logo

сиёсат

АЗ МУҲАББАТ ТО САДОҚАТ. ЭҲТИРОМИ ПРЕЗИДЕНТ БА КӮДАКОН ВА САМИМИЯТИ КӮДАКОН БА ПРЕЗИДЕНТ

Борҳову борҳо шунидаему дидаем ва ҳам шоҳид шудаем, ки Пешвои миллат зимни вохӯриҳо, мулоқотҳо аз кӯдакон мепурсад: «Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?». Посухи аксаран дар ин маврид як аст: «Президент». Сарвари давлат табассум мекунад ва низ механданд. Ин табассуму ханда басо зебо, ширин, самимӣ ва дилнишину хотирмонанд.
Бешак, дар ин ҳол «Президент», ки ом аст, хос мешавад. Мурод аз «президент» Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба яқин, онҳо намедонанд, ки ин чӣ гуна вазифа асту чӣ тавр интихоб мешавад ва чи масъулияти бузургро дорад.
Не, онҳо президент шудан намехоҳанд, Эмомалӣ Раҳмон шудан мехоҳанд. Ҳеҷ кас водорашон насохтааст, ки чунин посух бидиҳанд. Ва ҳам ҳеҷ кадоме аз кӯдакон интизори ин гуна  пурсиш набуданд.
Дар вуҷуди ин хурдсолон Худованд неруе, фаҳмишеро ниҳодааст, ки некро аз бад зуд мешиносанд ва самимиятро аз ҳама сохтакориҳо. Ин муҳаббати кӯдакон, меҳру дустдории онҳо на имрӯзист. Ҳеҷ намедонанд, ки маҳз дар даврони сарварии ин Пешвои муаззам кишвар ободу зебо шуду рушду нумӯ кард. Танҳо суратҳои ӯро дидаанд. Аз он дарёфтаанд, ки чун худашон дили софу покиза ва пур аз меҳру садоқат дораду саодати ҳамаро хоҳон аст.
На кам, балки бисту ҳафт сол боз дӯсташ медоранд ва бо ӯ ифтихор мекунанд. Агар ҳам сад сол мегузарад, ин муҳаббат, ин садоқат ба ҳеҷ давре, ҳатто барои лаҳзае кам намешавад, коҳиш намеёбад.
Кӯдакон чун ҳар киро дӯст бидоранд, самимӣ дӯст медоранд. Ҳеҷ неруе наметавонад, ин муҳаббатро аз онҳо бигирад. Ҳатто кӯдаконеро, ки аз набардгоҳ, зиндонҳои Сурия оварда буданд, ба як дидор, дидани расму сураташ ба ӯ дилбастагӣ пайдо карданд. Ва баъд донистанд, ки наҷотбахшашон ӯст. Ин ҳақиқатро дар он рӯзгор равоншиносон дарёфтанд ва дар тааҷҷуб ҳам афтоданд.
Муҳаббату дӯстдории Пешвои муаззамро нисбат ба кӯдакон мебинему шоҳид мешавем ва бори дигар бовар ҳосил мекунем, ки ин сифатҳои нек азалӣ, худодӣ аст.
Ба ростӣ, ҷойи ҳайрат мебошад ва ифтихор, ки дар як дили ба зоҳир хурду дар асл бузурги Сарвари давлати мо ин қадар меҳру муҳаббат чӣ гуна маъво дорад. Инро мардум хуб омӯхтааст ва ба ҳар вохӯрию мулоқот ба пешвозаш, истиқболаш кӯдаконро дар сафи пеш мегузоранд. Онҳо шеър мехонанд, шеър дар васфи Сарвари давлат, дар васфи нафаре, ки онҳоро ба ҷону дил дӯст медорад. Хониши ин кӯдакон аз дигарон ба куллӣ фарқ дорад. Дар ин хониш эҳсоси гарму муҳаббат ба рӯшанӣ, ба пуррагӣ рӯ мезанад. Магар дидаем, ки Сарвари давлате мисли Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро бад-ин поя дӯст бидорад, навозиш бикунад, бибӯсад, рӯи даст бигирад, гарму самимӣ бо ӯ гуфтугӯ бинамояд? Не. Пешвои муаззам дар ин маврид низ беназир аст.
Мо аз ёд набурдаем, оё метавонад, ки кӯдакон фаромӯш бисозанд, ки Президенти маҳбубашон на як бор, балки чандин бор ба табрики соли навии онҳо омадааст. Оре, на дасти холӣ, балки бо туҳфаҳо, туҳфаҳои гаронарзиш, ки писандашон афтодааст. Албатта, бо дили саршори меҳру дӯстдорӣ низ.
Бо кӯдакон сурат гирифтааст. Ин беҳтарин хотира аз вохӯрӣ, аз мулоқоташон бо Сарвари давлат як умр дар ёдашон боқӣ мемонад. Ҳатман, чун бузург шаванд, ба фарзандонашон, наберагонашон ҳикоят мекунанд. Агар ҳам мепурсанд, ки рӯзи пурсаодаттарини зиндагияшон кадом рӯз аст, ҳатман ҳамин рӯзро ном мебаранд ва барои ҳақиқати посухашон ин суратҳоро нишон медиҳанд. Ин суратҳо арзиши гарону бузургро пайдо мекунанду ҳатман дар деворҳо меовезанд, то ба ҳар бор бар он бинигаранду чашмонашон нур бигиранду бори дигар аз нав кӯдак бишаванду ифтихор бинамоянд. Ба ёд меоранд, ки Сарвари хирадманду адолатпешаву ғамхорашон дар ҳар вохӯрию мулоқот онҳоро ба илмомӯзӣ, худогоҳӣ, дӯстдории Ватану сарзамини аҷдодӣ ҳидоят мекард. Суханони ҳидоятгаронаи ӯ басо муассир меафтод ва водорашон месохт, ки бар ивази ин ҳама муҳаббату садоқату ғамхорӣ хубу аъло таҳсил бикунанд, то вориси сазовори миллат бишаванд. Ба яқин, ба ёд хоҳанд овард, ки Сарвари давлат ба онҳо рӯ оварда, бо таъкид изҳор дошта буд: «Шумо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошед, ки ворисони ҳақиқии миллати куҳанбунёд ва тамаддунпарвари тоҷик ҳастед».
Ин кӯдакон, ки фардо падару бобо, модару момо мешаванд, ба фарзандону наберагон ҳатман хоҳанд гуфт, ки аз дасти Сарвари давлат чӣ гуна туҳфаҳои гаронарзишу хотирмон гирифтаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон борҳову борҳо ба хотири дидорбинию шиносоӣ, фаҳмидани аҳвол ва ҳамроҳ шудан ба шодиву хурсандии кӯдакони ятим ба наздашон, ба мактаб- интернатҳо рафтааст. Худ либосҳоро барои ин кӯдакон интихоб кардаву ба онҳо пӯшондааст. Дар яке аз ин вохӯриҳо  изҳор медорад: «Имрӯз барои шумо ҳамчун туҳфаи идонаи Сардори давлат компютер, телевизор, таҷҳизоти хӯрокпазӣ, дастгоҳҳои пахши мусиқӣ, ба ҳар кадоматон либосу пойафзоли гарми зимистонӣ ва асбобҳои хониш тақдим мегардад». Дар ивази ин ҳама  ҳеҷ чиз хостор нест, ҷуз ин: «Умедворам, ки бо истифода аз онҳо ҳар яки шумо ба таҳсилу касбомӯзӣ бештар машғул мегардед».
Бар замми ин туҳфаҳо барояшон дастархон меорояд, дастархони пур аз анвои хӯрданию нӯшиданӣ.
Пешвои муаззам, ҳамчунин, дастур низ медиҳад, ки дигарон, масъулон, аз аҳволашон бохабар бошанду ба онҳо ёрии моддӣ бирасонанд. Борҳо шунидаему хондаем, ки ӯ бо таъкид изҳор доштааст: «Шумо - омӯзгорон ва мураббиёни мушфиқ кори басо пурсавобро пешаи худ кардаед. Зеро дар баробари таълиму тарбия, нигоҳубини шахсонеро ба зимма доред, ки мудом бо кумаки шумо ниёзманд мебошанд. Бинобар ин, ба шумо барои заҳмати пурмашаққате, ки дар роҳи парасторӣ ва таълими тарбиятгирандагони мактаб - интернат сарф мекунед, арзи сипосу миннатдорӣ менамоям».
Дар озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» ин дӯстдорӣ, садоқат ба Пешвои маҳбуб, наҷотбахши миллат бо шеърҳои равону  самимӣ ва пурмазмун, ки ба Сарвари давлат бахшида шуда буданд, рашан инъикос меёфт.
Чи хуш аст ва ҳам ба бахти мост, ба бахти ин миллати куҳанбунёд мебошад, ки ин муҳаббатҳо ба ҳар рӯз, ба ҳар сол бештару қавитар мегарданд.
Бошаду ҳамеша чунин бошад!

«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2019    №: 226    Мутолиа карданд: 1701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед