logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. БОЗ ЯК МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ ҲАМКОРИҲО ФАРО МЕРАСАД

Решаҳои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба умқи асрҳо расида, аз қадимулайём муносибатҳои дӯстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд. Зеро садсолаҳои охир ин ду миллати бародар дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд, ки дар сарнавишту шеваи зиндагиашон таъсиргузор будааст. 
22 декабри соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқарор гардид. Аз соли 1995 сафорати кишвари мо фаъ-олияти худро дар шаҳри Тошкент оғоз ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ сафораташро дар шаҳри Душанбе боз намуд. То имрӯз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 111 созишнома, аҳднома, қарордод ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангиро фаро мегиранд. Дар миёни силсиласанадҳое, ки байни ду давлат дар сатҳи роҳбарони кишварҳо ба имзо расиданд, Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дӯстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 2000 ба ҳисоб мераванд. 
Аҳдномаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Ӯзбекистон аввалин аҳдномаи дӯстие ба шумор меравад, ки кишвари мо бо давлати хориҷӣ баъд аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ имзо намудааст. Дар санад принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, кӯшишҳои мутақобила ҷиҳати барқарор кардани робитаҳои шарикии иқтисодӣ барои ҳар ду ҷониб судманд ҳам дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам дар сатҳи субъектҳои хоҷагидории ду кишвар, дарҷ шудаанд. Дар заминаи ин ва дигар санадҳои қарордодию ҳуқуқӣ Тоҷикистон пайваста талош менамояд, ки муносибатҳо дар маҷрои ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд инкишоф ёбанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон тайи 30 соли истиқлолият ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин кишвари ба мо дӯст боқӣ мондааст, ки ниҳоят соли 2016 ба сатҳи сифатан нав баромад.
Моҳи марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот муҳимтарин масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки сафари аввалини Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди маҷмӯи муносиботи ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид: «Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи  сифатан  нав  асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар навбати худ ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт. Сарвари кишвари дӯст тамоюлҳои мусбати ахир дар муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд дод. 
Мувофиқаҳои  дар  рафти  музокирот  бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки  тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам меорад. Қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.
Қарордод оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ин замина, тавофуқи ҷонибҳо оид ба марҳала ба марҳала барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир буд, ки амалӣ шуд. Дар рафти музокирот муҳимияти рушди робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, ки ба фаъолнок кардани  унсури бунёдии муносиботи байнидавлатӣ - ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  мусоидат менамояд, таъкид гардид. Президентони ду кишвар аз шаш баробар зиёд шудани  тиҷорати дуҷониба дар вақтҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ҳаҷми онро ба ним миллиард доллар  расонанд. Дар маҷмӯъ, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 созишномаи ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.
Моҳи августи ҳамон сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтанд, ки бо натиҷаҳои баланду  дастовардҳои  намоён  анҷом  шуд. 17 августи соли 2018 дар шаҳри Тошкент дар доираи сафари давлатӣ мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарварони ду давлат масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки президентон 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки то имрӯз ба рушди равобити бисёрсамтаи Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсири нек гузоштаанд.
Дар  доираи  ҳамин  сафари таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд. 
Дар доираи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев “Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақаи мо” бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон - ордени “Эл-юрт ҳурматӣ” сарфароз гардиданд. 
Соли 2020 Ҷумҳурии Ӯзбекистон байни шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гардид, ки, пеш аз ҳама, натиҷаи талошҳои роҳбарони ду давлат аст. Гардиши молу маҳсулот дар ин сол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 333,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуд.
Ҳоло мо дар остонаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон қарор дорем ва интизор меравад, ки дар доираи ин сафар низ таҳаввулоти наве ба вуҷуд хоҳанд омад.
 
Қ. ХУШВАХТЗОДА, 
ректори ДМТ, профессор,
Н. МИРЗОЕВ, 
профессори ДМТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2021    №: 115    Мутолиа карданд: 662
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед