logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ИЗҲОРИ СИПОС НАМУДАНД

18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, анҷоми тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахш, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ андешаронӣ карда, соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон кормандони соҳаи тандурустӣ Гавҳар Саидмуродова, Муҳаммад Ҳусейнов, Манучеҳр Давронзода, донишҷӯён Рудоба Мамнурова, Руъёи Талбакзода ва Маҳбуба Раҳмонова баромад карда, барои дастгириҳои рӯзафзун нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити созгори донишомӯзӣ ба Президенти мамлакат изҳори сипос намуданд.
Дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоиста бар нафъи давлату миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи коронавирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.
Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардондани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расондани ёрии тиббӣ» ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мукофотҳои давлатӣ – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Шараф» дараҷаи I, се ордени «Шараф» дараҷаи II, бисту ҳафт медали «Хизмати шоиста», ҳабдаҳ медали «Шафқат» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ супурда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни табибон ва ҳамшираҳои шафқатро ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳоро шахсан ба кормандон тақдим карда, ба онҳо саломатию сарбаландӣ ва дар оянда низ адои хизмати софдилона ба халқу Ватанро орзу намуданд.
Дар охири чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хешро ҳимоя менамоянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2020    №: 157    Мутолиа карданд: 735
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед