logo

иҷтимоиёт

15 МАРТ. ИМРӮЗ ИД АСТ, ИДИ ТОҶИК, ИДИ «ҶУМҲУРИЯТ»

«Ҷумҳурият» - рӯзномаи миллату давлат, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ид дорад. Балки ин ид 97 сол пеш таҷлил гардида буд ва шукӯҳу тантанааш то ба имрӯз расидаву минбаъд низ хоҳад монд. Агар рӯшантару возеҳтар ва дақиқтар бигӯему ба шарҳаш тасмим бигирем, 15 марти соли 1925 нахустин шумораи рӯзнома бо номи пурсадову пурмаънои «Иди тоҷик» аз нашр баромад. Он, воқеан, иди тоҷик, иди миллат ва давлати навтаъсис бо номи Тоҷикистон буд. Дар ин ид шодиву сурури нахустин кормандони рӯзнома, дӯстдорону алоқамандони ҳақиқии он ва зиёиён ҳеҷ интиҳо надошт.
Агарчи баъдҳо бо тақозои замон, сиёсати давр, иҷрои нақшаҳои бузург номи рӯзнома тағйир ёфт, аммо идаш боқӣ монд. Ин як иди одӣ нест, иди бедорӣ, ҳастӣ ва садоқат ба миллату давлат, ба арзишҳои миллӣ мебошад. Акнун соли 98-уми нашр  оғоз шуд, яъне 97 сол сипарӣ гашт. Пас аз се сол иди дигар, иди хотирмон, яъне 100-солагии рӯзнома, фаро мерасад. Дар кишвар ин ягона ҷаридаест, ки умри зиёд дорад ва дар ин муддат бо садоқат ва муҳаббат дар рӯзҳои душвору пурнишоти ин мардум хидмат кардааст. Таърихи ҳар рӯзи миллатро дар саҳифаҳояш дарҷ намудааст ва аз корнамоиҳои мардуми ин сарзамин барҳақ гувоҳӣ медиҳад. Китобҳои таърихи наздики садсоларо аз саҳифаҳои он дарёфтаву навиштаанд. Ҳеҷ чизи бузург, шахсияти арзандаи давр ва фарҳангу адаби асили кишварро аз мадди назар дур накардааст. Бузургони миллат маҳз дар ҳамин рӯзнома барои ободтару зеботар ва пешрафтатар кардани ҷумҳурӣ андешаҳояшонро бо меҳри хосса иброз ва пешниҳодҳои муфиду ҷолиб намудаанд. Ному кору рӯзгори ин шахсиятҳои барҷаста ва маъруф таърихро зебу шукӯҳи тоза бахшидаанд. Дар он рӯзгори фоҷиабори миллат андак хидмат ҳам эътибори зиёд дошту як навъ қаҳрамониро мемонд. Оре, саъю талошашон бо аҳли эҷоди рӯзнома, ҳаводорони он барои бедорӣ буд. То ки таъкиди беҳтару бештар бишавад, рӯзнома номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт. Баъдҳо ҳам агар борҳо тағйири ном кард, аммо ҳаргиз тағйири мақсаду армонҳои бузурги миллӣ накард.
Дар он наслҳои зиёди қаламкашон парвариш ёфтанд, ба шахсиятҳои таърихӣ табдил шуданд ва бо ҷасорати том барои пешрафт ва пойдории миллату давлат, нигаҳдории ин сарзамини аҷдодӣ саҳми арзандаву мондагор гирифтанд.
Баргузории маҳфилҳои адабиву сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки мактаби хоси рӯзнома ба вуҷуд биёяд. Шукр аз он мекунем ва ҳам ифтихор менамоем, ки ин мактаб ҳанӯз ҳам арзи ҳастиву фаъолияти чашмрас дорад. Ҳар корманд, ҳар қаламкаш дар ин мактаб аёну ноаён тарбия меёбад ва ба камолот мерасад. Аҳли илму фазл, сиёсат бо навиштаҳои худ, хидматҳояшон дар тарбияи омӯзандагон таъсири неку мусбат мегузоштанд ва мегузоранд.
Дар ин рӯзнома кормандону сарварони зиёд фаъолият доштанд, аммо ҳама дар ин муддат як мақсад, як маром доштанд ва онро бо сарбаландӣ дар сатҳи баланд анҷом доданд. Ҳамзамон, дар пойдорӣ, густаришу пешрафти мактаби он саҳми шоиста гирифтанд.
Ташаббусҳову пешниҳодҳои рӯзнома ҳамеша муфид буданд ва ба манфиати давлату миллат. Доиман саъй ба харҷ медод, то фазои асливу маҷозии кишвар софу беғубор бошад.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ рӯзнома боз тағйири ном кард, унвони «Ҷумҳурият»-ро гирифт. Имкони фаъолияту эҷод маҳз дар ин давра афзуду беҳтар шуд. Имрӯз теъдоди расмии алоқамандонаш наздик ба 50 ҳазор  расидааст. Ҳафтае 5 маротиба 250 ҳазор нусха нашр мешавад. Дар як моҳ ин шумора аз як миллион адад мегузарад. 
Ҳеҷ рӯзномае, ҷуз «Ҷумҳурият» дар як сол беш аз 12 миллион нусха ва беш аз 260 маротиба нашр намешавад. 
Ҳеҷ рӯзномае дар кишвар ҳамсоли ин рӯзномаи бонуфуз нест. 
Ҳеҷ рӯзномае пас аз се сол садсолагии худро таҷлил карда наметавонад.
Ин рӯзнома дар ду-се соли охир беш аз 10 озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро гузаронду дар сатҳи баланд, дар шаҳру ноҳияҳои гуногун онҳоро ҷамъбаст намуд. Дар ин самт низ ҳеҷ рӯзномае ҳамтои «Ҷумҳурият» набуд.
Ҳамасола саҳифаҳои онро рубрикаву гӯшаҳои гуногун бо беҳтарин матолиби таҳлилӣ зебу зинати махсус мебахшанду ҷолибу хонданӣ месозанд.
Саҳифаи «Шоми шанбе» чандин сол боз ҳафтае як маротиба талаби хонандагону алоқамандонро қонеъ месозад. Дар матолиби хурди он низ ҳамасола рубрикаҳо иваз, яъне наву хонданитар, мешаванд.
Дар мактаби анъанавии «Ҷумҳурият» агарчи зебо, ҳирфавӣ навиштан ҳатмист, аммо дар баробари он садоқат, муҳаббат ба миллат, давлат, сарзамини аҷдодӣ, сиёсати хирадмандонаи давру Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ободиву пойдории ҷумҳурӣ ва мардуми он аст, муҳимтар арзёбӣ мешавад.
Иди тоҷик, иди «Ҷумҳурият»-ро бо соли 98-уми нашр ба ҳамаи алоқамандону хонандагон табрик мегӯем.
 
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2022    №: 51    Мутолиа карданд: 814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед