logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9 - 10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7 - 8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7 - 9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132; № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1 - 2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7 - 9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 3261 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 3261. Ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ва идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ
1. Барои ташкили пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ, инчунин, идора намудани воситаи нақлиёт дар пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ ё ба идораи шахси дигар додани воситаи нақлиёт ҷиҳати иштирок дар чунин пойгаҳо, -
ба андозаи аз дусаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, -
ба андозаи чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Эзоҳ: Пойгаҳои нақлиётии ғайрирасмӣ - пойгаҳои ғайриқонунии воситаҳои нақлиёт, ки худсарона дар роҳҳои истифодаи умум бе мувофиқаи мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд.».
2. Номи модда ва диспозитсияи қисми 1 моддаи 338 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 338. Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷатҳои дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишуда ё бо ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт, ки муҳлати эътибораш гузаштааст
1. Барои идора намудани воситаи нақлиёт аз тарафи ронандае, ки бо худ ҳуҷҷатҳои дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пешбинишударо надорад, аз ҷумла агар ҳуҷҷатҳои мазкур гум ё дуздида шуда бошанд ва ё бо ҳуҷҷати ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт, ки муҳлати эътибораш гузаштааст,-».
3. Моддаи 4641 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 4641. Аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин, марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ
1. Барои аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин, марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд манъшуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳафт то даҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз ҳабдаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдоре, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сездаҳ то понздаҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бисту ҳафт то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
4. Моддаи 506 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 506. Риоя накардани қоидаҳои ҳифзи сирри давлатӣ
1. Барои риоя накардани тартиби муқарраргардидаи таъмини низоми махфият, бе рухсатномаи дахлдор иҷро намудани фаъолияти вобаста ба сирри давлатӣ, инчунин, махфигардонии маълумоте, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» махфӣ гардонда намешавад,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳашт то даҳ ва ба шахсони мансабдор аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад ё фаъолияти онҳо ба муҳлати то се моҳ боздошта мешавад.
2. Барои дар давоми як соли пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,-
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист ва ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1518

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 19 апрели соли 2018, № 1058

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 11 майи соли 2018, № 527


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2018    №: 100-101    Мутолиа карданд: 2591
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед