logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Истиқболи Пешвои миллат дар ноҳияи Тоҷикобод
25 июни соли 2019, дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба водии Рашт, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти нав ба ноҳияи Тоҷикобод ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Тоҷикобод Пешвои миллатро сокинони меҳмоннавоз гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Ба истифода додани бинои маъмурии шабакаи барқи ноҳия
Дар доираи сафари корӣ  ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии шабакаҳои барқи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии замини барои сохтмони иншоот ҷудогардида 60 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони 5 садяк сохта шудааст.
Бинои маъмурии шабакаҳои барқро бо фармоиши Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд ва бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз намудаанд. Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи техникии омӯзишӣ, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои кории назоратчиён ҷойгир буда, қабати дуюми бино аз ҳуҷраҳои кории маъмурият, машваратгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудаанд. Барои мизоҷон дар саҳни бино 2 айвончаи муосир сохта шудааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулонро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релйефи минтақа тақдим гардид.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ба истифода додани бинои нав, кормандони шабакаҳои барқи ноҳия бо чунин имконият ва шароити муосири корӣ дастрасӣ надоштанд. Ба истифода супурдани бинои навро дар арафаи таҷлили 22 - юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандону масъулони шабакаҳои барқи ноҳия туҳфаи арзандаи Пешвои миллат хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқи хушсифат ҷоннок мекунанд ва дар пешрафти ҷомеа ҳисса мегузоранд.

Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод майдони Парчам ва Нишони давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар масоҳати умумии 1,30 гектар бунёд гардида, қомат афрохтани ин рамзҳои давлатдорӣ ба симои ноҳия шукӯҳу шаҳомати нав зам менамоянд. Қобили зикр аст, ки то ин дам дар ноҳияи Тоҷикобод чунин макони истироҳатию фароғатӣ мавҷуд набуд. Акнун боғи Парчам ва Нишони давлатӣ барои истироҳату фароғати сокинони ноҳия имконияти хубе фароҳам меорад.
Баландии Парчам 35 метрро ташкил дода, дарозӣ ва паҳноии матои он 10 бар 5 метр мебошад. Пояи Нишони давлатӣ 18 метрро ташкил медиҳад. Корҳои бунёдӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ аввали соли 2019 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба итмом расонда шуданд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, қомат афрохтани Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Тоҷикобод иқдоми нек арзёбӣ карданд. Иншооти мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони ватандӯст бунёд ёфта, ба корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардиданд. Ҳамчунин, дар назди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни бунёди боғи фарҳангу фароғатии ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Иттиллоъ дода шуд, ки боғи мазкур дар масоҳати 2,30 гектар бунёд ёфта, барои истироҳати сокинон, хусусан кӯдакон пешбинӣ гардидааст ва макони асосии баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатии ноҳия хоҳад шуд. Тарҳ ва симои боғи бунёдшаванда пурра ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ буда, дар рафти рангуборкунию ороиши он усулҳои миллӣ низ истифода мешаванд. Дар назар аст, ки боғи мазкур то истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта шуда, баъди ба истифода додани он наздики 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.

Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, бо нашъунамои зироатҳо дар хоҷагии деҳқонии «Қалъа» шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла олучаву гелос, тут, қулфинай ва навъҳои пешпазаки зардолу, ки ин шабу рӯз дар ин минтақаи кӯҳистони мамлакат пухта расидаанд ва, ҳамчунин, маҳсулоти дигар, ба монанди гӯшт, шир ва навъҳои гуногуни нон, ки дар ҳудуди ноҳия истеҳсол мешаванд, ба маъраз гузошта шуданд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ нишон дод, ки сокинони ин минтақаи дурдаст бо маҳорати баланди кадбонугиву пазандагӣ, дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ном баровардаанд ва намунаи ҳунарҳои дастии онҳо василаи хуби ҷалби сайёҳони хориҷӣ низ мебошад.
Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори занбӯриасалпарварони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳияи Тоҷикобод бештар аз 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии мамлакат ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, дар ду соли гузашта оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия бамаротиб зиёд шудаанд. Тибқи иттилои масъулони идораи кишоварзии ноҳия, дар соли 2019 шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 7 ҳазор адад расонда хоҳад шуд. Давоми соли 2018 ба занбӯриасалпарварон муяссар гардид, ки бештар аз 110 тонна асали хушсифат истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ворид созанд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Қалъа» хабар дода шуд, ки айни замон дар ин хоҷагӣ меҳнаткашон дар майдони 5 гектару 80 садяк зироатҳои гуногун, аз қабили помидор, қаламфур, карам, бодиринг, сабзӣ, турб, шалғам, лӯбиё, каду, ғалладона ва картошка кишт кардаанд. Зироатҳои номбурда ба иқлими ноҳия мувофиқ буда, дар сурати дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишту парвариш, ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст.
Картошка зироати асосӣ ва барои деҳқонони ноҳия даромаднок ба ҳисоб меравад. Имсол дар ноҳия майдони кишти умумии картошка ба 1085 гектар расонда шуд, ки назар ба соли 2018 зиёдтар аст. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Қалъа» дар майдони 4 гектар картошка кишт карда, коркарди агротехникии онро хушсифат анҷом доданд. Деҳқонон барои таҷриба имсол аз 3 намуди тухмӣ, аз ҷумла дар баробари истифодаи тухмии маҳаллӣ, ҳамчунин, аз ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд ва Лахш навъи тухмиҳои «Пикассо» ва «Тоҷикистон» - ро оварда, кишт карданд.
Дар ин ноҳияи кӯҳистон сол ба сол картошкапарварӣ рушд меёбад. Соли 2018 деҳқонон истеҳсоли картошкаро ба 24 ҳазору 71 тонна расонданд, ки назар ба соли 2017,  1631 тонна зиёд мебошад.  Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Тоҷикобод дар ҷумҳурӣ ҳамчун маркази таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварӣ шинохта мешавад.
Маслиҳатҳои муфиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феълан ба рушди картошкапарварӣ на танҳо дар ноҳия  ва водии Рашт, балки дар ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ бахшид. Сарвари давлат зикр доштанд, ки дар низоми иқтисодии минтақа бахши кишоварзӣ афзалияти хосса дорад. Аз ин рӯ, ба масъулони ҷумҳуриявию ноҳиявӣ дастур доданд, ки ба бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Баъд аз иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию ҳунарҳои мардумӣ ва ошноӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Қалъа», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи навъсанҷии маҳсулоти кишоварзӣ дар мавзеи Сари Пули ноҳия бо доираи васеи сокинони Тоҷикобод мулоқот карданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат сокинони ин минтақаи дурдасти ҷумҳуриро ба муносибати солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, ҳамаи иқдомоти созанда ва зиндагии шоистаи мардумро самараи сулҳу суботи сартосарӣ маънидод карданд.
Дар анҷоми мулоқот сокинони ноҳияи Тоҷикобод ба Пешвои миллат барои талошҳои хастанопазир дар роҳи таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарди Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Тоҷикобод
25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои ноҳияи Тоҷикобод бо фаъолону сокинони сершумор мулоқоти самимию созанда баргузор карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирон ва дар шахси онҳо тамоми мардуми ноҳияи Тоҷикободро бо Ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ба шарофати ваҳдату истиқлолият, сарҷамъии мардум ва дастгирии онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат ноҳияи Тоҷикобод ободу пешрафта гардид.
Дар давоми қариб 28 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва дастгирии буҷети ноҳияи Тоҷикобод беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар се соли оянда бо ин мақсад қариб 100 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта бо дастгирии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи мумфарш ва чароғонкунии кӯчаҳои маркази ноҳия ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ татбиқ шуда, соли ҷорӣ дар ин самт иҷрои корҳо ба маблағи 8 миллион сомонӣ дар назар аст. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 9 лоиҳа ба маблағи 250 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 4 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 13 миллион сомонӣ идома дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супориш доданд, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва сатҳу сифати иншооти бунёдшавандаро зери назорати қатъӣ қарор дода, барои боз ҳам зиёд кардани лоиҳаҳо, пеш аз ҳама, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон ҷораҷӯӣ намоянд.
Дар давраи истиқлолият дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 49 муассисаи таълимӣ барои зиёда аз 7000 хонанда ва танҳо дар ду соли охир 7 бинои нави дорои беш аз 2000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Соли ҷорӣ сохтмону азнавсозии 6 бинои мактаб барои 2200 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст ва зарур аст, ки корҳо дар ин самт тезонда шаванд.
Дар охир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми меҳнатдӯст барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод, талош меварзанд.
Баъди анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла ҷавонон ва собиқадорон - Ширинмоҳ Ширинбекова, Зайналобиддин Муҳадбеков, Сулаймони Аҳтам ва Давлатмурод Балаев баромад карда, барои ҳамаи дастгириҳо ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо бо дастгирии Сарвари давлат 36 ҷавон, аз ҷумла як нафар ҷавонписар барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии кишвар роҳхат гирифт.

Сарвари давлат дар ноҳияи Лахш
25 июн, дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Лахш ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти Сарталои ноҳия бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродӣ, ки дар ин минтақа зиёда аз 250 гектар заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуда,  ба гардиши кишоварзӣ ворид кардаанд, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар дашти Сарталои ноҳияи Лахш аз майдони умумии заминҳои обёришуда аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад-2018» дар 54 гектар боғи нав бунёд намуданд.
 Дар боғи мазкур, ки,  асосан, бо тарзи интенсивӣ бунёд гардидааст, тақрибан 30 ҳазор ниҳоли дарахтони себ, олуи сиёҳ ва нок шинонда шуда, айни замон дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариш нашъунамои ниҳолон таъмин мебошад. Ҳамзамон, бо мақсади самараноку оқилона истифода бурдани замин кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад-2018» дар байни қаторҳои боғ навъҳои гуногуни картошка кишт кардаанд. Дар маҷмӯъ, картошказори ин хоҷагӣ дар дашти Сарталои ноҳияи Лахш беш аз 90 гектарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ин хоҷагӣ 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, ба гуфтаи масъулон дар мавсими ҷамъоварии картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ин нишондод ба 250 нафар хоҳад расид.
 Дар боғи навбунёд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ доир карда, оид ба васеъ намудани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ кардани намудҳои гуногуни ниҳоли дарахтон ва дар ҳамин замина афзоиш бахшидани содироти мева ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Пешвои миллат, бунёди боғҳои нав, агар аз як ҷиҳат омили таъсиси ҷойҳои корию беҳбудии сатҳи зиндагии мардум бошад, аз тарафи дигар истеҳсолу содироти меваҷоти гуногун ва хушкмеваҳо ба хориҷи мамлакат афзоиш меёбад. Бо ҳамин мақсад дастур дода шуд, ки дар талу теппаҳо ва заминҳои бекорхобидаи ҳудуди ноҳия  боғоти нав бунёд карда шаванд.
Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар шафати боғи мазкур аз ҷониби деҳқонони зарофари деҳоти ноҳияи Лахш ташкил карда шуд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуданд.
Тавре таъкид гардид, тибқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ инкишофи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ва омили муҳими беҳбудии сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб мераванд.
Изҳори қаноатмандӣ шуд, ки кишоварзони ноҳияи Лахш дар истеҳсоли картошка таҷрибаи бағоят калон дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда мегузоранд. Ёдовар мешавем, ки соли гузашта кишоварзони ин ноҳияи баландкӯҳи мамлакат истеҳсоли картошкаро ба зиёда аз 100 ҳазор тонна расонданд.
Соли равон бошад, аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Лахш дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар картошка кишт шудааст. Ҳамзамон, дар соли равон деҳқонони ноҳияи Лахш тибқи дурнамо дар майдони 78 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом оянда дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд. Дар маҷмӯъ, майдони боғоти ноҳия наздик ба 2 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад ва ҳамасола деҳқонон ба таври фаровон себу нок, шафтолу, гелос, зардолу, олу ва дигар намуди мева ҷамъоварӣ менамоянд.
Тайи солҳои охир занбӯриасалпарварони ноҳия низ ба пешрафти назаррас ноил гардиданд. Табиати Лахш, ки барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ аст, занбӯриасалпарварон ҳамасола зиёда аз 100 тонна асал ҷамъоварӣ менамоянд.
Давоми ду даҳсолаи охир дар ноҳияи Лахш бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи чорводорӣ низ рушд кард. Дар ин ҷо хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда, аз ҷумла қутос, ки саршумори он ба 624 сар расидааст, ба намоиш гузоштанд. Имрӯз дар ноҳия  28 ҳазору 475 сар чорвои калон ва 135 ҳазору 198 сар моли майда мавҷуд аст.
Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар тамоми деҳоти ноҳияи Лахш баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камари мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ
Нимаи дуюми 25 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии сокинон ва раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ аз деҳоти Сартало ба маркази ноҳияи Лахш - шаҳраки Ваҳдат ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи ноҳияи Лахш роҳбарият ва сокинони меҳнатқарини он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Лахш дар шаҳраки Ваҳдат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ дидан намуданд. Зимни боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон, ки дар сатҳи баланд ба намоиш гузошта шуд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд, оҳангарону табақтарошон, нонпазони моҳир аз 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок карда, маҳсули ҳунари худро пешниҳод намуданд.
Дар ин рӯз, номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ, намаду қолинбофӣ ва ғайра, ба намоиш гузошта шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба маҳсули дастони бонувон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бояд дар ин ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони мамлакат ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Ҳунармандон зимни суҳбат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагии онҳо, додани имтиёзу имкониятҳои фарох, ба ин восита эҳё ва ривоҷу равнақ додани баъзе аз ҳунарҳои ба гӯшаи фаромӯширафта изҳорӣ сипос намуда, дар кишвар эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 - ро ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми саривақтӣ унвон карданд.
 Дар ноҳияи Лахш, ҳамзамон, ҳунармандон ба кандакорӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ ва ғайра машғул буда, дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро мегузоранд ва аз ҳисоби маҳсулоти дастии омоданамудаи хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.
Маҳсулоти нонӣ, аз қабили гирдача, қоқфатир, чапотӣ, кулча, кулчақанд, орзуқ, занг-занг, таҳмол, санбӯса, чалпак, шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, ки аз ҷониби нонпазон ва кадбонуҳои моҳир омода карда шудаанд, ба намоишгоҳ шаҳомати хосса зам намуданд, ки ин бори дигар аз ҳунари волои пазандагии занон шаҳодат медиҳад. Маҳсулоти ширӣ, аз қабили ҷурғот, қурут, дӯғ, чакка, панир, маска ва қаймоқ низ ба намоиш гузошта шуд.
Бояд таъкид намуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, тавассути ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб карда мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки сол ба сол дар ин ноҳияи дурдасти мамлакат ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ ва қолинбофии дастӣ, ривоҷу равнақ меёбанд.
Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо ҳунармандон таъкид намуданд, ки ташкил кардани бахшҳои ҳунаромӯзӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ дар ноҳия ва, ҳамчунин, дар шароити хона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони бешуғл манфиатовар буда, ба ин восита дар оянда даҳҳо ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешавад.
Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди ин ҳунари аҷдодӣ, аз ҷумла омӯзондани он ба занону духтарони хонашин, дар марказ ва деҳоти он чанд коргоҳи хурд сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи маълумоти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Лахш, бо мақсади ҷалби занону духтарони хонашин ба шуғли доимӣ ва соҳибҳунару соҳибкасб гардондани онҳо дар асоси шартномаҳои тарафайн бо филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Тоҷикобод» дар соли 2018 140 нафар ва шаш моҳи соли равон 73 нафар бонуву духтарони бекор ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд.
Ҳамчунин, дар деҳоти Қашоти ноҳия як оила дастаҷамъона ба ҳунари намадрезӣ ва бо усули маҳаллӣ ороиш додани он машғул мебошад, ки маҳсули меҳнати онҳо дар дохили ноҳия ва берун аз он харидорони худро дорад. Як оилаи дигар дар маркази ноҳия ба қолинбофии дастӣ машғул мебошад.

Боздид аз коргоҳи дӯзандагии “Сумая”
25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Сумая” шинос шуданд.
Коргоҳ соли 2017 таъсис ёфта, то имрӯз 30 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла 25 нафар зани хонанишин ва як маъюбро соҳиби кор кардааст. Дар бинои дуошёнаи коргоҳ коргарон, асосан, ба дӯхтани либос машғул мебошанд ва пурра мактабҳои ноҳияро бо сарулибос таъмин менамояд. Барои соли хониши 2019 - 2020 шуъбаи маорифи ноҳия бо коргоҳ барои дӯхтани 6000 либос шартнома имзо кардааст.
Фаъолияти пурсамари корхонаро Сарвари давлат ҳамчун яке аз роҳҳои амалӣ кардани ҳадафи чорум - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим маънидод карда, таъкид доштанд, ки бояд коргоҳҳои саноатии мамлакат муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони кишварро бо маҳсулоти ватанӣ - сарулибоси босифат пурра таъмин намоянд.
Тавре роҳбари корхона Фирдавс Мирзоев иттилоъ дод, дар коргоҳ дар асоси фармоиш барои муассисаҳои давлатӣ, аз қабили идораи хизматрасонии коммуналӣ ва марказҳои савдои ноҳияи Лахш, сарулибоси махсус тайёр мекунанд.
Соҳибкори маҳаллӣ мақсад дорад, ки барои таъмини мардум бо ҷойи кор ва рушди деҳот дар ноҳия боз як коргоҳи қаннодӣ ва ошхона барои сайёҳон сохта ба истифода диҳад.

Ба истифода додани майдони марказии ноҳияи Лахш бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатӣ
Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Муҷассамаи барқади Исмоили Сомонӣ рамзи давлатдории қадимаи тоҷикон бо пояаш 8 метрро ташкил медиҳад. Он аз ҷониби ҳунармандон ва ҳайкалсозони Донишкадаи рассомии кишвар сохта шудааст. Барои сохтмони муҷассама сокинони ноҳия бо дастгирӣ аз сиёсати созандаю ободгаронаи Ҳукумати кишвар камари ҳиммат баста, онро аз ҳисоби маблағҳои соҳибкорони ватандӯст бунёд карданд.
Дар майдони марказии ноҳия дар баробари муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мардуми ноҳияи Лахш тавассути ҳашар Нишони давлатиро бо баландии 14 метр сохта мавриди баҳрабардорӣ омода карданд.
Бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ҳукми анъана даромада, омили муҳими муаррифии давлату миллати тамаддунофар ва рамзи ифтихори мардуми фарҳангсолору ватанхоҳи тоҷик мебошад.
Дар ноҳияи Лахш дар шафати варзишгоҳи марказӣ аз тарафи сокинони ноҳия пояи Парчами миллӣ сохта ба истифода дода шуд, ки майдони он макони сайру тамошои мардуми меҳнаткаши ноҳия гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти кишвар рушд карда истодаанд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум шароити созгор фароҳам оварда мешавад.
Дар ноҳияи Лахш низ барои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёду ба истифода додани иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми сокинони ноҳияи Лахш барои бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.

Мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Лахш
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинони ноҳияи Лахш, ки барои мулоқот бо роҳбари хеш дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.
Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мардуми заҳматпешаву меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти ноҳияи Лахш, ки дар муддати кӯтоҳ ба шарофати дастгирии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ба даст омадааст, изҳори хушнудӣ карданд.
Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 750 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳукумати кишвар барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бахусус пардохти саривақтии маошу нафақа, диққати аввалиндараҷа дода, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ менамояд.
Ҳоло раванди амалисозии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 - 2020 идома дорад, ки дар доираи он 140 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва иҷрои он зери назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ амалисозии 136 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст ва то ба имрӯз ҳамагӣ 40 иншоот бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд. То ба имрӯз дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 565 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи 2 лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 130 миллион сомонӣ идома дорад.
Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи пурраи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Сайрон - Қарамиқ ва қитъаи Обигарм - Нуробод имкон медиҳад, ки тавассути онҳо рафтуомади одамон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот бамаротиб афзоиш ёбад.
Дастуру супоришҳои дигар ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои рушди соҳаи кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан рушди қутоспарварӣ, бунёду барқарорсозии боғот, дода шуданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Лахш, кормандони касбу кори гуногун баромад карда, барои таъмини шароити шоистаи зиндагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2019    №: 121 - 122    Мутолиа карданд: 4098
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед