logo

иҷтимоиёт

АФСОНАҲОИ КӮДАКИАМ ҲАҚИҚАТ ШУДАНД

Чанд рӯз пеш  аз Душанбе ба зодгоҳам – ноҳияи Лахш рафтам. Аснои тамошои ду  канори роҳ, чашмонам аз дидани иншооти навбунёд,  боғҳои мева, ки аз бори зиёд  шохҳои дарахтонаш ба замин хам задаанд,  кӯдакистонҳои зебо,  майдонҳои  варзиш, коргоҳҳои истеҳсолӣ ва  сохтмонҳои бешумор нури тоза мегирифтанд. Дилам боғ - боғ мешукуфту  сафари нахустинам аз Лахш ба пойтахт, ки бисту  як сол пеш иттифоқ афтода буд ва аз  айёми кӯдакӣ дар зеҳнам сахт нақш бастааст, ба ёд омад. Як муқоисаи сода ҳақиқати бузургро бароям рӯшан сохт. Ин қадар ободонӣ ва пешрафту шукуфоӣ дар масире, ки айни ҳол медидам,  бисту як сол қабл барои мо – наврасони дар ҳасрати осудагӣ хаставу афгор афсона буд. Дар ин фурсати на чандон дароз афсонаҳои кӯдакиам ҳақиқат шуданд. 
 
БА РИВОЯТИ РОҲ
Моҳи декабри соли 2000-ум, ки вазъи сиёсии кишвар ба бахти мо ором шуда буд, бо азми падар хостем зимистони сардро дар пойтахт ба сар барем.  Аммо барои ба Душанбе омадан, мисли имрӯз мошинҳои кироя фаровон набуданд, ки  бо як занги телефони дастӣ назди дарат ҳозир шаванд. Ҳамаи узви оила дар кобини КамАЗ худро, ба қавле, ғиҷим карда, ҷой гирифтему сӯи шаҳр равон гаштем. Ҳоло ҳеҷ кас намепазирад, ки бо аҳли оила дар мошини боркаш роҳ сӯи Душанбе гирад. Тӯшаи роҳ як халта буд, чунки монанди имрӯз дар ҳар гардиши роҳ ошхонаю дукону бозор ба чашм вар намехӯрд. Бобою бибӣ  дуо медоданду ашк мерехтанду аз Худо бароямон сафари бехатар мехостанд, зеро роҳи дароз ҳам мисли ҳозир амну чун кафи даст ҳамвор набуд, хеле валангор буду бардору занҳо дошт. 
Суҳбати падарам бо ронанда аз  дамидани субҳи шодӣ, хайру оромӣ  дар мамлакат оғоз шуд:
- Ростӣ, кайҳо ин ният – саёҳати пойтахтро доштам. Вале бо он вазъе, ки чанд сол буд, худатро ба шаҳр расонда наметавонистӣ, зану фарзанд аз куҷо. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъда вафо карданд, фазои Ватан ором шуд. Хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилӣ дар  кишвари калон осон нест, дар ҳоле ки ҷанҷоли ду нафарро ба созиш овардан мушкил меафтад. Дар замоне, ки як одами одӣ ба ҷонаш хатар медид, бар дӯш гирифтани роҳбарии давлату даромадан миёни обу оташ ба маротиб хатарноктар аз ин аст. Дар он замон роҳбар будан, маънои худро дар дами марг гузоштан буд. Акнун, метавонем якҷо бо фарзандон ба пойтахт равем, - бо эҳсоси осудагию хушҳолӣ шукргузорӣ мекард  қиблагоҳам.  
Ронанда назар ба падарам талхии сафарро дар айёми нокомиҳо бештар чашидааст, ки ҳарфҳои ӯро  шунида, оҳи сабуке кашиду бо мисолҳои бештар аз қадри сулҳу салоҳ гуфт:
- Э, ҷони гапа гуфтӣ. Дар ин роҳ  ман чи азобҳое, ки кашидам. Аз дарахтони канори роҳ дида, сари ҳар қадам силоҳбадастон зиёд буданд. Ҷон дар кафи даст мерафтаму меомадам. Роҳ  не, мисле, ки чоҳ ба назар мерасид.  Камонбадастон манъат мекарданду аз онҳо таҳқиру таҳдид мешунидӣ. То чизе намерӯёнданд, сар намедоданд. Ҷони одам барояшон хеле арзон буд. Беҳисоб мусофирону ронандагонро дар ин масир бар ивази як чизи камарзиш куштанд. Хайрият, рӯзҳои сахту гӯшношунид гузаштанд. Оҳиста – оҳиста эҳсоси хатар ва тарсу ноумедӣ аз вуҷуди ҳама бадар рафт. 
Мақсад аз ёдоварии  аввалин сафарам ба Душанбе назаре ба  ҳолати бист соли пеш дар яке аз самтҳои кишвар - шоҳроҳи Душанбе – Нуробод – Рашт – Лахш ба хотири рӯшанӣ андохтан ба пешрафти зиндагии мардум, ҳаёти осуда, равнақи кори соҳибкорон, ҷӯшухурӯши созандагиҳо ва равуои ҳамватанон ба гӯшаҳои гуногуни Меҳани маҳбубамон аст. Зеро дар ин минтақа, дар ин масир, ҷойи харобиҳову хокистартӯдаҳои бисту як  сол пешро беҳисоб ободониҳо, истеҳсолот, тамошогоҳҳо, маконҳои истироҳату фароғат гирифтаанд. 
Ҳоло  сар аз шаҳри Ваҳдат то шаҳри Роғуну ноҳияҳои водии Рашт инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ бо суръати баланд рушду такомул ёфтаанд. Симои бисёр маҳалҳо, ҳатто дар муқоиса ба даҳ соли пеш, ба таври ношинохтанӣ дигаргун гардидааст. Акнун, ки роҳ сӯи Душанбе мегирем, мебинем, ки аз Лахш то пойтахт қариб тамоми ду ҷониби роҳ бо мағозаю фурӯшгоҳҳо, меҳмонхонаю ошхонаҳо, коргоҳу корхонаҳо, марказҳои хизматрасонии гуногун ва ғайра зинат ёфтааст. Аз ҷумла, бунёди  шаҳраки Дарбанд – маркази ноҳияи Нуробод, ки   сӣ сол пеш афсона менамуд, имрӯз ҳақиқат аст. Шаҳраки тозабунёд бо инфрасохтори баландсифати иҷтимоию иқтисодӣ яке аз дигаргуниҳои воқеӣ дар ин минтақа буда,  ба маркази ояндадори тиҷоратию маъмурӣ табдил меёбад. 
Боз ҳам сохтмону бунёдкориҳо дар авҷанд. Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни чорабинии мутантан 21 сентябр бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт зикр намуданд, дар ҳудуди минтақа ба муносибати истиқболи сазовор аз иди миллӣ сохтмони 1000 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло 880-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.  
 
БУНЁДИ НБО «РОҒУН» КОРИ ОСОН НЕСТ!
Дар ин минтақа  танҳо барои сохтмони ду иншооти бузурги стратегӣ: шоҳроҳи Душанбе – Рашт – Лахш – сарҳади Қирғизистон (беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ) ва НБО «Роғун»  миллиардҳо сомонӣ равона шуданд, ки аз комёбиҳои беназири кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ гувоҳӣ медиҳад. Чанде пеш бо иштироки Пешвои миллат бунёди қитъаи роҳи Ваҳдат – Обигарм – Нуробод оғоз ёфт, ки ин масир ду нақб, панҷ пул, 28 истгоҳ ва пиёдароҳҳои замонавиро дар бар гирифта, барои анҷоми он 4,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Вақти нахустин сафарам ба Душанбе, ки роҳ на танҳо валангор, балки бас мушкилгузар буд, дар тасаввурам роҳе мисли имрӯз ҳамвору оинагуна афсона менамуд.  
Имрӯзҳо «Баҳри Роғун» низ ба дуриҳо доман паҳн мекунад ва ҷилои мавҷҳояш дар шуои офтоб аз дурахши бахту иқболи мардум шаҳодат медиҳад. Дидани ин манзараи зебо, пурзарб, панҷа задани сохтмончиён бар тану бари НБО «Роғун» дилро ба сохтусози Ватан бештар гарм месозад. Аллакай, ду агрегати он ба тавлиди неруи барқ оғоз кард. Ҳамзамон, дар атрофи обанбори мусаффо сохтмони истироҳатгоҳу меҳмонхонаҳои замонавӣ барои сайёҳон тарҳрезию нақшабандӣ шуда истодааст, ки аз мавзеи ояндадори сайёҳӣ будани ин иншооти азими энергетикӣ дарак медиҳад.  
 
СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ ДАСТГИРИИ ОНҲО ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Дар ҳамаи корҳои созандагию бунёдкориҳои рӯзафзун ва болоравии сатҳи зиндагии мардум, ки мо намунае аз онҳоро зикр намудем, дастгирию ғамхории соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   нақши асосиро мебозад. Аз солҳои аввали пойдории сулҳу амонӣ дар ҷумҳурӣ дастгирии соҳибкорон ба хотири пешрафту шукуфоии кишвар дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, онҳо бо ғамхорию роҳнамоиҳои Пешвои миллат дар рушди ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. 
Барои дастгирии соҳибкорон барномаю лоиҳаҳои зиёд роҳандозӣ шуданд. Танҳо дар доираи Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 – 2020 ба ин самт аз ҷониби давлат ба андозаи 40 миллиард сомонӣ имтиёзҳои молиявӣ  равона гаштаанд. 
Ба гуфтаи Саъдӣ Каримзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 49 дарсади соли 2012, соли равон ба 70 дарсад расидааст, ки аз ривоҷи соҳибкорӣ дар мамлакат шаҳодат медиҳад. Ҳоло таъминоти шуғли аҳолӣ 70 дарсад ва даромади Буҷети давлатӣ 80 дарсад ба бахши хусусӣ рост меояд. Соли 2001 агар шумораи соҳибкорони ватанӣ ҳамагӣ 25 ҳазор нафарро ташкил медод, ҳоло ин нишондиҳанда ба марзи 350 ҳазор расид.  Яъне, кунун Ватан 350 ҳазор фарзанди ободгару таҳрикбахши иқтисоди миллӣ,  ноновари хонаводаҳои бешумор  ва ғанигардонандаи Буҷети давлатӣ дар ихтиёр дорад.   
Дар ҳар соҳа соҳибкорон бо роҳнамоии Пешвои миллат дасту остин барзада, иқдомҳои созанда пеш гирифтаанду мегиранд. Ин қишри ҷомеа ҳоло қувваи асосии  пешбарандаи  ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, истеҳсолоти дохилӣ ва таъминкунандаи шуғли аҳолӣ мебошад. 
Онҳо на танҳо шароити зиндагии худ, балки рӯзгори боз чандин нафари дигарро беҳбуд мебахшанд, маҳали зисташонро обод месозанд ва бисёриҳоро соҳиби ҷойи кор менамоянд. Бархе соҳибкорон аз ҳисоби худ дар зодгоҳашон муассисаҳои таълимию табобатӣ бунёд карда, бо равнақ ёфтани фаъолияташон иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сохта истодаанд. Маҳз натиҷаи дастгириву ғамхориҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони маҳаллист, ки сафи онҳо меафзояд, тавассути вусъат гирифтани фаъолияти онҳо сол ба сол симои шаҳру ноҳияҳо, маҳалҳо, кӯчаю гузаргоҳҳо дар ҷумҳурӣ  ба куллӣ дигаргун мегардад.
Бино ба иттилои Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 21 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 70 дарсади онро соҳибкорон бунёд намуданд. 
Илова ба дастгириҳои қаблӣ,  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ аз иқдоми нави давлату Ҳукумати кишвар – то 100 миллиард сомонӣ равона намудани маблағ ҷиҳати тақвият бахшидани дастгирии молиявии соҳибкорон дар солҳои оянда  мужда доданд:
«Мо тасмим дорем, ки ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро минбаъд низ ҳаматарафа дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунем ва низоми маъмурикунонии андозро такмил диҳем. Аз ҷониби низоми бонкии кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳафт соли оянда беш аз 100 миллиард сомонӣ қарз ҷудо карда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли гузашта яку ним баробар афзоиш дода мешавад». 
 
ҲАР СОЛЕ  БЕҲ ЗИ СОЛИ ДИГАР
Имрӯз толеи баланд насиби кӯдакону наврасон ва ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар аст,  ки дар фазои басо амну осуда дар боғчаю дабистонҳои хуштарҳи замонавӣ, мактабу донишгоҳҳои дорои шароити баланд таълиму тарбия мегиранд.  Таҳти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат кору рӯзгори ҳамаи қишри ҷомеаи мамлакат сол ба сол беҳтар мегардад. Илова ба созандагию бунёдкориҳо, ҳамасола Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, садҳо иншооти гуногунро ифтитоҳ менамоянд.  Дар пайи ташрифи Сарвари давлат дар ҷодаи ободкориҳо нерую илҳоми тозае дар вуҷуди ҳамватанон медамад. Имсол бунёдкориҳо ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авҷи тоза гирифтанд, ки дар муқоиса ба даҳ соли пеш аз лиҳози сифату шаҳомат тафовути бузург доранд. Пешвои миллат барои пешрафту ободӣ, ояндаи дурахшони Ватан аз мо-  ҷавонон саъю талоши  бисёртар мехоҳанд. Пас, садоқат бар ивази азхудгузаштагиҳо ва  ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар яки мо – ҷавонони имрӯзи мамлакат аст, ки тақдири ояндаи миллат бар дӯшамон мебошад. Садоқат ба Пешвои миллат, кафолат ба амну осудагӣ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистон аст.    
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.10.2021    №: 204 - 205    Мутолиа карданд: 678
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед