logo

сафарҳо

Эмомалӣ Раҳмон: «Аврупо дар симои Осиёи Марказӣ шарики пурқудрат дошта бошад»

10 феврал сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Белгия бо маросими истиқболи бошукӯҳ аз ҷониби Сарвазири он Ҳерман ван Ромпей дар саҳни қасри таърихии Егмонт оғоз ёфт.
Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ҳерман ван Ромпей Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо саф кашидани Горди ифтихорӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар дар иҷрои оркестри низомии  шоҳаншоҳӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гашт.
Дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Белгия Ҳерман ван Ромпей  оид ба имкону захираҳои фаровони таҳким ва густариши ҳамкориҳои  ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бахшҳои коркарди алюминий, пахта, меваҷот ва масолеҳи полезӣ, истихроҷи маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон ва рушди туризм аз самтҳои судманди ҳамкории ояндаи ду кишвар маънидод гардид.
Ба таври мунтазам доир намудани анҷуманҳои соҳибкорон ва тавсеаи робитаҳои судманди онҳо матлуб дониста шуд.
Ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни муассисаҳои илмии Тоҷикистону Белгия оид ба тадқиқоти гуногунсоҳа низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.
Баъди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Белгия  Ҳерман ван Ромпей чанд санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия – Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Белгия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андозҳо аз даромад ва сармоя;
Протокол  миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба ҳамкорӣ.
Аз ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои марказии Шӯрои Аврупо омада, бо Дабири кулли ин созмон, Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати дастаҷамъии хориҷӣ ва амниятӣ Хавиер Солана вохӯрӣ намуд.
Аз сатҳи муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар самтҳои гуногун ва аз ҳадафҳои  Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Рушди соҳаи гидроэнергетика, бунёди бозори минтақавии нерӯи барқ, тавсеаи инфрасохтори нақлиёту коммуникатсия ва болобарии қобилияти транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии ҳамкорӣ ва кӯмаки Иттиҳоди Аврупо номида шуд.          
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон,  бунёди ҷойҳои корӣ барои аҳолии он, аз кишти зироатҳои нашъадор боздоштани деҳқононаш ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа бояд аз ҳадафҳои асосии ҳамкории тамоми кишварҳо ва созмонҳои мададрасон бошад.
Вусъати кӯмак ба нерӯҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон баҳри таҳкими ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ аз самтҳои афзали ҳамкорӣ маънидод гардид.
Сипас дар бинои Берлиамони шаҳри Брюссел Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки соли гузашта гардиши мутақобилаи мол зиёда аз 880 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Ба гуфти ӯ ҳиссаи зиёди содироти Тоҷикистон маҳз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо рост меояд.
Рушди соҳаҳои энергетика, аз ҷумла гидроэнергетика ва нақлиёту коммуникатсия аз афзалиятҳои асосии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо Иттиҳоди Аврупо маънидод гардид.
Баъди анҷоми мулоқот Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва  Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Мануел Бароззо нишасти матбуотӣ ороста, зимни он дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро умедбахш маънидод карданд.
Жозе Мануел Бароззо нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва ҳамгироиро бо он муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки Иттиҳоди Аврупо барои паст кардани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ ба Тоҷикистон 34 миллион евро ва дар маҷмӯъ беш аз 100 миллион евро ҷудо мекунад.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои мулоқот ва дурнамои ҳамгироиҳо бо Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда, иттилоъ дод, ки майи соли равон дар шаҳри Душанбе мулоқоти «сегона»-и Иттиҳод ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии масоили рушди ҳамкории минтақавӣ баргузор хоҳад гашт.
Хотиррасон мекунем, ки манзур аз мафҳуми «сегона» се кишвари Аврупо аст, яъне раиси гузашта, ҳозира  ва ояндаи Иттиҳод. Раёсат дар  Иттиҳоди Аврупо ҳар ним сол аз як давлат ба давлати дигар узви он мегузарад.
Масоили ҳамгироии гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Порлумони Аврупо Жосек Волский баррасӣ шуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди намояндагони Порлумони Аврупо ва ҳайати махсуси кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи онҳоро ба масоили ҳалталаби Осиёи Марказӣ бо фарогирии  Афғонистон, ки дар роҳи рушду нумӯи минтақа монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, ҷалб намуд.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «Аврупо бояд дар симои Осиёи Марказӣ шарики пурқудрат ва боэътимоди худро дошта бошад». «Агар ба хатару таҳдидҳои глобалие, ки минтақаи мо бо онҳо рӯ ба рӯ аст, дар марзҳои Афғонистон садди ҷиддӣ  нагузорем, пас бо онҳо дар худи Аврупо мебояд мубориза бурд, ки он маблағу захираҳои даҳчандро талаб менамояд», - таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дастгирии иқтисодӣ ва техникию технологии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз  бӯҳрони молиявӣ зиёни калон мебинад, амри зарурию саривақтӣ маънидод гардид.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба саволҳои сершумори намояндагони Порлумони Аврупо оид ба фазои ҳуқуқию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, доир ба авзои кунунии Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, нафъи таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои ҳалли қазияҳои Афғонистону Фаластин ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб посухҳои мушаххас дод.
Матни пурраи ин сӯҳбат тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн мегардад.
Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки сармоягузории Аврупо Филипп Мейштадро ба ҳузур пазируфт.
Таъкид гардид, ки минбаъд Бонки сармоягузории Аврупо бо раҳнамоии Иттиҳоди Аврупо дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми намоён хоҳад гузошт.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Филипп Мейштад аз рӯйи натиҷаҳои ин мулоқот як  созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо имзо намуданд, ки ҳадаф аз он маблағгузории лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аст.
Ба гуфти Филипп Мейштад Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо  Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4884
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед