимиёи органикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо шогирдонаш дар натиҷаи таҳқиқ ва омӯзиш, омехтасозии (композитсия) рустаниҳои шифобахшро бо доруҳои мавҷуда пешниҳод месозанд, ки дар фармакологияи кишвар тарзи нав аст. Усули мазкур чӣ гуна аст ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани он ба соҳаи тиб чӣ манфиат меорад? Ба хотири дарёфти посух ба ин ва суолҳои дигари марбут ба мавзуъ, хабарнигори мо бо Ғуломқодир Бобизода суҳбате орост, ки фишурдаи он манзур мегардад. Санаи нашр: 27.10.2022 №:206 пурра >>> |
маориф фарҳанг
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст. Санаи нашр: 27.01.2023 №:24 пурра >>> |
Модарро бузургтарин сарват, неъмат, давлат… мегӯему лек дар вақташ на ҳама ба қадраш мерасем. Вақте аз сар мегузарад, дар назар ними дунё холӣ менамояд. Ҳарчанд хешу наздикон, дӯстону ҳамкорон дар паҳлуянд, боз ҳам эҳсос мешавад, ки шахси азизтаре намерасад… Санаи нашр: 13.01.2023 №:16 пурра >>> |
туризм номаҳо
Шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз сарварии Рустами Эмомалӣ зеботару ободтар гардид. Кас бунёди биноҳои бошукӯҳу замонавӣ, растаҳову гӯшаҳои пургулро дида, ифтихор мекунад. Махсусан, дар мавсими гули лола, яъне айёми баҳор, он бамаротиб ҳусн бар ҳусн зам мекунад. Шунидам ва ҳам дидам, ки мардум аз гӯшаву канори кишвар махсус ба тамошои он меоянд. Дар ин маврид бо худ фарзандони хурдсолашонро ҳам меоранд, то завқи зебоишиносияшонро баланд бардоранд. Инчунин, муҳаббаташонро ба пойтахт, сарзамини аҷдодӣ биафзоянд.
Албатта, фикр мекунам ва хато ҳам намекунам, ки сайёҳон ин шаҳри ҷавону зебову сарсабзу афсонавиро тавсиф кардаанд ва овозаашро бар дигар диёрҳо бурдаанд. Душанбе аз Душанбеи чанд сол пештар тафовути зиёд дорад. Мо - насли замони истиқлол вазифадорем, ки дар ободии пойтахтамон, то имкон дорем, саҳм бигирем ва дар тавсифу тарғибаш истеъдоду неруи худро сарф бикунем. Санаи нашр: 21.12.2022 №:245 пурра >>> |
озмунҳо |
|