logo

сиёсат

ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо – иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар  тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ - сиёсии созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба ҳайси Раиси феълӣ, мо ба татбиқи пайгиронаи нақшаи амали тасдиқшуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, инчунин, ташаббусҳо ва пешниҳодҳои қаблии ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД диққати махсус медиҳем.
Ҳамзамон, зимни мулоқот  ҷиҳати мубориза бар зидди фаъолияти харобиовари неруҳои террористӣ, оқибатҳои экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, муттаҳид сохтани саъю кӯшиш ва ҳамоҳангсозии наздики амалҳои сохторҳои махсусгардондашудаи давлатҳо барои муқовимати самарабахш ба ин хатару таҳдидҳо зарур шумурда шуд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи вазъи мураккаби сиёсии Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки дар ин замина, Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳои мақомоти расмии ин кишвар, инчунин, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба оғози раванди сулҳ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои таъмини амният ва субот дар минтақаи масъулияти созмон барору комёбӣ орзу намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёму дуруди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро бо орзуву таманниёти нек расонда, масъалаҳои шомили рӯзномаи ҷаласаи ассамблеяи парлумониро шарҳ доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2021    №: 132    Мутолиа карданд: 834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед