logo

илм

М. Раҳимова: «ОЯНДАИ КИМИЁИ ТОҶИК ДУРАХШОН АСТ»

Тавре иттилоъ дода будем, дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор», ки дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Куриё баргузор гардид, миёни 400 бонуи навофари 26 давлати ҷаҳон, ихтироъҳои бонуи тоҷик Мубаширахон Раҳимова, доктори илмҳои кимиё, бо 4 медал - 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ қадр шуданд. Роҷеъ ба ин хабарнигорамон бо Мубаширахон Раҳимова суҳбат орост.


- Муаллимаи азиз, сол-ҳои зиёд аст, ки Шумо ва ҳамкоронатон ба таҳқиқ ва ҳосил намудани пайвастҳои координатсионии микроэле-ментҳо машғулед ва дар ин  ҷода ба бозёфтҳои зиёд ноил шудаед. Бигӯед, ки дар ҳамоише, ки дар Ҷумҳурии Куриё баргузор гардид, кадом ихтироъҳоятонро муаррифӣ намудед ва чӣ гуна тавонистед миёни олимони 26 кишвари ҷаҳон пирӯзӣ ба даст оред?
 - Дарвоқеъ, аз соли 1975 то имрӯз  ҳамкорони мо барои ҳосил намудани пайвастҳои координат-сионии микроэлементҳои руҳ, оҳан,  клобелт, мис,  мангат, никел, ки барои зиндагии инсон, рустаниву ҳайвонот зарур аст, таҳқиқот мебаранд. Мо ин гуна пайвастҳоро натанҳо ҳосил мекунем, балки баъди ҳосил намудан, хусусияти химиявӣ, физикӣ, биологиву физиологии онҳоро бо мутахассисон омӯхта, самти истифодабариашонро муайян менамоем. Албатта, ҳосил намудан ва таҳқиқ кардан хеле душвор аст, зеро ба  ҳама асбобҳое, ки барои ин зарур мебошад, дастрасӣ надорем ва баъзан барои анҷоми ин кор ба дигар пажӯҳишгоҳҳои илмӣ – таҳқиқотӣ  ҳатто берун аз кишвар муроҷиат мекунем. Аммо бо вуҷуди ин ҳамроҳи шогирдону ҳамкасбон  дар ин ҷода ба бозёфтҳои зиёде ноил гардидаем, ки онҳоро метавон дар тибу кишоварзӣ, васеъ истифода намуд. Зеро дар таркибашон микроэлемент- метал ва анион аст, ки барои организми зинда - инсон, рустаниву ҳайвонот зарур мебошад.
Дар ҳамоиши байналмилалии «Бонувони ихтироъкор» солҳои 2012 - 2013 низ ширкат доштам. Ин муддат дар ҳамоиш тарзи ҳосил намудани намакҳои табобатӣ барои ваннаҳо бо иловаи шираи гиёҳҳои маҳаллӣ, ба мисли парчадона, пудинаи боғӣ, райҳон  ва гули садбарг,  ҳосил намудани пайвастҳои координатсионии нуқра барои рӯпӯш намудани маводи ороишӣ, кам кардани мигратсияи радионуклитҳо аз хока ба рустаниҳо, зиёд кардани хосияти обнигоҳдоштани гидрогенҳо дар асоси пайвастҳои координатсионӣ, рӯпӯш кардани чигити пахта бо полимерро муаррифӣ намуда, соҳиби се медали нуқра ва ду биринҷӣ гаштам.
Имсол дар ҳамоиш се ихтироотро муаррифӣ намудам. Яке аз он аз партовҳои Заводи нуриҳои азотии Вахш (ҳоло «Тоҷиказот») ҳосил намудани микронурӣ буд. Ин партовҳо, ки чандин ҳазор тоннаро ташкил менамуданд, ба муҳити экологӣ хатар эҷод мекарданд. Баъди мавриди омӯзиш қарор додани  партовҳо маълум шуд, ки дар таркиби онҳо оҳан, мис, руҳ, яъне мавод барои ҳосили пайвастҳои координатсионӣ мавҷуд аст ва ин металлҳоро ҷудо карда, пайвастҳоро ҳосил намудем.
Ихтирои дигаре, ки муаррифӣ шуд, ин тарзи ҳосил намудани шираи райҳон буд. Маводи ҳосилшударо дар тиб барои бемории қалб, буғуми дасту пой ва бемориҳои пӯст истифода бурдан мумкин аст.
Бозёфти сеюми мо ин маҳлули пайвастаҳои оҳан бо аннионҳои тезоби узвӣ, ба мисли тезоби сирко ва лимӯ буд, ки барои пеш аз кишт тар намудани чигити пахта истифода мешавад. Дар натиҷа кишти чигит осон мешавад, решаи пахта пурқувват мегардад ва ҳам ин амал пахтаро аз бемориҳои гуногун эмин нигоҳ медорад. Аз натиҷаи таҳқиқоти дар хоҷагиҳои гуногун гузарондаамон маълум шуд, ки бо истифода аз ин пайвастҳо метавон аз як гектар 3,5 то 5 сентнер зиёд ҳосили пахта ба даст овард. Яъне ду ихтирои мо дар соҳаи кишоварзӣ натиҷаи хубе медиҳад ва гумон мекунам, маҳз ҳамин таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоиш ва аъзои ҳакамонро ҷалб намуд. 
Дар ҳамоиши имсола ҳамчунин кашфиётамонро тавассути маводи гуногун ва маълумотҳои ҷолибу расмҳо тарғиб намудам.        
Барои муаррифӣ намудани ихтироот бо забони англисӣ ё забони куриёӣ суҳбат намудан лозим аст. Аз сабаби он, ки забони англисиро хуб намедонам, ду соли аввал барои дуруст муаррифӣ намудани ихтироотам мушкилӣ мекашидам. Аз ин рӯ, баъзан матнро азёд карда, баъдан ихтироотамро муаррифӣ менамудам. Аммо имсол набераам Назокатҷонро, ки забони куриёӣ ва ҳам англисиро хуб медонад, бо худ бурдам. Ӯ  дар муаррифии бозёфтҳо ба ман кумак  расонд. Дастовардҳои моро ба ҳайати ҳакамон хуб тарҷумаву муаррифӣ намуд.
Дар ҳамоиш як гурӯҳ ихтироъкорони Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ширкат доштанд. Ман ихтироотамро ба онҳо низ тавонистам хуб муаррифӣ намоям, зеро мо - мардуми ин ду кишвар ҳамзабонем ва забони ҳамдигарро ба осонӣ фаҳмида метавонем. Онҳо Ҷоизаи аввалини хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эрон «Беҳтарин зани ихтироъкор» - ро ба ман доданд. Албатта, барои ба ин дастовард ноил шудан шогирдону ҳамкасбонам кумаки зиёд намудаанд. Аз ин рӯ, ин бозёфти ҳамаи мост.
 

- Барои иштирок дар ҳамоиш худ ташаббус зоҳир намудед?
- Ассотсиатсияи бонувони ихтироъкори Куриё 7 сол инҷониб ин ҳамоиши байналмилалиро баргузор менамояд, аммо ин бори сеюм аст, ки бонувони тоҷик дар ин ҳамоиш ширкат меварзанд. Чун мо бо ҳаммуаллифӣ бо устодону шогирдон ихтирооти зиёд доштем, солҳои   2012 - 2013   Маркази миллии патенту иттилоот аз ман хоҳиш намуд, ки дар ин ҳамоиш ширкат намоям ва донишгоҳ маро барои ширкат дар ин ҳамоиш дастгирӣ намуд. Ду соли аввал тамоми хароҷоти сафарро донишгоҳ ба зимма гирифт. Аммо имсол барои ширкат дар ҳамоиш аз Ҷумҳурии Куриё ба номам мактуб омад ва сарфи маблағ барои сафар ва истиқоматро пурра Ҷумҳурии Куриё ба уҳдаи худ гирифт. Хушбахтона, таи ин солҳо тавонистам  9 ихтирооти худро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоям.
 

- Дарвоқеъ, олимони то-ҷик ихтирооти зиёде доранд, аммо дар истеҳсолот ҷорӣ шудани он ҳамоно мушкили ҳалношуда аст.
- Бале. Дар амал татбиқ намудани бозёфтҳои илмӣ кори хеле душвор аст. Барои ин натанҳо заҳмати шабонарӯзӣ, балки маблағи зиёд низ зарур мебошад. Ҳамроҳи устодону шогирдон, ки наздики 40 сол ба таҳқиқ ва ҳосил намудани пайвастҳои координатсионӣ машғулем, бозёфти зиёди илмӣ намудаем. Агар ихтирооти солҳои пешин бештар ба соҳаи парандапарварӣ ва кишоварзӣ алоқаманд бошанд, солҳои охир натиҷаҳои илмие ба даст овардем, ки ба соҳаи тиб ва фармакология алоқамандӣ доранд. Агар ин дастовардҳои илмӣ дар амал татбиқ шаванд, натанҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ, балки ба беҳдошти саломатии мардуми кишвар низ мусоидат менамоянд. Албатта, барои дар амал татбиқ гаштани дастовардҳоямон худ низ талош намудам. Масалан, бо дастгирии дӯстону фарзандон корхонаи  хурди «Бозёфт» таъсис додам,  ки дар ин ҷо намакҳои табобатӣ барои ваннаҳоро истеҳсол менамоем. Ҳоло аслан мувофиқи дархости осоишгоҳи «Баҳористон» моҳе то 300 кг намак истеҳсол мешавад. Дархост барои истеҳсоли чунин намакҳо зиёд аст, аммо айни замон имкони васеъ истеҳсол намудани онро надорем. Гумон мекунам, барои ҳалли ин мушкил бояд аз ҷониби Ҳукумати кишвар сохтори вижае  таъсис  дода шавад, ки  татбиқи дастовардҳои илмиро ба зиммаи худ бигирад.
 

- Ояндаи кимиёи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ман ба кишварҳои бисёр сафари хидматӣ намудаам ва аз корҳои олимони дигар кишварҳо, ҳамчунин аз ҳама корҳои илмие, ки дар соҳаи кимиёи тоҷик анҷом меёбанд, хуб огоҳӣ дорам. Аз ин рӯ, ҳамеша мегӯям, ки олимони тоҷик аз олимони кишварҳои дигар кам нестанд. Донишу қобилияти зиёд доранд, аммо имкониятҳояшон камтар аст. Мо аслан имконияти хуби техникӣ, яъне асбобҳои  ҷавобгӯи  талаботи рӯз, барномаҳои нави компютерӣ надорем. Олимони мо агар имконияти олимони давлатҳои дигарро медоштанд, дар тамоми ҷаҳон бештару хубтар машҳур мешуданд. Бо вуҷуди ин олимони тоҷик  натиҷаҳои илмие ба даст овардаанд, ки ҷаҳон онҳоро пазируфтааст. Мутаассифона, на ҳамаи онҳо дар истеҳсолот ҷорӣ шудаанд. 
5 - 10 сол қабл дониши кимиёвии довталабоне, ки ба донишгоҳ барои идомаи таҳсил меомаданд, дар сатҳи паст қарор дошт. Дар миёнашон нафароне, ки ба ин соҳа шавқ доштанд,  қариб, ки ба назар намерасиданд. Хушбахтона, солҳои охир миёни донишҷӯён чунин нафарон пайдо шудаанд, ки дониши хуби кимиёӣ доранд. Забонҳои хориҷӣ ва компютерро нағз медонанд ва аз фанни риёзӣ низ бохабаранд. Аз ин рӯ, гумон мекунам ояндаи кимиёи тоҷик дурахшон аст ва ҷавонони имрӯза дар оянда  онро ба ҷаҳониён бештару хубтар муаррифӣ мекунанд. Дар ин ҷода танҳо ба дастгирӣ ниёз доранд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2014    №: 120    Мутолиа карданд: 2373
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед