logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 435; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 409,      мод. 410) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархатҳои сенздаҳум, ҳабдаҳум, нуздаҳуми моддаи 2, қисми 3 моддаи 6, моддаҳои 15, 17, 19, 21, 22, 27, 31, 34, 39, 42, 44, 46, 47, 51-57,  59-62, 76, 77, 79 ва 80 калимаҳои «ташкилотҳои қарзӣ», «ташкилотҳои дигари қарзии», «ташкилоти қарзӣ», «ташкилотҳои қарзие», «ташкилоти қарзие», «Ташкилотҳои қарзӣ», «ташкилотҳои қарзиро», «ташкилоти қарзиро» ва «ташкилоти қарзии» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилотҳои қарзии молиявӣ», «ташкилотҳои дигари қарзии  молиявии», «ташкилоти қарзии молиявӣ», «ташкилотҳои қарзии молиявие», «ташкилоти қарзии молиявие», «Ташкилотҳои қарзии молиявӣ», «ташкилотҳои қарзии молиявиро», «ташкилоти қарзии молиявиро» ва «ташкилоти қарзии  молиявии»  иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- сархатҳои якум, дуюм, чорум, ҳафтум, ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- ташкилотҳои қарзии молиявӣ – ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд;
- ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ – шахсони ҳуқуқие, ки ташкилотҳои қарзӣ (ташкилотҳои қарзии исломӣ) нестанд ва дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамоянд;
- ташкилотҳои қарзии исломӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла «равзанаи бонкии исломӣ»), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
- бонки мутавассит – бонке, ки барои қабули дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад;

- ташкилоти идоракунии дороиҳо – шахси ҳуқуқие, ки барои қабул, харид, идоракунӣ ва ё бегонакунии дороиҳо ва ё ӯҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта, таъсис дода шудааст;
- амалиёти бонкӣ – амалиёте, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;»;
- ба сархати шашум пас аз калимаҳои «қарз медиҳад» калимаҳои «ё меъёри даромаде, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ қарз медиҳад» илова карда шаванд;
- ба сархати ҳафтум пас аз калимаҳои «дода шудааст» калимаҳои «ва ё маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он» илова карда шаванд;
- ба сархати нуҳум пас аз калимаҳои «вогузор шудааст» калимаҳои «ва ё маблағи пулию сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи ӯ, бо дархост ё ба мӯҳлатҳои мувофиқашуда бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешаванд» илова карда шаванд;
- сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- низоми пардохтӣ – маҷмӯи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағ мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд;
- хизматрасонии пардохтӣ – қабул ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо;»;
- сархатҳои бистум ва бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ – ҳисоботи оморие, ки дар муддати муайяни вақт арзиши дороиҳои молиявии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла дар шакли талабот ба ғайрирезидентҳо ва ӯҳдадориҳои резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар назди ғайрирезидентҳо инъикос менамояд;
- қарзи маҷмӯии беруна – маблағи пардохтнашудаи ӯҳдадориҳои маҷмӯии воқеии ҷории ғайришартии резидентҳо дар назди ғайрирезидентҳо мебошад, ки пардохти фоиз ва ё қарзи асосиро дар оянда талаб мекунад;».
3. Аз матни  моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Қисми 1 моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон:
- таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати иҷрои он;
- таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расондани натиҷаҳои таҳлил;
- танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- батанзимдарории ташкилотҳои қарзии  молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалигардонии фаъолият ба сифати қарздеҳи сатҳи охирин барои ташкилотҳои қарзии  молиявӣ;
- ташкил ва таъмини фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ, танзиму назорати фаъолияти низомҳои мазкур ва хизматрасониҳои пардохтӣ;
- ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
- нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
- иҷрои амалиёти бонкӣ;
- ташкили шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ;
- аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифтани ӯҳдадориҳо ва иҷрои амалиёте, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд.».
5. Дар қисми 4 моддаи 8 калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шавад.
6. Қисми 1 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 500,0 млн. сомониро ташкил медиҳад ва то соли 2025 давра ба давра тибқи мӯҳлатҳои бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда пурра карда мешавад.».
7. Дар қисми 1 моддаи 11 калимаи «Раёсат» ба калимаҳои               «Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – Раёсат)» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 12:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи молиявие, ки аз ҷониби аудити беруна аудит шудааст ва мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия гардидааст, муайян карда мешавад.»;
- дар қисми 2:
- калимаи «бадастовардаи» ба калимаҳои «бадастовардашуда ва татбиқшудаи» иваз карда шавад;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба фонди захиравӣ - 100 фоизи қисми боқимондаи фоида то ба 20 фоизи ӯҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани ҷамъи сармояи оинномавӣ ва фонди захиравӣ;»;
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои тақсимоти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, ба давлат дигар намуди тақсимотро анҷом намедиҳад.»;
 - қисмҳои 3 - 5 мувофиқан қисмҳои 4 - 6 ҳисобида шаванд.
9. Аз матни моддаи 13 калимаҳои «андози ҳадди ақал аз даромадҳо ва» хориҷ карда шаванд.
10. Қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«1. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда ҳамчун қарздеҳи сатҳи охирин метавонад тибқи қарори Раёсат ба ташкилоти қарзии  молиявӣ барои таъмини пардохтпазирӣ ба мӯҳлати то се моҳ қарз диҳад.
2. Қарз мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дар асоси қоида ва шартҳои муқарраркардаи Раёсат, аз ҷумла пешниҳоди нақшаи чорабиниҳои талабнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бо зикри тадбирҳои ислоҳие, ки ташкилоти қарзии  молиявии дахлдор меандешад, дода мешавад, агар:
- ташкилоти қарзии молиявӣ имкониятҳои дигари қарзгирӣ надошта бошад, қобили пардохт ва дорои молу мулки муносиб барои таъмини қарз бошад; 
- чунин қарз барои нигаҳдории устувории низоми молиявӣ зарур бошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани қарзро ба Бонки миллии Тоҷикистон кафолат дода бошад.».
11. Моддаи 28 хориҷ карда шавад.
12. Ба моддаи 29 пас аз калимаҳои «фаъолияти бонкӣ» калимаҳои «ва фаъолияти бонкии исломӣ»  илова карда шаванд.
13. Дар моддаи 30:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои «рушди низоми самараноку боэътимоди пардохт» ба калимаҳои «фаъолияти самараноку боэътимоди низомҳои пардохтӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи «пулӣ» ба калимаи «пардохтӣ» иваз карда шавад.
14. Моддаи 32 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохтӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохтӣ:
1) хизматрасониеро, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ, интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо пешниҳод менамоянд, танзим ва назорат намояд;
2) низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳоро ташкил ва фаъолияти онҳоро таъмин намояд;
3) тартиби ташкилу фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намуда, барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома диҳад, инчунин бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад;
4) шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;
5) талаботи ҳадди ақал оид ба эътимоднокӣ ва таъмини амнияти иттилооти бонкӣ, ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ ва интиқоли маблағҳоро муқаррар намояд.
2. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.Тартиби анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад.».
15. Дар моддаи 34 калимаҳои «фоиз диҳад» ба калимаҳои «фоиз ё фоида диҳад» иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 41:
- аз қисми 1 рақами «1.» хориҷ карда,  пас аз калимаҳои «гирифта мешаванд» калимаҳои «ва ба даромад ва хароҷоти татбиқшуда дохил карда намешаванд» илова карда шаванд;
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
17. Номи боби 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«БОБИ 7. ТАНЗИМУ НАЗОРАТ ВА БАТАНЗИМДАРОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ».
18. Дар моддаи 42:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон - мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ»;
- дар қисми 1:
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» калимаҳои «, «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» илова карда шаванд;
- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шуда, сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- меъёрҳои мақбулро, ки риояи онҳо барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад, муқаррар мекунад ва аломатҳои анҷом додани амалияи носолиму хатарноки бонкиро муайян менамояд;
- барои ба даст овардани ҳар гуна иттилоот дорои ҳуқуқи дастрасии бавосита ё бевосита, аз ҷумла фосилавӣ ба таъминоти барномавию техникӣ, инчунин низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад;
- нисбат ба ташкилотҳои қарзии  молиявӣ дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд;
- чораҳои батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, таъмини суботи низоми бонкӣ ва идомаи вазифаҳои ниҳоят муҳим бо истифодаи ками маблағҳои буҷетӣ амалӣ менамояд;»;
- дар қисми 2 калимаҳои «ва қарздеҳон» ба калимаҳои  «, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ» иваз карда шаванд; 
- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби гузарондани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, инчунин талабот ба таъминоти барномавию техникӣ, аз ҷумла низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд.».
19. Дар ном ва матни моддаи 45 калимаи «назоратии» ба калимаҳои «назоратӣ ва батанзимдарории» иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 46 ва сархати чоруми қисми 2 моддаи 81 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба калимаи «қонун» иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 47:
- дар қисми 2 калимаҳои «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба калимаҳои «қонунҳои дигар» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.»;
- қисмҳои 8 ва 9 хориҷ карда шаванд.
22. Моддаи 48 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
- талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
- ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
- амалияи носолиму хатарноки бонкиро пеш мебаранд, ки ба субот ва устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё низоми бонкӣ хавф дорад ё ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ таҳдид менамояд;
- ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии низоми бонкиро риоя накардаанд.
2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ як ё якчанд чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
- ба ташкилоти қарзии молиявӣ амрнома фиристад;
- ба ташкилоти қарзии молиявӣ дастур диҳад;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
- кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро барои ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ боздоштани фаъолият ё бас-тани филиал ва ё воҳиди дигари сохтории онро талаб намояд;
- меъёрҳои фоизиро барои анҷомдиҳии баъзе амалиёти бонкӣ маҳдуд намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб кунад, ки иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва ё фаъолияти муайянро бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб намояд;
- тақсим ё пардохти  ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
- ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз муқаррар намояд;
- илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар мӯҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани санҷиши мавзӯии дахлдорро бо ҷалби ташкилоти аудиторӣ талаб намояд;
- аз раиси Шӯрои нозирон даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муваққатан ба кор қабул намудани коршиносро бо додани ваколат оид ба ҷонибдории амалҳои вобаста ба фурӯш, бегонакунӣ ё интиқоли дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, додани қарз ё сармоягузории маблағҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, қабули ҳар гуна қарз ё ӯҳдадорӣ ва пардохти суди саҳмияҳо талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ солимгардонии молиявӣ, аз ҷумла иҷрои як ё якчанд чораҳои нақшаи барқарорсозии фаъолиятро, ки тибқи моддаи 482 Қонуни мазкур омода шудааст, талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии ҳар гуна амалиётро бо шахсони вобаста талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд намудани сармояро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон талаб намояд;
- ҳуқуқи овоздиҳии саҳмдорони (иштирокчиёни) дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнокро боздорад;
- зиёд намудани музди меҳнат, пардохти мукофотпулӣ ва ҷубронпулиро ба кормандони роҳбарикунанда ё шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ муваққатан ё пурра аз вазифа барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунанда ва ё корманди дигари масъулро талаб намояд;
- аз ташкилоти қарзии молиявӣ аз вазифа озод намудани раис ё дигар узви Шӯрои нозиронро талаб намояд;
- барои ташкилоти қарзии молиявӣ меъёрҳои мақбулро ба мӯҳлати то дувоздаҳ моҳ тағйир диҳад;
- иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ муайяншударо ба мӯҳлати то дувоздаҳ моҳ боздорад;
- барои ташкилоти қарзии молиявӣ қабул ва интиқоли дороиҳоро маҳдуд намояд;
- мутобиқи қонун кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- ташкилоти қарзии молиявиро ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад;
- ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии молиявиро  боздорад;
- иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявиро бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.
3. Дар ҳолати талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро накардани ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷаримабандӣ мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
4. Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (коррес-пондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзии молиявӣ бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
5. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.
6. Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинишударо дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳ баъди ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ татбиқ менамояд.
7. Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, масъулияти ташкилоти қарзии молиявиро тибқи дигар  қонунҳо истисно намекунад.».
23. Моддаҳои 481 ва 482 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 481. Чораҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ
1. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо роҳи  солимгардонӣ, ки тавассути таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ тибқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад ё барҳамдиҳии онҳо тибқи қонун амалӣ шуда метавонад.
2. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо аввалан саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
- боқимонда зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо, агар ҷой дошта бошад, қарздеҳон бо тартиби қонеъгардонии талаботи қарздеҳон мутобиқи қонунгузории барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
- зарари дар ҷараёни батанзимдарорӣ ба зиммагирифтаи саҳмдорон (иштирокчиён) ва қарздеҳон набояд аз зараре, ки онҳо ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебинанд, зиёд бошад;
- талаботи муштариён ва ӯҳдадориҳои ҳаммонанд (якнавъ) дар асоси баробарӣ ва якхела баррасӣ мегарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон риоя накардани усули мазкур барои пешгирии таъсири манфии эҳтимолии батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкӣ ё барои зиёд намудани арзиши талабот ба манфиати ҳамаи пасандоздорон ва қарздеҳон дар умум, қатъиян зарур муқаррар шуда бошад. 
3. Барои истифодаи чораҳои батанзимдарорӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ, қаблан нисбат ба он татбиқ шудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи 48 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳатмӣ нест.
Моддаи 482. Нақшаи барқарорсозӣ ва батанзимдарорӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ давра ба давра омода ва пешниҳод намудани нақшаи барқарорсозии фаврӣ ва мураттаби фаъолиятро бо дарназардошти ҳолатҳои (сенарияҳои) гуногуни мушкилоти молиявӣ ва ё ноустувории молиявӣ, дар алоҳидагӣ ё барои ташкилотҳои қарзии молиявие, ки аъзои гурӯҳ мебошанд, ба таври маҷмӯӣ барои мувофиқа талаб менамояд. Нақша бояд чораҳои дахлдор, тарзу захираҳои барқарорсозии фаъолияти устувор ва муътадили ташкилотҳои қарзии молиявиро пешбинӣ намояд. Ҳангоми муайян намудани камбудиҳо дар нақшаи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мӯҳлати муқарраршуда барои мувофиқа такроран пешниҳод кардани нақшаро талаб менамояд.
2. Талабот оид ба таҳияи нақшаи барқарорсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд. 
3. Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи батанзимдарории ташкилоти қарзии низомсози молиявиро омода намуда, дар он роҳҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявиро тарзе муайян менамояд, ки иҷрои бефосилаи вазифаҳои ниҳоят муҳим таъмин мегардад. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявии дигар низ нақшаи батанзимдарориро омода намояд.
4. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар амалӣ намудани нақшаи барқарорсозӣ ва ё батанзимдарории мураттаби ташкилотҳои қарзии молиявӣ монеаҳои ҷиддиро муайян намояд, он гоҳ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бартараф намудани онҳо дастур медиҳад, ки иҷрои он барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад.».
24.  Моддаи 49 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ
1. Маъмурияти муваққатӣ идоракунии махсуси ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ки он бо қарори Раёсат тибқи моддаи 50 Қонуни мазкур ба мӯҳлати то дувоздаҳ моҳ барои ноил шудан ба мақсадҳои батанзимдарории дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 42 Қонуни мазкур пешбинишуда ҷорӣ карда мешавад.
2. Мӯҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ метавонад аз ҷониби Раёсат то дувоздаҳ моҳ тамдид карда шавад ва он дар маҷмӯъ наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
3. Қарори Раёсат дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ ё тамдид кардани мӯҳлати ваколатҳои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯз аз санаи қабули он дар ду рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
4. Маъмурияти муваққатии ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тибқи Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки ваколатҳои мудири муваққатиро барои таъмин намудани мақсадҳо ва вазифаҳои он бевосита амалӣ намояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маъмурияти муваққатиро тавассути мудири муваққатие, ки бо қарори раёсат таъин шудааст ва аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ бе ваколатнома амал мекунад, анҷом диҳад.
5. Мудири муваққатӣ аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:
- намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба дастурҳои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи иҷрои ӯҳдадориҳояш ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
- ба муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, дастурамалу амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзии молиявӣ итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассусии тибқи қонун нисбат ба роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ татбиқшаванда ҷавобгӯ бошанд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад  дар ҳолатҳои зарурӣ мудири муваққатиро иваз ё аз вазифа барканор намояд.
6. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавад. Андозаи музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавад. Дар ҳолати мавҷуд набудани маблағи зарурӣ барои пардохти музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ, он аз ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон пардохт ва аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ҷуброн карда мешавад.».
25. Моддаи 50 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 50. Асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад чораҳои батанзимдарорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатиро бо салоҳдиди худ ҳангоми мавҷудияти як ё якчанд ҳолатҳои зерин татбиқ  намояд: 
- ташкилоти қарзии молиявӣ мунтазам ӯҳдадориҳои худро оид ба анҷом додани пардохтҳо иҷро намекунад ё имконияти иҷро намудани талаботи пасандоздорон ё қарздеҳони дигарро надорад;
- ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти молиявӣ ва тиҷоратии ноустуворро амалӣ менамояд ва чораҳои танзимкунандаи минбаъда наметавонанд устувории молиявии ташкилоти қарзии молиявиро барқарор намоянд ё нигоҳ доранд;
- меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз 50 фоизи меъёри ҳадди ақалли бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда кам бошад;
- имконияти саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини риояи меъёри кифоятии сармоя дар мӯҳлати муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар гумон аст;
- ташкилоти қарзии молиявӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти худ  аз кӯмаки молиявии давлатӣ, аз ҷумла ба қарздеҳи сатҳи охирин вобаста мебошад;
- ташкилоти қарзии молиявӣ дилхоҳ меъёри мақбули тибқи қонун муқарраршударо тарзе вайрон карда бошад, ки он қобилияти фаъолият кардани ташкилоти қарзии молиявиро зери шубҳаи асоснок қарор диҳад;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- ташкилоти қарзии молиявӣ аз ӯҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш монеъ гардад;
- хавфнок будани фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
26. Зербандҳои а) ва б) банди 2) қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо роҳи таҷдиди сохтори он ва бо истифодаи ваколатҳои дар моддаҳои 55 - 582 Қонуни мазкур пешбинишуда;
б) бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ.».
27. Ба қисми 1 моддаи 54 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон, ӯҳдадории ташкилоти қарзии молиявиро барои пардохти пасандозҳои шахсони воқеӣ ба андозаи на зиёда аз маблағи ҷубронпулии бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» муайяншуда маҳдуд наменамояд.».
28. Моддаи 541 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 541. Муваққатан боздоштани ҳуқуқҳои талаби баҳисобгирии тарафайн ва қатъи пеш аз мӯҳлат
Татбиқи батанзимдарорӣ ва ҷараёни амали он, барои нисбат ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби баҳисобгирии тарафайн, ки бо қонун ё шартнома пешбинӣ гардидааст, асос шуда наметавонад, инчунин ба ҳар гуна тарафи дигари ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби пеш аз мӯҳлати иҷро ё қатъ намудани шартномаро намедиҳад, агар аз рӯи чунин шартнома ӯҳдадориҳои асосӣ ба таври дахлдор иҷро шуда истода бошанд.».
29. Дар қисми 1 моддаи 55:
-  калима ва рақамҳои «моддаҳои 56 - 59» ба калимаҳо ва рақамҳои «моддаҳои 56 - 582 Қонуни мазкур» иваз карда шаванд;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ӯҳдадориҳои ғайриамонатӣ (ғайрипасандозӣ) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо;»;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ӯҳдадориҳо, аз ҷумла амонатҳои (пасандозҳои) ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит.».
30. Моддаи 551 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 551. Муқаррароти махсус оид ба суботи молиявӣ
1. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд, ки барои нигаҳдории суботи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ зарур аст, он гоҳ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ машварат менамояд. Баъд аз машварати мазкур, дар асоси пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ ба таври фаврӣ қарор қабул намояд. Механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ метавонанд аз инҳо иборат бошанд:
а) харидории саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилоти қарзии молиявӣ;
б) маблағгузорӣ барои таъсиси бонки мутавассит ва ё ташкилоти идоракунии дороиҳо;
в) додани қарз ё грантҳо ба ташкилоти қарзии молиявӣ;
г) додани кафолат аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ;
д) додани кафолат бо шартҳои муқарраркарда барои пардохти қарз ё хати қарзие, ки Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудааст ё менамояд.
2. Баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани қарор дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои худро ҷиҳати батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 4 моддаи 49 ва моддаи 55 Қонуни мазкур амалӣ менамояд.
3. Механизми маблағгузории фавқулодаи давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда бояд танҳо баъди аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои беқурбшуда ва мутаносибан кам кардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) саҳмдорон (иштирокчиён), манъ кардани тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳо ва аз вазифа озод кардани як ё якчанд аъзои Шӯрои нозирон, раиси ташкилоти қарзии молиявӣ, муовинони ӯ, раиси Раёсат, аъзои дигари он, сармуҳосиб ва сараудитори  ташкилоти  қарзии молиявӣ татбиқ гардад.».
31. Сархатҳои сеюм ва чоруми моддаи 56 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдил додани қарзи субординарӣ, ё ӯҳдадориҳои таъминнабудаи ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 481 Қонуни мазкур бе розигии қарздеҳон. Ӯҳдадориҳои таъминнабудаи ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдилшаванда набояд маблағи ҷуброншавандаи пасандозҳои суғурташударо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва дигар ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бар гирад;
- кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ тавассути бозхариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ё беэътибор донистани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мутаносибан ба зарари ҳамин ташкилоти қарзии молиявӣ;».
32. Моддаи 58 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 58. Интиқол ё фурӯши дороиҳо ва ӯҳдадориҳо
1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор доранд, ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ё ба ташкилоти идоракунии дороиҳо ваколатдор намояд. Интиқоли амонатҳо (пасандозҳо) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо манъ аст.
2. Интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур бе тасдиқ, ҷонибдорӣ ё гирифтани розигии пешакии ҳар гуна шахси дигар, аз ҷумла саҳмдорон (иштирокчиён), пасандоздорон, қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ ва қарздорон, инчунин бе огоҳсозӣ, нашр, барасмиятдарорӣ ва пардохти хироҷ амалӣ карда мешавад.
3. Саҳмдорон (иштирокчиён), қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузории ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ва ё шахсони сеюме, ки дороиҳо ва ӯҳдадориҳои онҳо ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳо, интиқол ё фурӯхта нашудаанд, ягон ҳуқуқ ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳои интиқолшуда ва ҳуқуқи дахолат ба фаъолияти ин ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳоро надоранд.
4. Шартҳо ва тартиби интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, бонки мутавассит ё ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин намуди дороиҳо ва ӯҳдадориҳои интиқолшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян шуда метавонанд.».
33. Моддаҳои 581 ва 582 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Моддаи 581. Бонки мутавассит
1. Бонки мутавассит барои як ё якчанд мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
- қисман ё пурра қабул намудани амонатҳо (пасандозҳо) ва ё дигар ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта;
- қисман ё пурра қабул намудани дороиҳо ва ё ҳуқуқи талаби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта;
- муваққатан иҷро кардани вазифаҳои дигар ва ё амалиётҳои бонкии ҷудогонае, ки Бонки миллии Тоҷикистон  мувофиқи мақсад мешуморад.
2. Бонки мутавассит фаъолияти худро, аз ҷумла анҷом додани амалиёти бонкии ҷудогонаро, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба мӯҳлати се сол дода шуда, тамдид намегардад, амалӣ менамояд.
3. Сармояи бонки мутавассит аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 551 Қонуни мазкур, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ё дигар сармоягузорон ташкил ё пурра мегардад. Андозаи зарурии маблағи сармоя ва ё пардохтпазириро барои бонки мутавассит Раёсат муқаррар менамояд.
4. Талабот нисбат ба таъсис, иҷозатномадиҳӣ, идоракунӣ ва фаъолияти бонки мутавассит, аз ҷумла тартиби танзими  он, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муқаррар карда шавад.
5. Бонки мутавассит бе мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад дороиҳо, ҳуқуқи талаб, ӯҳдадориҳо ё сармояи худро бегона намояд ва ё дар чунин аҳдҳои дигар иштирок намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми таъсиси бонки мутавассит дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода мешаванд, муайян менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъд аз таъсиси бонки мутавассит ҳуқуқи талаби дигар, дороиҳо ва ё ӯҳадориҳои  чунин ташкилоти қарзии молиявиро, ки бояд ба бонки мутавассит интиқол дода шаванд, муайян намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дороиҳо, ӯҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта ӯҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ӯҳдадориҳоеро, ки қаблан ба бонки мутавассит интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд.
8. Пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки ба бонки мутавассит гузаронида мешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурташуда ҳисобида мешаванд. Бонки мутавассит баъди гирифтани иҷозатнома узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳисобида шуда, аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошад.
9. Қисми дороиҳо ва ӯҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба бонки мутавассит интиқол нашудаанд, дар ташкилоти қарзии молиявии мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қароргиранда боқӣ мемонад.
10. Бонки мутавассит вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби ба он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба ӯҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад.
11. Саҳмдорони (иштирокчиёни) бонки мутавассит дар давоми  фаъолияти он бояд:
- дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ӯҳдадориҳои бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар фурӯшанд ва ё интиқол диҳанд;
- саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар ва ё дигар шахсон, ки мақсади табдилдиҳии бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, фурӯшанд.
12. Ҳангоми иҷро нагардидани талаботи қисми 11 моддаи мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон бояд иҷозатномаи бонки мутавасситро барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ то ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатномаи дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.
Моддаи 582. Ташкилоти идоракунии дороиҳо
1.Ташкилоти идоракунии дороиҳо бо мақсади қабули дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ӯҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 551 Қонуни мазкур таъсис дода мешавад. Ташкилоти идоракунии дороиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад якҷоя бо сармоягузорони дигар таъсис дода шавад.
2.Ташкилоти идоракунии дороиҳо дороиҳои интиқолшударо бо мақсади то ҳадди ниҳоӣ баланд бардоштани арзиши онҳо идора менамояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон назорати фаъолияти ташкилотҳои идоракунии дороиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, ки тартиби таъсис, идоракунӣ, анҷом додани фаъолият ва маблағгузории ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин талаботро нисбат ба кормандони роҳбарикунанда, арзёбии дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ӯҳдадориҳои ғайриамонатие (ғайрипасандозие), ки ба онҳо гузаронида мешаванд, муқаррар менамоянд, амалӣ мекунад.
4. Ташкилоти идоракунии дороиҳо пеш аз оғози фаъолият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон оиннома, маълумот оид ба кормандони роҳбарикунанда, музди меҳнат ва ӯҳдадориҳои вазифавии онҳо, инчунин стратегияи фаъолият ва сохтори хавфҳоро барои мувофиқа ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
5. Бонки миллии Тоҷикистон андозаи ҷуброни дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ӯҳдадориҳои ба ташкилотҳои идоракунии дороиҳо додашударо, ки бояд ба фоидаи ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта пардохт карда шаванд, муайян менамояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ӯҳдадориҳои ғайриамонатиеро (ғайрипасандозиеро), ки ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявӣ ӯҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ӯҳдадориҳоеро, ки қаблан ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд.
7. Ташкилоти идоракунии дороиҳо вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби бо он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба  ӯҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад.
8. Ташкилоти идоракунии дороиҳо ба мӯҳлати то панҷ сол таъсис дода мешавад ва тибқи дархости ҳамин ташкилот мӯҳлати он метавонад ба ду соли дигар аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад.».
34. Ба банди 15) қисми 1 моддаи 60 пас аз калимаи «ғайрибонкӣ» калимаҳои «ва ё ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ» илова карда шаванд.
35. Моддаи 601 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 601. Кӯмак ва ҳамкорӣ бо маъмурияти муваққатӣ
Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ муваққатан аз вазифа барканор ё озод шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ ӯҳдадоранд ба маъмурияти муваққатӣ кӯмак расонида, бо он ҳамкорӣ намоянд.».
36. Боби 71 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«БОБИ 71. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 621. Вазифаҳои танзиму назоратии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии  молиявиро  мутобиқи  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро танзим менамоянд, анҷом медиҳад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ дахолат намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.».
37. Дар моддаи 73 рақам ва калимаи «30 июн» ба рақам ва калимаи «1 август» иваз карда шаванд.
38. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 76 калимаҳои «шартномаҳо ба имзо мерасонад,» хориҷ карда шаванд.
39. Дар қисми 1 моддаи 77:
- дар сархати якум калимаҳои «пулии давлатро таҳия менамояд» ба калимаҳои «пулию қарзии давлатро таҳия  менамояд» иваз карда шаванд;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ менамояд;»;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сиёсати асъории давлатро татбиқ менамояд, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби расмии асъорро муайян мекунад;»;
- сархатҳои нуҳум ва бистум хориҷ карда шаванд.
40. Ба қисми 2 моддаи 79 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Корманди Бонки миллии Тоҷикистон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.».
41. Моддаи 791 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 791. Ҳимояи ҳуқуқӣ
1. Аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ, мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд, аз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои  зарар ё оқибати дигар бо амал ё беамалие, ки мутобиқи вазифаю ӯҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Бонки миллии Тоҷикистон расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ беэҳтиётии дағалона мебошад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ки ӯҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор дар ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро аз рӯи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбат ба шахсони мазкур бароварда шудааст, низ фаро мегирад.».
42. Дар моддаи 85:
- ба номи модда пас аз калимаҳои «тавозуни пардохт» калимаҳои «,мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии беруна» илова карда шаванд;
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Бо мақсади таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ аз субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳоди маълумотро оид ба амалиёти иқтисодии хориҷии онҳо талаб мекунад.».
43. Моддаи 881 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 881. Баррасии баҳсҳо
Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти дилхоҳ баррасии судӣ ё арбитражӣ бо ҷавобгарии Бонки миллии Тоҷикистон, аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ ё мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд ва вазифаҳояшонро дар назди Бонки миллии Тоҷикистон иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:
а) суд ё арбитраж барои қабули қарори худ ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи  далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;
б) дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳама марҳилаҳои минбаъда ё баррасии дигари судии бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Бонки миллии Тоҷикистон бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта, ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои исбот шудани аломати ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии қасдона дар амалҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
в) агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои ин амалҳо ҷавобгар  мебошад, барои тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерӯёнад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1548

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 майи соли 2018, № 1091

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 572


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 1281
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед