илм
Фатҳуллоҳи Гулен. Ислом ва демократия
Дин, бавижа ислом, солҳои охир яке аз меҳварҳои печидаи баҳсу баррасиҳо қарор гирифтааст. Фарҳанги муосир ба дин аз дидгоҳи мардумшиносӣ, илоҳиёт, равоншиносӣ ва ё равонковӣ назар андохта ва онро бо шеваҳои амалӣ арзёбӣ кардааст. Аз як сӯ дин падидаест, ки онро инсон дар даруни хеш эҳсос мекунаду аз сар мегузаронад ва ба ҷанбаҳои пойдору нотағйири рӯзгори ӯ муртабит аст. Вале аз дигар сӯ гурӯҳе аз имонмандон динро ба унвони фалсафа – маҷмӯаи аслҳои ақлонӣ ва ё чун сӯфигарӣ мешиносанд. Чун сухан аз ислом равад, баҳс печидатар мешавад, зеро бархе аз мусалмонон ва сиёсатмадорон онро сирфан ба ҳайси идеологияи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мепазиранд.
Агар мо мехоҳем дин, демократия (мардумсолорӣ) ё ягон низоми сиёсии дигар ва ё фалсафаеро саҳеҳ таҳлил кунем, пас боистӣ баҳсро сари фитрат ва ҳаёти инсон мутамарказ созем. Аз ин дидгоҳ дин умуман ва ислом хусусан бо демократия ва ё ягон низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии дигар қобили муқоиса нест. Дин бар ҷанбаҳои мусалламу тағйирнопазири ҳаёт ва ҳастӣ устувор аст, дар ҳоле ки низомҳо ва назарияҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҷанбаҳои ҳар лаҳза тағйирпазири рӯзгори заминии мо сару кор доранд.
Он ҷанбаҳои ҳаёт, ки ғолибан шӯру ҳаяҷони динро бармеангезанд, имрӯз ҳам ниҳоят пурарзишу ниҳоят доғ ба шумор мераванд, ҳамон сон ки дар овони пайдоиши башар ва дар оянда низ ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд. Вале низомҳои моддӣ баробар бо авзои иҷтимоӣ тағйир мепазиранд ва бо таваҷҷӯҳ ба даврони мавҷудияташон баҳогузорӣ мешаванд. Имон ба Худо, ба ҳаёти ухравӣ, ба паёмбарон, ба китобҳои муқаддас, ба фариштагон ва ба қазову қадари илоҳӣ ва сойири аслҳои бунёдини ислом таҳти нуфузи замони бесуботу тағйирпазир қарор намегиранд, ончунонки аслҳои ҳамагониву пойдори парастиши Худо ва ахлоқ бо ҳаёти инҷаҳонии даргузар ҳеҷ иртиботе надоранд.
Аз ин лиҳоз мо бо қиёси дин ё ислом бо демократия бояд дар ёд дошта бошем, ки мардумсолорӣ низомест, ки пайваста рушд мекунад ва тағйир меёбад; низ бо таваҷҷӯҳ ба макон ва шароити вуҷуди хеш гуногун мешавад. Аз дигар ҷониб дин дар иртибот бо имон, ибодати Худо ва ахлоқ аслҳои собите тадвин кардааст, биноан фақат он ҷанбаҳои исломро метавон бо демократия қиёс намуд, ки ба ҳаёти инҷаҳонӣ нисбат дорад.
Ҳадафи меҳварии ислом ва ҳақиқатҳои тахаллуфнопазири он ба қонунҳое нуфуз мекунанд, ки ҷанбаҳои мудом тағйирпазири ҳаёти моро идора месозанд. Ислом як шакли нотағйири мудириятро пешниҳод намекунад ва кӯшо ҳам нест, ки онро ташаккул диҳад. Ба ҷои он аслҳои бунёдине таъйин мекунад, ки ҷанбаҳои ҳамагонии мудириятро самту сӯ мебахшанд ва ба одамон ихтиёр медиҳад, ки навъ ва шакли мудириятро мутобиқи шароит ва талаботи замон баргузинанд. Агар мо ба ин қазия аз ин зовия бархӯрд кунем ва исломро бо демократияи либералии муосир муқоиса намоем, пас таносуби ислом ва мардумсолориро беҳтар мефаҳмем.
Андешаҳои демократӣ аз замонҳои бостон сарчашма мегиранд. Демократияи либералии муосир дар раванди инқилобҳои Амрико (соли 1776) ва Фаронса (солҳои 1789-99) падид омад. Дар ҷомеаҳои демократӣ худро одамон худ идора мекунанд, на касе ба идораи онон машғул аст. Дар ин низоми сиёсӣ шахс дар назди ҷомеа бартарӣ дорад ва озод аст, ки чигунагии зистанашро муайян кунад. Аммо айни замон фардгароӣ (индивидуализм) як ҳақиқати мутлақ нест. Одамон ба ҳаёти беҳтар дар иҷтимоъ дастрасӣ меёбанд, аммо ин аз онҳо маҳдудиятҳоеро дар озодии шахсиашон тақозо дорад.
Паёмбари гиромии ислом (с) мефармояд, ки ҳамаи одамон мисли дандонаҳои шона баробаранд. Ислом одамонро бино ба тафовутҳои нажодӣ, ранги пӯст, синну сол, вижагиҳои миллӣ ё ҷисмонӣ қисмат намекунад. Паёмбар (с) эълом фармуда: «Мо одамон ҳама аз Одам пайдо шудаем ва Одам аз хок ва эй бандагони Худо, бародарон [ва хоҳарон]-и ҳам бошед!» Аз ин ҳадис бармеояд, он ки пештар аз дигарон таваллуд ёфтааст, он ки сарват ё қуввати бештар аз дигарон дорад ва ё он ки ба хонавода ё гурӯҳи қавмии мушаххасе тааллуқманд аст, ҳаққи зотии мудирияти дигаронро надорад.
Низ ислом аз аслҳои бунёдини зерин ҳимоят мекунад. Якум, қудрат дар ҳақиқат ифода меёбад ва ислом он бардошти миёни мардум густаришёфтаро ки гӯё ҳақиқат ҷонибдори қудрат аст, инкор мекунад. Дуюм, адолат ва қонун аслҳои ҳатмии зиндагианд. Сеюм, озодии дин, ҳаққи зиндагӣ, моликияти шахсӣ ва тандурустӣ (ҳам ҷисмонӣ, ҳам ақлонӣ) халалпазир нестанд. Чаҳорум, ба асрор ва масунияти ҳаёти шахсӣ замонат медиҳад. Панҷум, ҳеҷ кас бедалел ба ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад ва ё барои иртикоби ҷинояти каси дигар мавриди ҷазо қарор намегирад. Шашум, низоми қувваи иҷроия машваратист.
Ҳамаи ҳуқуқ ба як андоза муҳиманд ва ҳаққи як инсон қурбони манофеи ҷомеа наметавонад шавад. Ислом бар ин бовар аст, ки ҷомеа аз афроди огоҳе фароҳам омада, ки озодии интихоб ва масъулияте ҳам барои худ ва ҳам барои атрофиён доранд. Бар илова ислом гоме ба пеш мениҳад, буъди ҷаҳонӣ касб мекунад ва ба рағми бархе ҷараёнҳои фалсафии ғарбии асри XIX башариятро «мотор»-и таърих медонад. Ончунон ки ирода ва рафтори озоди фард ҳосили ҳаёти дунявӣ ва ухравии ӯро муайян мекунад, тараққӣ ё таназзули ҷомеа бо ирода, ҷаҳоншиносӣ ва шеваи зиндагии аъзои он таъйин мешавад. Дар Қуръони Карим мехонем: «Худо чизеро, ки аз они мардумест, дигаргун накунад, то он мардум худ дигаргун шаванд» (Раъд, 11). Ба ибораи дигар ҳар ҷомеа худ сарнавишти худро идора мекунад». Дар як ҳадиси Паёмбар (с) ин нукта таъкид шудааст: «Ба шумо, он гуна ки ҳастед, роҳбарӣ мекунанд! Ин аст он бунмоя ва рӯҳи демократия, ки ба аслҳои ислом муғойират надорад.
Модом ки ислом худи афрод ва ҷомеаро масъули сарнавишти худашон мешуморад, пас одамон барои чигунагии роҳбариашон масъулияте доранд. Қуръон ба аҳли иҷтимоъ ин гуна муроҷиат мекунад: «Эй мардум!» ва «Эй мӯъминон!» Масъулиятҳое, ки низомҳои демократии муосир бар дӯш доранд, ҳамон сон аст, ки ислом аз ҷомеа тақозо дорад. Дар Қуръони Карим мо ба чунин оятҳо дучор меоем: «Эй касоне ки имон овардаед, ҳамагон ба итоат дароед» (Бақара, 208); «Эй касоне ки имон овардаед, аз дастовардҳои некуи хеш ва аз он чи бароятон аз замин рӯёнидем, инфоқ кунед» (Бақара, 267); «Ва аз занони шумо онҳо ки муртакиби фаҳшо (зино) мешаванд, аз чаҳор тан аз худатон бар зидди онҳо шаҳодат бихоҳед» (Нисо, 15); «Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонашон баргардонед. Ва чун дар миёни мардум ба доварӣ нишинед, ба адл доварӣ кунед» (Нисо, 58); «эй касоне ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед ва барои Худо шаҳодат диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо- чӣ тавонгар ва чӣ дарвеш –буда бошад (Нисо, 135); «ва агар [душманони шумо] ба сулҳ гароянд, ту низ ба сулҳ гарой» (Анфол, 61); «агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабод аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб бирасонед, он гоҳ аз коре ки кардаед, пушаймон шавед» (Хуҷурот, 6); «ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон оштӣ афканед» (Ҳуҷурот, 9). Бад-ин минвол аз он чи зикр шуд, метавон истинбот кард, ки Қуръон тамоми ҷомеаро мавриди хитоб қарор медиҳад ва ба зиммааш ҳамон масъулиятҳое мегузорад, ки назди мо низомҳои демократии муосир гузоштаанд.
Одамон бо анҷоми ин масъулиятҳо бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд ва низ ҷиҳати таҳаққуқи онҳо муассисоти заруриро ба вуҷуд меоранд. Ҳукуматҳо ин ҳама муассисаҳоро иттиҳод мебахшанд. Пас ислом ҳукумати поярезишуда бар созиши иҷтимоиро пешниҳод мекунад. Одамон роҳбаронро интихоб ва дастгоҳи давлатиеро вазъ менамоянд, ки мушкилоти иҷтимоъро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад. Ҷомеа ҳам дар бозрасии мақомот ва фаъолияти он мушорикат меварзад. Ин усули бунёдини коркарди қудрат, минҷумла интихоботи озод, дар аҳди ҳукумати чаҳор халифаи аввал (солҳои 632-661) басо ҷиддӣ риоят мешуд. Пас аз шаҳодати Алӣ (к)- халифаи чаҳорум низоми сиёсӣ ба иллати низоъҳои дохилӣ ва вазъи ҷаҳон шакли султонатро гирифта ва қудрат меросӣ шуда буд. Бо вуҷуде ки интихоботи озод дигар баргузор намегашт, куллияи сойири аслҳо, ки имрӯз мабонии демократияи либералии муосир мебошанд, он замон муроот мешуд.
Ислом ойине иттиҳодбахш аст, ки ба имон ба Худои Якто- Офаридгору Парвардгори саросари коинот асос дорад. Ислом кеши саропои ҷаҳон аст. Ин бад-он маънист, ки кулли коинот мутеи қонунҳоест, ки Худо вазъ кардааст ва бад-ин дастур ҳамаи аҷзои гетӣ «мусалмон»-анд ва бо итоат ба қонунҳои эзадӣ пеши Худо сари таъзим фуруд меоранд. Ҳатто инсоне, ки имон ба Худо надорад ё аз дигар дин пайравӣ мекунад, кому ноком мусалмон мебошад, ба ованде ки пайкари ӯ ҷузви ҷаҳон аст. Зиндагии ӯ сарбасар – аз марҳилаи ҷанинӣ то табдили ҷисм ба хок- ҳар зарра, ҳар мушаки тани ӯ ҳамон муқаддаротеро хоҳад дид, ки барояш муқаррар шуда. Пайдост, ки Худо, табиат ва башарият дар ислом ҷудо аз ҳам нестанд. Худо дар табиат ва башарият Худро таҷаллӣ медиҳад ва табиату башарият ду Китобе ҳастанд, ки Худо дар ҳар ҳарфи онҳо ҷилвагарӣ дорад. Ин ҳақиқат андешаеро бармеангезад, ки ҳама чиз аз ӯст ва худи инсон низ ва ҳеҷ чизе дар коинот барои инсон бегона нест. Бад-ин минвол таваҷҷӯҳ, муҳаббат ва истионати ӯ махсуси нажоде ё қавме нест, балки ҳамагонро шомил аст. Паёмбари мо (с) ин нуктаро чунин хулоса мекунад: «Эй бандагони Худо, бо ҳам бародар [ва хоҳар] бошед!»
Дигар нуктаи умда ин аст, ки ислом ҷамеи динҳоеро, ки пеш аз он ҳастӣ доштанд, мепазирад. Ислом тамоми паёмбаронеро, ки ҷиҳати нубувват барангехта шудаанд ва китобҳои муқаддасеро, ки ба ашхоси гуногун дар давраҳои таърихии гуногун нозил гаштаанд, мепазирад. Ислом на танҳо аз онҳо истиқбол мекунад, балки боз имон ба онҳоро шарти ҳатмии мусалмонӣ медонад. Бо ин ягонагии тамоми динҳоро мепазирад. Мусалмон дар як замон пайрави ростини Иброҳим, Мӯсо, Довуд, Исо ва сойири анбиёст. Ин як далел бар он аст, ки масеҳиён ва яҳудиён дар арзи таърих ҳуқуқи мазҳабии худро ҳифз карданд, ҳарчанд ки дар арикаи қудрат мусалмонон қарор доштанд.
Низоми иҷтимоии исломӣ талош дорад, ки ҷомеаи ормоние эҷод кунад, то бо ин хушнудии Худоро ёбад ва ҳуқуқро асоси ҳаёти иҷтимоӣ мешуморад. Бунёди робитаҳои мутақобил бояд бар имон, меҳр, эҳтироми тарафайн, ҳамфаҳмӣ ва ҳамёрӣ бошад. Худогоҳии иҷтимоӣ одамонро вомедорад, ки пайгирии ормонҳои воло кунанд ва ба сӯи таъоливу камол кӯшиш варзанд. Ҳуқуқ ваҳдатро дар назар дорад ва анҷоми корҳои хайр ҳамфикриву ҳамдилиро падид меорад ва имон муносибатҳои бародаронаи миёни афродро замонат медиҳад. Талош ба сӯи таъоливу камол саодати дунявӣ ва ухравиро мӯҷиб мешавад.
Демократия дар давоми замонҳо рушд ёфт. Тавре ки дар гузашта марҳилаҳоеро паймуд, дар оянда низ ба беҳсозиаш идома хоҳад дод. Демократия дар сайри таърихии хеш ба низоми нисбатан инсонитару одилонатар табдил хоҳад ёфт. Агар демократия бо баррасии одамон ба унвони маҷмӯае тамом аз ҷанбаи рӯҳонии ҳастии онон ва ниёзҳои рӯҳонии онон сарфи назар накунад ва аз ёд набарад, ки ҳаёти инсонӣ бо ин дунёи фанопазир маҳдуд нест ва ҷамеи одамон ба сӯи абадият дар ҳаракатанд, пас ба авҷи такомули худ хоҳад расид ва ба башар саодати бештар хоҳад расонд. Аслҳои исломии баробарӣ, таҳаммулпазирӣ ва додварзӣ дар таҳаққуқи ин метавонанд мусоидат кунанд.
Аз русӣ тарҷумаи
Ҳушанги КОМЁР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5261