logo

сиёсат

АЗ ФАЙЗИ ВАҲДАТ ТО ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ

«То он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кумаки беруна вазъи моро беҳ сохта наметавонад», - таъкид карданд Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳибаи худ бо рӯзноманигор 19 декабри соли 1992 таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад».
Аз нахустин марҳилаи соҳибистиқлолии кишвар доираҳои муайяни манфиатҷӯ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмуда, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол қабл давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ намоянд.
Хушбахтона, чархи гардун мутобиқ ба майлу рағбат ва тавтеаву нақшаҳои даҳсолаҳо таҳиякардаи муғризон начархид. Ба бахти миллат, дар ин марҳилаи ҳассосу тақдирсоз фарзанди наҷиби даврон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву  хиради  азалӣ  ва  қалби саршор аз муҳаббаташ нисбат  ба халқу Ватан ҳамакнун ба оламиён маълум мегашт, ба ҳайси  Президент  ба  майдони  сиёсат  ворид  гардид. Сарвари тозаинтихоби давлат ва Пешвои умедбахши миллат дақиқназарона, андешамандона ва ботаҳаммул қувваҳои бо ҳам зид, ақидаҳои дар назари аввал оштинопазирро ба созиш оварда, исбот кард, ки ӯ ҳамчун вориси миллати деринбунёду соҳибтамаддуни ориёӣ ҳомии ин халқу ин давлати тозаистиқлол аст ва ин миллат, агарчи бар асоси фитрати поку қалби пурмеҳраш борҳо фиреби “дӯстони хайрхоҳ”-ро хӯрдаву ба гирдоби хуну оташ кашида шудааст, аммо бо бурузи саривақтии хислатҳои худогоҳиву худсолорӣ, ваҳдатгароиву якдилӣ ва пирӯзии хирад бар ҷаҳолат зуд ба салоҳ омада, бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва тадбирандешиву созандагӣ бар ҷафоҳои таърих ғолиб омадаву мавқеи хешро дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳар дафъа мустаҳкамтар менамояд. Чунончи Пешвои муаззами миллат дар китоби хеш “Уфуқҳои истиқлол” (Душанбе, 2018. – С.11-12) зикр намудаанд: “Раванди пурпечутоби сулҳи тоҷикон ва эҳёи баъдиҷангии Тоҷикистон таърихи тӯлонӣ дорад, вале мехостам фақат ҳаминро таъкид намоям, ки сулҳи тоҷикон, пеш аз ҳама, натиҷаи талошу заҳмати самимонаи фарзандони баномуси халқи тоҷик ва пирӯзии хиради мардуми шарифи Тоҷикистон бар ҷаҳолат буд”.
Баъд аз гуфтушунидҳои дурудароз, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҳамчун санади сарнавиштсоз барои пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмину таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ, афзудани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон мусоидат кард. Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон нуқтаи эҳёи фарҳанги давлатдорӣ, бунёди ҷомеаи соҳибфарҳангу боасолат ва таҳкими сулҳу субот дар ҳудуди кишвар гардида, самараҳои наҷиби таърихӣ ба бор овард, ки гувоҳ бар тинати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланди давлатдории Пешвои маҳбуби миллат аст.
Ҳамин тавр, дар баробари фитнаҳои муғризон ва нотавонбинону бадхоҳон халқи азизи кишвар бо даъвати Роҳбари тозаинтихоби давлат, Пешвои маҳбубу волохирад, фарзанди фарзонаи миллат, набзшиноси ҳаводиси ҷаҳон, сиёсатмадори варзидаи замон гӯш фаро хонда, гурӯҳҳои бо ҳам зид силоҳ ба замин гузоштанд, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст гирифта, канори ҳам омаданд, дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор сохта, аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ гузаштанд. Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳода, ба як қатор дастовардҳои назаррас, монанди сохтмони неругоҳҳо, нақбу пулҳо, роҳҳои аҳамияти дохилиҷумҳуриявию байналмилалидошта, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва дигар иншоотҳои азим, ноил шуд ва эътибору нуфузаш дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид. 
Рӯзҳои парешонӣ паси сар шуданд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии мамлакат, амалисозии як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳим ба рӯзҳои неку фараҳбахш расида, дар фазои сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату сарҷамъӣ рӯзгори шоиста ба сар мебаранд ва бо шӯру шавқи зиёд, ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ, ободкориву созандагӣ ба таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ омодагӣ мегиранд. Тоҷикистони биҳиштосо, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба майдони ҷангу ҷидол табдил дода шуда буд, инак, аз файзи ваҳдати миллӣ ба макони амну осоишта, зебову дилфиреб, бо инфрасохтори замонавию хидматрасониҳои технологияҳои рақамӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷаҳониёнро ҷалб кардаву бо 178 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.
Чунончи, Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар (26 январи соли 2021) таъкид намуданд: “Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини сайёҳии пиёдагардӣ, ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва шоҳроҳи Помир ба даҳ роҳи зеботарини дунё шомил шуда, пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амният ворид гардид”.
Аҳамияти бузурги ваҳдати миллии тоҷикон маҳз дар он ифода меёбад, ки аввалин бор бо ибтикори Пешвои муаззами миллат барои ҷомеаи ҷаҳонӣ модели нави ҳалли моҷароҳо пешниҳод гардид. Мавриди омӯзишу баррасӣ қарор гирифтани ин таҷрибаи таърихӣ аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА ва ҳамчун дастурамал тавсия шудани он барои мамолики нобасомон гувоҳи эътибори ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мушкилтарин ҷабҳаи мубориза дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлолу пуриқтидор, пешрафтаву мутараққӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоид барои инкишофи озодонаи шаҳрвандон ин мубориза алайҳи хоинон – парвардагони носипосу намакношиноси худист, ки фирефтаи бозиҳои сиёсии манфиатдорону муғризон гашта, арзишҳои волои инсонӣ, ҳиммати ҷавонмардӣ, нангу номус ва қарзи ватандориву шарафи зиндагии шоиставу сарбаландонаро пушти по карда, даст ба амалҳои зишту харобиовар мезананд. Хиёнат ба Ватан аз бадтарин оинест, ки ашхоси аз тамоми арзишҳои инсонӣ дуру орӣ пайрави он мегарданд. Афроди хиёнатпеша ҳамеша дар замири хеш хислатҳое чун ҳасудӣ, ноҷавонмардӣ ва беномусиву дурӯягиро мепарваранд.
Дар шароите, ки бемории сироятии COVID – 19 ҷаҳонро ба таҳлука андохта, кишварҳои мутараққии ҷаҳонро ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ оварда расондааст, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо истифода аз тамоми имконот барои табобати маризон беморхонаҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва фаъолияти муназзами табибонро таъмин менамояд. Душманони миллат - мухолифини наҳзатӣ аз хориҷи кишвар бо далелҳои беасос ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти андешидани тадбирҳои пешгирии паҳншавии вируси мазкур туҳмату буҳтонҳо зада, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ вазъи бар асари пандемияи фавқулодаи кишварро боз ҳам ноором сохтанӣ шуда, ба зеҳни мардум тухми наҳси шубҳаву тардид ба сиёсати давлатӣ коштанӣ ҳастанд. 
Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар  таъкид намуданд: “... Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашида, то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд”.
Мо аҳли илму маориф, зиёиёни кишвар, калонсолон ва кулли ҷомеаи шаҳрвандиро, ки шоҳиди бевоситаи он рӯзҳои парешониву ҳузнангез, яъсу ноумедӣ, ҷангу ҷидол, харобкориву мардумозорӣ будем, зарур аст, ки ба тарбияи наврасону ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба камол расонда, сулҳу суботи сартосарӣ ва ояндаи дурахшони давлати ҷавони хешро таъмин намоем.
Масъалаи худогоҳии миллӣ ва нақши он дар пойдории миллату давлат дар мақолаи доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С.Ятимов таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат» [Ҷумҳурият. 21.04.2021. № 79 (24 186).-С.3] бисёр хуб арзёбӣ гардидааст: «Масъалаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ – масъалаи пойдорӣ, устуворӣ, бақои миллат ва давлати миллӣ аст. Ҷойи онро қудратмандтарин падидаи дигар (артиш, силоҳи ҳастаӣ, мақомоти амниятии муҷаҳҳаз бо кулли имконот), ҳатто ҳукумати аз лиҳози сиёсати иҷтимоӣ муваффақ гирифта наметавонад. Таҷрибаи сиёсии ду садсолаи ахир инро бори дигар тасдиқ кард».
Маҳз самараи ваҳдати миллӣ буд, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо аркони давлатдорӣ пурра ташаккул ёфта, масъалаҳои иҷтимоии мардум марҳила ба марҳила ҳаллу фасл гардиданд. Бартарафсозии оқибатҳои офати табиат, ки 11 майи соли равон дар шаҳри Кӯлоб рух дода буд, нишонаи возеҳи ваҳдату сарҷамъӣ, иттиҳоду ҳамдилӣ, бародарӣ ва ғамхории мардуми кишвар нисбат ба якдигар мебошад. Банда, ки дар яке аз гурӯҳҳои кории Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои табиии шаҳри Кӯлоб масъул будам, бо мардуми осебдида суҳбату вохӯриҳо гузаронда, мушоҳида мекардам, ки мардуми мо дарси ваҳдату сарҷамъӣ ва иттиҳоду фаъолияти дастҷамъонаро хуб аз бар намудааст. Ҳамакнун, дар якҷоягӣ ва бо азму иродаи аҳлона ҳама гуна масоилу мушкилотро бартараф намуда, бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва ободкоронаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат пояҳои давлатдорӣ ва ваҳдату ҳамдилиро фарзандвор чун гавҳараки чашм ҳифз менамоянд. Намегузоранд, ки нохалафе, носипосе, фурӯхташудае бар рӯҳияи ваҳдатгароӣ ва арзишҳои миллии давлатдории навини мо халале ворид созад. 
Мардуми мо ҷафоҳои зиёду шадиди таърихро бо баҳрабардорӣ аз ганҷинаи маънавии ҳазорсолаҳо шаклгирифта, фарҳангу тамаддуни оламгир, анъанаҳои меросӣ ва маданияти деринбунёди давлатдорӣ таҳаммул намуда, бозиҳои сиёсии муғризонро барбод дод ва аз файзи ваҳдату сарҷамъӣ ҳар дафъа аз сари нав уфуқҳои нави рушду боландагиро кашф намуд. 
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша намуда, дар баҳсҳои иттилоотӣ дасти боло доранд: бар тамоми иддаову буҳтонзаниҳои бадхоҳону камназарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавобҳои сазовору пурдалел дода, ба гунае “ба даҳони нопоки эшон мушти адолату ростӣ ва ваҳдату якдилӣ” мезананд. Ин ҳама далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон мебошад.
Инак, Тоҷикистони азизу ҷавони мо бо тай кардани шебу фарозҳои зиёди таърихи мавҷудият: обутобёбӣ дар танӯри пургудози кашмакашиҳои дохилӣ, фитнаҳои ҷангҷӯён, имтиҳонҳои ҷавонмардӣ, ниҳоят ба истиқрори сулҳу таъмини ваҳдати миллӣ расида, имрӯз бо сари баланд ва нуфузи ҷаҳонгир дар остонаи таҷлил аз Ҷашни пуршукӯҳу муқаддаси миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад. 
Чунончи, Пешвои муаззаму маҳбуби миллат дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Аш-Шарқ»-и Давлати Қатар (https://khovar.tj, аз 06.01.2021) бо камоли ифтихору сарафрозӣ ва ҳисси баланди миллӣ  барои ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор доштанд: “Соли 2021 Тоҷикистон 30-солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Сокинони кишвар ин санаи муҳими таърихиро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт. Тоҷикистони азиз, ки дар шароити оромию амният, сулҳу ваҳдат умр ба сар мебарад, халқи меҳнатқаринаш барои фатҳи қуллаҳои баланди меҳнатӣ имкону тавон дорад. Мардуми мо солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ давлати миллии худро ҳифз намуд, тамомияти арзиро бо қимати ҷони фарзандонаш таъмин кард, низом ва аркони давлатдориро барқарор сохта, бо заҳмату ҷоннисориҳояш заминаҳои устувори ваҳдати миллиро гузошт”.
Эътимоди комил дорем, ки мо – халқи шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба боварии Пешвои муаззами миллат сазовор монда, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддас симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Ваҳдат ва ҷашни озодию субот ҳумоюн бод!
 
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, 
профессор, ректори Донишгоҳи 
давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2021    №: 127    Мутолиа карданд: 622
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед