logo

сиёсат

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ТАШАББУСКОРИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН
Иқтисодиёти Тоҷикистон дар се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ, бо вуҷуди афзудани аҳолӣ ва бештар шудани талаботи ҷамъият, аз ҳама ҷиҳат ба дараҷаи қиёснопазир ташаккул ёфт. Ин шаклгирии мусбатро иқтисоддонҳо оғози шаклгирии иқтисоди рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон унвон дода, дар ин ҷода хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бебаҳо арзёбӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати мо – сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон, яке аз мутахассисони соҳибтаҷриба ва варзидаи сатҳи ҷумҳурӣ Бахтиёр Назарзода низ бар ҳамин ақида аст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафту рушди соҳаи молияи мамлакат, аз ҷумла калонтарин вилояти он – Хатлон, мусоидати комил намуд, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ватанамонро таъмин сохт.
Бо ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ мо соҳиби истиқлолияти молиявӣ низ гардидем. Раванди рушди иқтисодиёт ва эҳёи соҳаи молияи мамлакатро баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вусъат бахшид. Баъди дар ҷаласаи тақдирсоз Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди фарзона ва барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ  гузошта шуд.
Моҳи ноябри соли 1994 дар мамлакат тарзи идораи президентӣ ҷорӣ гардид ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Роҳбари тозаинтихоби мамлакат баҳри амалӣ  намудани қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ  ва орзуҳои ҳазорсолаи мардуми ранҷкашидаи Тоҷикистон камари ҳиммат баст, ба қувваҳои зеҳнӣ  ва ақли солим такя кард. Батадриҷ инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардида, ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон, баргаштани гурезаҳо ин равандро суръати дилхоҳ бахшид.
Ислоҳоти сохтори иқтисодиёт бо ташаббус ва талошҳои роҳбарияти олии кишвар, махсусан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оғоз гардида, то кунун ба таври дилхоҳ амалӣ  шуда истодааст, ки ин ба пурқувват гаштани истиқлолияти иқтисодӣ  ва сиёсии давлат мусоидат менамояд.
Дар ин давра, яъне дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, барои таҳкими сиёсати молиявӣ ва иқтисодиёти мамлакат як қатор қонунҳои ҳаётан муҳим қабул шуданд.
Соҳаи молияи Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ пешрав гардида, дар   ин замина дар баробари сол ба сол афзудани буҷети давлатӣ шароиту имконият даст дод, ки ба беҳтар намудани шароити кории молиячиён   таваҷҷуҳ зоҳир гардад. 
Ҳаҷми буҷети давлатӣ дар ин солҳо бамаротиб афзуд. Агар дар соли 1996 (аз соли ташкилёбии хазинадорӣ) Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 60 миллион сомониро ташкил дода бошад, дар соли 2014 ҳаҷми умумии даромади буҷет ба 13901 миллион сомонӣ баробар гардид ё ин ки 232 маротиба афзуд. 
Дар самти мавриди назар рӯйдодҳои муҳим ва таърихӣ дар тули 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ниҳоят зиёданд, аммо мехоҳам дар хусуси дигаргуниҳо дар соҳаи молия изҳори ақида намоем.
Агар мушаххас бигӯем, соҳаи молияи Тоҷикистон ба шарофати ба даст овардани истиқлол мустақил гардид. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молия” низом ва ҷараёни тоза касб кард. Дар ин замина, дар баробари сол ба сол афзудани буҷет шароиту имконият даст дод, ки ба беҳтар намудани шароити кории молиячиёни вилояти Хатлон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир шавад. Аз ҷумла, дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят, махсусан минтақаи Кӯлоб, биноҳои хуштарҳу зебои раёсатҳои молия қомат афрохтанд, ки имрӯз молиячиёни вилоят бо истифода аз ин шароитҳо содиқона ва бо эҳсоси масъулияти баланд дар хидмати  аҳли ҷомеа қарор доранд. Дар ҳамаи 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят хизматрасонӣ дар сатҳи талаботи замон ба роҳ монда шуда, мақомоти молия бо воситаҳои пешрафтатарини техникӣ ва алоқаи муосир  таъминанд.
Ҳайати сифатии кормандони молия низ ба таври мусбат тағйир  ёфта, имрӯз 49 дарсадро ҷавонони кордону забондон ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин, дар назди Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ  бо  маркази такмили ихтисоси  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, намояндагии минтақавии  маркази такмили ихтисос дар минтақаи Бохтар ба фаъолият шуруъ намуд.
Ин марказ фаъолияти доимӣ дошта, оид ба навигариҳои соҳаи молия, барномаҳои нави соҳа бо молиячиён ва муҳосибони ташкилоту  муассисаҳо омӯзиш гузаронда, шунавандагони гурӯҳҳоро бо сертификат таъмин месозад.
Мавриди зикри хос аст, ки дар доираи дастгирии ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар назди Сарраёсати молияи вилоят китобхонаи замонавӣ  сохта ба истифода доданд, ки хазинаи он зиёда аз 4 ҳазор нусха китобҳои соҳавӣ  ва илмию бадеиро дар бар мегирад. Ин иқдом ҳам, бешак, ба рушди зеҳнӣ ва ангезаҳои таҷриба такони ҷиддӣ мебахшад.
Агар динамикаи рушди иқтисодиётро дар 10 соли охир таҳлил бинамоем, мебинем, ки ба соҳаҳои афзалиятнок - маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳ ба таври рекордӣ зиёд шуда истодааст. Яъне, агар соли 2011 ба соҳаи маорифи вилоят 285,8 миллион сомонӣ маблағгузорӣ  шуда бошад, ин рақам соли 2021-ум ба 1242 миллион сомонӣ расидааст, ки дар маҷмуъ, 4,3 баробар зиёд мебошад.
Маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии вилояти Хатлон 4,6 баробар афзуда, аз 118,7 миллион сомонии соли 2011 дар соли 2021 ба 549,5 миллион сомонӣ  расид.   
Ин дастовардҳои иқтисодии даврони соҳибистиқлолӣ муште аз хирвор буданд, ки такрор ҳам шавад, пеш аз ҳама, маҳз ба шарофати сиёсати оқилона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омаданд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2021    №: 171    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед