logo

сиёсат

СУҲБАТҲОИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни муколама сарварони ду давлат рӯйдодҳои як рӯз пеш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадаро баррасӣ карданд.
Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ маълумот доданд.
Зимни суҳбат баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт.  
 
* * *
30 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни он сарварони давлатҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намуда, вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аҳамияти хосаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қӯшунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида   равона шуданд, таъкид гардид.
Дар зимн, президентҳо муҳимияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1 май ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии давлатҳоро оид ба  делимитатсия ва демаркатсия дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир намоянд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон, дар асоси дуҷониба, дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл гарданд.
Роҳбари давлати мо аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар аввалин фурсати муносиб даъват ба амал оварданд.
Даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд. Муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян мешаванд.
Аз рӯи натиҷаҳои суҳбат, ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас тибқи тамоми ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд  ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд.
 
* * *
1 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбат сарварони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардондани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро  мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар зимн, ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардондани неруҳои низомӣ ба маконҳои доимии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.  
Президентҳо, ҳамчунин, атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба  делимитатсия ва демаркатсия ибрози андеша намуданд.
 
* * *
1 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни муколамаи боэътимод Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, иттилоъ доданд.
Дар зимн, муҳимияти хосаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид гардид.
Дар маркази диққати ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус ҷараёни нигаронкунандаи рушди вазъ дар Афғонистон, қарор доштанд.
Дар баробари ин, президентҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо зарурати андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро ба хотири таҳкиму таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои фарогири ду кишвар таъкид карданд.
 
3 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
 Дар рафти суҳбат роҳбарони ду давлат муколамаи амалиро дар сатҳи олӣ идома доданд.
Масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба, масъалаҳои  умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар ин зимн ҷонибҳо оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Роҳбари давлати Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар наздиктарин фурсати муносиби  моҳи майи соли ҷорӣ даъват ба амал оварданд.
Даъвати мазкур аз ҷониби Қазоқистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.
Муҳлати мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.05.2021    №: 88    Мутолиа карданд: 1316
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед