logo
<< < апрел 2025 > >>
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Панҷакенти бостониро ба ифтихори Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои ин Ҷашни хусравонӣ андеша ронда, ба мардуми ватандӯсти вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент барои арҷгузорӣ ва идомаи расму оини аҷдодон изҳори сипос намуданд. 
Баъди суханронии Сарвари давлат аз ҷониби аҳли ҳунари вилояти Суғд барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ пешкаши ҳозирон карда шуд, ки тараннумгари сулҳу ваҳдати пойдор, Истиқлоли давлатӣ ва таърихи бойи тоҷикон буд.
 
ИСТИҚБОЛИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд идома дорад.
15 апрел, дар рӯзи дуюми сафари корӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Намояндагони фарҳанг ва ҷавонон дар фазои шукӯҳу фараҳмандӣ ба Президенти маҳбуби хеш садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилоятро эҳдо намуданд.
 
МАРҲИЛАИ СЕЮМИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХАЛТАҲО 
ДАР ҶДММ “СУҒДПАК” ДАР ШАҲРИ БӮСТОН ФАЪОЛ ШУД
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷм дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдпак” оғоз бахшиданд.
Корхонаи нави ҷамъияти “Суғдпак” аз коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ иборат буда, марҳилаи сеюми истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ маҳсуб меёбад.
Таъсису фаъолияти коргоҳҳои нав дар баробари саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёт, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Дар коргоҳҳои бофандагию дӯзандагии нави “Суғдпак” 150 нафар коргарону мутахассисон бо ҷойи кории баландмузд таъмин гардидаанд, ки аксаран сокинони маҳаллӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи якум оид ба истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва моҳи ноябри соли 2017 марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдпак” оид ба истеҳсоли халтаҳои полимерӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буданд.
Муассис, соҳибкорон ва масъулону мутахассисони корхона баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти афзун намудани ҳаҷму номгӯйи маҳсулот, васеъ кардани корхона иқдомҳои навбатиро амалӣ намуданд. Дар давоми 2 сол иншооти нави дуошёна барои корхонаи сеюм бо ҳамаи инфрасохтори истеҳсолӣ-технологӣ бунёд шуд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона бо ҷалби 13 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бо бунёди иншооти истеҳсолӣ дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ, бо васлу насби хатҳои технологии бофандагию дӯзандагии як қатор давлатҳои хориҷӣ, бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 400 ҳазор дона халтаҳои калонҳаҷм дар 1 сол бо саҳми соҳибкорони ватанӣ таъсис дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорон ва мутахассисони ширкати “Суғдпак”-ро дар таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ки саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ мебошад, шоиста арзёбӣ намуданд.
Дар корхона истеҳсоли халтаҳои калонҳаҷми намуди “Биг-Бег” дар хатҳои технологии бофандагию дӯзандагӣ шуруъ аз коркарди ашёи хом-полипропилен ва дигар ашёи хоми полимерӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо истеҳсоли пайдарҳами аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо васлу насби 200 адад таҷҳизоти коркарди гранулаҳо, дастгоҳҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ташкил карда шудааст.
Муассис ва соҳибкорони ҷамъияти “Суғдпак” дар Осиёи Марказӣ бозори ин гуна маҳсулотро аз худ кардаанд. Ҳоло халтаҳои истеҳсоли корхона ба давлатҳои хориҷӣ - Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот мешаванд ва дар давлатҳои хориҷи дур ба маҳсулоти корхона талабот зиёд аст.
Баъди шиносоии пурра бо корхона ва шароитҳои фароҳамовардашуда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон ва роҳбарияти корхона аз наздик суҳбат намуда, ба соҳибкорон барои обод кардани як гӯшаи Ватан, иқдомҳои созандагӣ ва саҳми муносиб дар раванди саноатикунонӣ баҳои арзанда доданд.
 
КОРХОНАИ АСФАЛТБАРОРӢ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи асфалтбарорӣ бо технологияи замонавӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Наимов дар минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён дар масоҳати як гектар замин бунёд гаштааст.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоту технологияи муосир 3 миллиону 100 ҳазор сомонӣ сармоя гузоштаанд.
Коргарони ширкат нақша доранд, ки дар ояндаи наздик хатти нави коркарди регу шағалро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар натиҷа боз чандин нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки технологияи корхона аз кишварҳои пешрафта ворид шудааст. Корхонаи асфалтбарорӣ иқтидор дорад, ки дар як соат 120 тонна асфалти хушсифат истеҳсол намояд. Фаъолияти корхона бо гази табиӣ ба роҳ монда шуда, дар масофаи зиёда аз 2 километр хатти лӯлаҳои газӣ кашидаанд. Барои кашондани асфалт зиёда аз 10 техникаи пуриқтидор харидаанд.
Мавриди зикр аст, ки ширкати ватанӣ аз соли 2007 ба корҳои сохтмони механикӣ оғоз намудааст. Давоми ду соли охир бошад, бо корҳои роҳсозӣ машғул гардида, дар ободонии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҳиссаи арзанда мегузорад.
Яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат бо бунёди корхонаҳои нав ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи коркарди регу шағал ва асфалтбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ” беш аз 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Дар марҳилаи аввал маоши кормандони корхона ба ҳисоби миёна 1400 сомонӣ буда, минбаъд он баланд бардошта мешавад.
Бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди соҳаи саноат то соли 2026 дар вилояти Суғд бунёди беш аз 700 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шуда, соли равон 145 корхона ба истифода дода мешавад, ки аз ин шумора 20 корхона ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рост меояд.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 7 корхона ва хатҳои нави истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 шаҳрванд бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Дар вилояти Суғд 14 корхонаи асфалтбарорӣ фаъолият дорад. Танҳо дар давоми 8 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бисёр роҳҳои мошингард тармим ва аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.
 
БУНЁДИ ХАТИ ОБИ ПОЛИЗӢ ВА БОҒИ ИНТЕНСИВИИ 
ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «СОМОНӢ»
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби полизӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»-ро ифтитоҳ карданд. 
Боғи интенсивӣ дар масоҳати 13 гектар бо иқдоми муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ» Олимҷон Неъматзода бунёд шуд. Барои обёрии боғ, ки бо усули қатрагӣ пешбинӣ гардидааст, дар масофаи 800 метр лӯлаҳои қутрашон 75 миллиметра хобонда, дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар боқимонда ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидаанд, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинондаанд.
Барои амалӣ гаштани ин ташаббуси нек 250 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардид, дар натиҷа 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бо сабаби набудани оби полизӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буданд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои мавзеи Рухак марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд. Бино ба маълумоти идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, заминҳои мавзеи Рухак 2351 гектарро ташкил медиҳанд.
Рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат аз бахшҳои афзали соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Бино ба маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд 4490 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки ин нишондод 175 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба ҷойи 2046 гектар 4958 гектар боғҳои куҳна барқарор гардиданд.
Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳо ва дар заминҳои солҳо бекорхобида амри муҳиму зарурӣ дониста мешавад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони боғот 10 ҳазору 533 гектар буда, соли ҷорӣ дар масоҳати 268 гектар боғ бунёду барқарор гардидааст.
Ҳамасола ҳосили боғот ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушккардашуда ба мамолики дуру наздик содирот карда мешавад. Соли 2021 аз вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷ 44 ҳазору 555 тонна хушкмева ба маблағи 16,2 миллион доллар содирот шудааст.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ҶДММ “ОРГАНИК-ЯН 2” 
ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик-Ян 2” оид ба коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта оғоз бахшиданд. 
Коргоҳи “Органик-Ян 2” дар деҳоти Ғӯлакандози ноҳия дар масоҳати 2,27 гектар ҷой гирифта, ифтитоҳи коргоҳ идомаи хати истеҳсолоти “Органик-Ян” мебошад ва он бо саҳми соҳибкор Даврон Ахмедов бо харҷи маблағи сармоявии 37 миллион сомонӣ таъсис дода шудааст. Дар марҳилаи аввали оғози фаъолият коргоҳи “Органик-Ян” иқтидори истеҳсолиро ба миқдори 5 ҳазор тонна ба нақша гирифта, бо ба истифода додани коргоҳи “Органик-Ян 2” иқтидори корхона ба истеҳсоли 7 ҳазор тонна ресмонҳои пахтагин баробар мегардад. Дар коргоҳи нав то 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт. Барои истеҳсоли маҳсулоти пахтагин таҷҳизоту технологияи муосири ширкати “Мурата”-и Ҷопон васлу насб гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 2  ҳазор  тонна ресмони дутоба аст. Ин иқдом дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба васеъ намудани доираи истеҳсолии коргоҳ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти пахтагин бо коркарди нахи пахта мебошад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои арзанда доданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳу ба корандозии чунин корхонаҳои коркарди нахи пахта имконият медиҳанд, ки ашёи хоми ватанӣ - пахта ҳарчи бештар коркард шуда, маҳсулоти хушсифат истеҳсол гардад.
Қаблан дар корхонаи “Органик-Ян” ресмонҳои пахтагин истеҳсол мешуд ва бо гузоштани хати нави истеҳсолии замонавӣ ресмонҳо дутобаю сетоба карда мешаванд, ки бино ба таҳлили мутахассисон дар корхонаҳои бофандагии ватанӣ ва хориҷӣ талаботи зиёд доранд. Дар баробари таъмини корхонаҳои ватании бофандагии дутобаю сетоба имконияти баланд бардоштани иқтидори содироти корхона аз ин ҳисоб ба миён меояд.
 
КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИИ ХӮРОКИ ЧОРВО ВА ПАРАНДА 
15 апрел дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Илҳом Бобоҷонов бо мақсади таъмини корхонаву коргоҳҳои чорводорию парандапарварӣ бо хӯроки омехтаи тайёр таъсис дода шудааст. Барои бунёду таъмини таҷҳизоти технологӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкати бонуфузи “ДОЗ-Агро”-и шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Россия харид ва насб шудааст. Таҷҳизоти технологӣ муосир буда, мутобиқ ба технологияҳо истеҳсоли хӯроки чорвою паранда дар якчанд марҳила, аз ҷумла коркарди буғӣ, фишоркунӣ, майдакунӣ ва бандубаст сурат мегирад. Коргоҳ иқтидор дорад дар як шабонарӯз аз 100 то 120 тонна, дар як моҳ 3600 тонна ва дар як сол 42 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол намояд.
Барои истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда ашёи хоми гандум, ҷав, ҷуворимакка, кунҷораи офтобпараст, намак, 4 намуди витаминҳо, равған ва ғайра, ки барои афзоишу солимии чорво заруранд, истифода мешаванд.
Хӯроки омехта асосан ба корхонаю ҷамъиятҳои чорводорию парандапарварии вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Арзиши маҳсулоти истеҳсоли худӣ нисбат ба маҳсулоти воридшаванда арзон аст. Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда захираҳои ашёи хом барои давраҳои муайян мавҷуданд ва иқтидори захиравӣ 8 ҳазор тонна ашёи хом мебошад.
Соҳибкорон дар оянда нақша доранд, бо бунёди боз 6 чунин иншооти захиравӣ ҳар кадоме бо иқтидори 500-тоннагӣ ҳаҷми захираи ашёи хомро зиёд намуда, иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам афзун намоянд.
Иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ин нахустин корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво аст.
Корхонаи “Сомон-Кишоварз” ба ғайр аз истеҳсоли хӯроки чорво ва паранда, ҳамчунин, соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе коргоҳи истеҳсоли макаронро ба истифода додааст. Дар он 25 намуди макарон бо номи “Арзанда” ва “Грин-фудс” истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли коргоҳ дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна буда, дар он 90 нафар фаъолият мекунад. Маҳсулоти коргоҳ ба бозори дохилӣ пешниҳод мегардад.
 
КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГИ ХОРО ВА МАРМАР 
ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ коргоҳи коркарди санги хоро ва мармари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хорои Суғд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 
Корҳои сохтмонии корхона соли 2018 оғоз гашта, иншоот дар майдони 1,2 гектар замин аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Абдулҳамидов мутобиқ ба талаботи замон ва тарҳи муосир бунёд гардидааст. Коргоҳи навбунёд барои коркарди санги хоро ва мармар пешбинӣ шуда, иқтидори истеҳсолӣ дар як моҳ 2 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯйи талабот технологияи пешрафтаи ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Италия дастрас шудаанд. Иншоот аз як ошёна иборат буда, пас аз ба фаъолият оғоз намудани он, барои 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам гашт.
Бояд гуфт, ки шумораи коргоҳи коркарди санги хоро ва мармар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ададро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2021 - ум 93,8 ҳазор метри мураббаъ ва дар моҳҳои январ - феврали соли 2022 - 5,1 ҳазор метри мураббаъ мебошад.
Бунёди иншооти нави истеҳсолӣ қадами навбатӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат буда, дастгоҳу таҷҳизоти дастрасшуда дар минтақа камназир мебошад, ки ин барои нозуку пурҷило, мутобиқ ба дизайн ва мувофиқ ба талаботи мизоҷон омода сохтани санги мармару хоро мусоидат мекунад.
Барои фаъолияти доимии корхона ва ба талаботи замони муосир истеҳсол намудани маҳсулот мутахассисони варзида ба кор ҷалб шудаанд, зеро аксари механизм бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногун вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешаванд. Дар коргоҳи навбунёд аслан маҳсулоти ватанӣ коркард мегардад, ки ин ба таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсолию ивазкунандаи воридот замина мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои корхонаи нави истеҳсолӣ ва намоиши масолеҳи истеҳсолшуда таъкид намуданд, ки дар доираи ҷашнҳои миллӣ вусъат ёфтани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ва зиёд гаштани талабот ба масолеҳи сохтмонӣ, ҳамзамон, ба истифодаи сангҳои мармару хоро низ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар баробари ин, ба сангҳои ороишии баландсифат, аз ҷумла мармар ва хорои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ, талабот зиёд буда, танҳо бо роҳи истеҳсоли маҳсулоти баландсифат метавон дар бозорҳои дохил ва хориҷ бо маҳсулоти истеҳсолии дигар ширкатҳо рақобатпазир гашта, талаботи мизоҷонро қонеъ сохт.
 
КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ 
ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти аълосифат”-ро, ки фаъолияташ тариқи хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст, ба истифода супурданд.
Корҳои сохтмонӣ соли 2019 оғоз гашта, иншоот аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд карда шуд. Майдони умумии замини корхона 1,84 гектарро дар бар гирифта, масоҳати зери сохтмон 6811 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Корхонаи хиштбарорӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хишти аълосифат” Нуъмон Розиқов бунёд гашт. Истеҳсоли хишт ду марҳиларо дар бар гирифта, тибқи нақша дар як сол корхона дорои иқтидори истеҳсоли 5 миллион дона хишти пухта мебошад. Барои бо сифат ва ба талаби замон истеҳсол намудани маҳсулот техникаву таҷҳизоти муосир, ки ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошанд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудаанд. Бо таъсиси коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии “Хишти аълосифат” барои 40 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ифтитоҳи иншооти навбунёд шумораи корхонаҳои замонавӣ, ки самти фаъолияташонро истеҳсоли хишти пухта ташкил медиҳад, ба 11 адад расид. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 134 корхонаи хиштбарорӣ буда, аз ин дар шаҳри Душанбе 6, вилояти Хатлон 16, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1, вилояти Суғд 53 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 58 корхона фаъолият дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соли 2021 - 178 миллион дона ва дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 - юм 4,5 миллион дона хишти пухтаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бахши хусусӣ ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои муосири замонавӣ замина гузошта, бо ин васила, дар баробари рушди иқтисоди миллӣ, ҳамзамон, ҳазорҳо нафар сокинони ҷумҳурӣ дар соҳаи истеҳсолот бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Зимни  ифтитоҳи  коргоҳи  истеҳсоли  масолеҳи  сохтмонии  “Хишти  аълосифат”  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси ободкоронаи соҳибкори ватанӣ Нуъмон Розиқов баҳои арзанда дода, зикр сохтанд, ки баҳри рақобатпазир гаштани маҳсулоти истеҳсолӣ, таъмини талаботи сокинон бо хишти пухта ва фаъолияти мунтазами коргоҳи истеҳсолӣ таваҷҷуҳ ва меҳнати содиқона замина мегузорад.
 
ФАЪОЛ ШУДАНИ КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ 
ВА ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
15 апрел дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар масоҳати 11 гектар бунёд гардидааст. Самти асосии фаъолияти корхона парвариши мурғ барои истеҳсоли тухм мебошад, ки бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба роҳ монда шудааст. Таҷҳизот ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонӣ буда, аз Италия, Олмон ва Россия харида шудаанд.
Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми “Амина К” 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, роҳбарияти корхона имконият дорад, боз 40 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намояд. Дар фермаи парандапарварӣ имконияти парвариши 500 ҳазор мурғ барои истеҳсоли тухм мавҷуд аст. Масъулони коргоҳ нақша доранд, давоми се-чор соли оянда истеҳсоли тухмро ба 1 миллион дона дар як шабонарӯз расонанд ва истеҳсоли гӯшти парандаро ба роҳ монанд.
Солҳои охир дар кишвар афзудани чунин корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти паранда имкон дод, ки бозори истеъмолӣ бо гӯшту тухми паранда таъмин гардад. Ҳамчунин, воридоти тухм ва гӯшти паранда коҳиш ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки минбаъд низ шумораи чунин корхонаҳо дар вилоят зиёд карда шавад, зеро ин тадбир дар баробари ғанисозии бозори истеъмолӣ, ҳамчунин, ба танзими нархи тухм мусоидат карда, сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Тибқи маълумоти оморӣ айни замон дар вилояти Суғд 136 корхонаи парандапарварӣ фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 96 корхона тухм ва 40 корхона гӯшти паранда истеҳсол мекунад.
Дар ду соли охир дар вилояти Суғд 60 корхонаи парвариши мурғ ва истеҳсоли тухм мавриди истифода қарор дода шуд. Дар се моҳи соли ҷорӣ корхонаҳои парандапарварӣ 170 миллион дона тухм ва 5 ҳазору 98 тонна гӯшт истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 32 миллион дона тухм ва 1 ҳазору 774 тонна гӯшти парҳезӣ зиёд мебошад.
 
ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ХӮРОКИ ОМЕХТАИ ПАРАНДА ВА ЧОРВО 
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Боғи Болои деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Амина-К”-ро мавриди истифода қарор доданд. 
Корхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Карим Каримов дар майдони 10 гектар бунёд гардидааст. Дар корхона, асосан, истеҳсоли комбикорм - хӯроки омехтаи чорвою паранда ва моҳӣ истеҳсол мешавад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар 1 шабонарӯз 480 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда истеҳсол менамояд, ки дар як сол ба 175 ҳазор тонна мерасад. Барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорвою паранда маҳсулоти хом аз кишварҳои Белгия, Аргентина, Олмон, Россия, Қазоқистон ва Беларус ворид ва бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ коркард мешаванд. Баъди истифодаи коргоҳ 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, имкон фароҳам меорад, ки корхонаҳои мурғу чорвопарварии ватанӣ бо маҳсулоти хушсифати хӯрокворӣ таъмин карда шаванд ва ҳам нархи хӯроки чорвою паранда дар бозор коҳиш ёбад. Афзудани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ, фермаҳои чорводорӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарурат пеш меорад, ки дар кишвар чунин корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи парандаю чорво бештар бунёд карда шаванд.
Айни замон дар вилояти Суғд дар баробари коргоҳҳои коркарди гандум ва пахта, ки барои чорвою парандаҳо низ хӯрок истеҳсол мекунанд, боз беш аз 10 корхонаи истеҳсоли хӯроки чорвою паранда фаъолият доранд.
 
МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ДОНИШКАДАИ 
ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
15 апрел дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон" дар шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Нуриддин Қосимов, Комилҷон Комилов ва Насим Нуриддинзода бунёд шудааст. Бинои таълимӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 67 синфхонаи таълимӣ, 8 озмоишгоҳи фаннӣ, 20 ҳуҷраи корӣ, 4 синфхонаи компютерӣ ва китобхона бо 4 ҳазору 200 китоби илмию бадеӣ, китобхонаи электронӣ бо 209 ҳазор китоб иборат мебошад. Донишкадаи навтаъсиси илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имконият дорад, ки 2 ҳазору 600 нафар донишҷӯро ба таҳсили рӯзона ва фосилавӣ аз рӯйи 21 ихтисоси замонавии ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат ба таҳсил фаро гирад.
Бо ифтитоҳи Донишкада 80 устод ва корманди техникӣ бо ҷойи корӣ ва шароити мусоиди фаъолият таъмин шуданд. Дар шафати бинои таълимӣ толори варзиш барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва футболи хурд мавҷуд аст. Донишкадаи мазкур дар заминаи эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” баҳри омӯзиши мукаммали ин фанҳо, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон таъсис ёфтааст.
Истифодаи васеи тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва дигар васоити муосири техникӣ дар ҷараёни таълим яке аз омилҳои самарабахшии дарсҳо мебошад. Донишкада дорои озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ буда, барои таълиму омӯзиши фанҳои дақиқ ба таълимгирандагон беш аз 60 нафар омӯзгор, аз ҷумла профессорон, докторон, номзадҳои илм ва омӯзгорони ботаҷриба ҷалб шудаанд.
Ҷараёни таълим пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Барои омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ шароити зарурӣ муҳайёст.
Пояҳои моддиву техникии Донишкада бо технологияҳои инноватсионӣ мустаҳкам буда, 140 компютер, 21 тахтаи электронӣ, 60 тахтаи синфӣ, 110 камераи назоратӣ, 21 проектор, 30 принтер, 20 ноутбук барои омӯзгорони ҷавон ва дигар воситаҳои таълимӣ аз шароиту имкониятҳои муосир ҷиҳати таҳким бахшидани таълиму тарбия мебошад. Ҷараёни таълим дар ҳамаи синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ назорат ва таҳлил карда мешавад.
Алҳол дар Донишкада факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионӣ, факултаи муҳандисӣ, бизнес ва идоракунӣ бо 4 кафедраи тахассусӣ ташкил гардида, кафедраи умумидонишкадавии фанҳои гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ амал мекунад. Ҳамаи синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ ба шабакаи баландсуръати интернет пайвастанд.
Дар назди Донишкада курсҳои забономӯзӣ ва омода намудани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбӣ тариқи имтиҳонҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Донишкада бо муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии шаҳри Гулистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расондааст.
 
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИИ “ХУҶАНД-МОГИЛЁВЛИФТМАШ” 
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти истеҳсолии коргоҳи “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш” оғоз бахшиданд.
Коргоҳи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкор, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” Музаффар Ҷумъаев дар ҳамкорӣ бо Корхонаи истеҳсоли лифти “Могилёвлифтмаш”-и Ҷумҳурии Беларус таъсис дода шудааст.
Масоҳати умумии корхона 1,8 гектарро ташкил дода, барои бунёди коргоҳ 2,9 миллион сомонӣ маблағ харҷ гардидааст. Аз ин 2,1 миллион сомонӣ барои хариду васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ равона гаштааст. Дастгоҳу таҷҳизот аз Ҷумҳурии Беларус буда, аз технологияи пешрафтаи истеҳсоли лифт ва дорои кафолати сифати махсулот мебошад. Лифтҳои нимтайёр аз корхонаи “Могилёвлифтмаш” ворид шуда, бо истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии боқимонда дар корхонаи нави шаҳри Хуҷанд лифт пурра барои истифода омода мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхона 36 лифти замонавӣ буда, бо бунёди коргоҳи нави истеҳсоли лифт дар шаҳри Хуҷанд 50 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва музди меҳнати хуб таьмин гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар соҳаи мошинсозӣ баҳои баланд дода, ба онҳо барои марҳила ба марҳила рушд додани соҳа ва минбаъд ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти тайёр тавсия доданд.
Бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосир истеҳсоли лифтҳои гуногуни борбардор, мусофиркашонӣ барои хонаҳои баландошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншоот амалӣ карда мешаванд. Коргоҳ, ҳамчунин, ба ҷуз лифтҳои муқаррарӣ барои шахсони маъюб лифт ва эскалатору травалаторҳо истеҳсол менамояд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти истеҳсоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷандторгмаш” шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи ҳадафи стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар ифтитоҳи коргоҳи нави истеҳсоли лифт аз иқдомҳои наҷибу шоистаи соҳибкорон дар самти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот мебошад.
Танҳо дар соли 2021 - ум 4 намуд лифт бо вазни 1,8 ҳазор тонна ба маблағи 4,2 миллион доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, ки ин иқдом қадами аввалин баҳри созмон додани механизми ивазкунандаи воридот вобаста ба рушди соҳаи сохтмон мебошад.
 
БОЗДИД АЗ БИНОИ ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ МУСИҚӢ-МАЗҲАКАВИИ 
БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки аз таъмиру таҷдид бароварда шуд, боздид намуданд. 
Дар бинои фарҳангӣ барои фаъолияти аҳли эҷод ва тамошои намоишномаҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар таҳхона толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, ҳуҷраҳо барои гузарондани дарс пешбинӣ гардидаанд, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузоранд. Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо ҷойҳои либосивазкунӣ, ҳуҷраҳои маъмурияти театр ва санитарӣ ҷойгир шудаанд. Толори асосии театр дорои 612 ҷойи нишаст мебошад. Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шудааст. Бори аввал саҳна бо дастгоҳҳои замонавии равшанидиҳию тақвияти овоз таъмин гардида, барои гузарондани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои корӣ, фароғати ҳунармандон, устохонаҳои дӯзандагӣ, сехи рассомӣ ва ҳуҷраи ороишӣ ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар ошёнаи сеюм саҳнаи хурд бо 102 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.
Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақому манзалати театри тоҷик баланд гардида, шароити муносиби корӣ барои кормандони соҳа фароҳам оварда мешавад. Зеро, театр як шохаи асосии фарҳанг ба ҳисоб рафта, таҷассумгари ҳувияти миллӣ, инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоист ва асолати миллиро тариқи намоишномаҳо пойдору устувор нигоҳ медорад.
Ҳудуди бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст. Роҳравҳои бино бо маҳсулоти ватанӣ зинат ёфта, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ шудаанд. Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон шуда, 5 адад суҳбаткада сохта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти вилоят бо усули нотакрор зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд. Таъмир ва бо намуди наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур дар шаҳри Хуҷанд ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилояти Суғд равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебогии тоза зам намуд.
Имрӯз дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ 161 нафар фаъолият дорад, аз ҷумла 70 нафар дар гурӯҳи эҷодӣ машғули ҳунар аст. Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва ҳуҷраҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имкон доранд, минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишномаҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд.
Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои театр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги он бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуданд. Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд.
Ҳунармандони касбӣ бо офаридани намоишномаҳои театрӣ дар рушди соҳа, баланд бардоштани ғановати маънавӣ ва тарғиби сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат саҳми шоиста мегузоранд.
Айни ҳол дар вилояти Суғд 7 театри касбӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Бӯстон, Конибодом, Спитамен, Ашт ва дар 5 шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Истаравшан Деваштич ва Мастчоҳ, театрҳои халқӣ фаъолият доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳунармандони вилоят баҳои баланд доданд. Аҳли фарҳанги вилояти Суғд, хосса ҳунармандони театр, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин таваҷҷуҳ, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
 
МТМУ № 15-и НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ СОҲИБИ БИНОИ НАВ ШУД
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави таълимиро барои 840 нафар хонанда дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ифтитоҳ карданд.
Муассисаи таълимӣ яке аз иншооти таълимии куҳантарин дар ноҳия мебошад, ки солҳои сиюми асри гузашта сохта шудааст. Бо гузашти солҳо бинои мактаб фарсуда ва таъмирталаб гардида буд. Ҳамчунин, бо зиёд гардидани аҳолии маҳал синфхонаҳо нокифоя гардида, ба раванди таълиму тарбия таъсири манфӣ мерасонд.
Имрӯз шодию хурсандии устодону хонандагон ва волидайни онҳо ҳадду канор надошт, зеро бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаб соҳиби бинои наву замонавӣ гардид.
Корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои нави таълимӣ барои 840 хонанда дар назди мактаб моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, аз бинои асосӣ, толори варзиш ва ошхона иборат мебошад. Бинои асосии мактаб аз 35 синфхона ва 5 ҳуҷраи ёрирасон иборат буда, 11 синфхонаи ибтидоӣ, 19 синфхонаи болоӣ, 2 синфи таълими меҳнат, синфҳои химия, физика ва компютериро дар бар мегирад. Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ сохта шудааст.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои иловагии мактаб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба масъалаи таъмини сифати таълим ва хонандагонро ба омӯзиши илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.
 
КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАКАРОНИ ҶДММ “ОРДИ ФАТИР” 
15 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли 30 намуд макаронро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” мавриди истифода қарор доданд. 
Бояд гуфт, ки дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти ниёзи мардум Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” тасмим гирифт, ки ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, бахусус, навъҳои гуногуни макарон, оғоз намояд. Барои ноил шудан ба ин мақсад муассисони ширкати ватанӣ барои сохтмони бинои истеҳсолӣ ва хариди таҷҳизоти истеҳсолӣ маблағи 2 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сармоя гузоштанд. Айни ҳол таҷҳизот барои истеҳсоли макарон бо иқтидори 1 тонна дар як баст дар бинои нави истеҳсолӣ васл гардид ва истеҳсоли 30 намуди макарони хушсифат ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори нав таъмин шуда, музди миёнаи меҳнат 1500 сомониро ташкил медиҳад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Орди фатир” 11 августи соли 2011 ташкил шуда, фаъолияти асосии он коркарди гандум ва истеҳсоли орд мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 240 тонна ва дар як сол 75 ҳазор тонна гандум аст. Дар ҷараёни истеҳсолот гандуми навъҳои беҳтарини Ҷумҳурии Қазоқистон истифода мегардад. Дар фаъолияти худ ширкат аҳолиро бо маҳсулоти хушсифати ордӣ таъмин намуда, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишварамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳиссаи худро мегузорад.
Аз аввали фаъолияти худ корхона ба сифат аҳамияти махсус дода, дар байни истеҳсолкунандагони орд бо сифати маҳсулоташ мавқеи хосро ишғол менамояд. Роҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ барои таъсиси коргоҳҳои нав, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ҳисса гузорад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ ПОЛИЗӢ 
ВА БУНЁДИ БОҒИ НАВИ ГЕЛОС ДАР НОҲИЯИ АШТ
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт нахуст, дар маҳаллаи Кӯҳсори деҳоти Понғоз хати оби полизиро мавриди истифода қарор дода, ба бунёди боғи интенсивии «Ибрат» оғоз бахшиданд. Иншооти асосии хати оби полизӣ бо кофта шудани 4 чоҳи амудӣ аз чуқурии 25 метр омода карда шуда, барои обёрии 14 гектар замини ин мавзеъ пешбинӣ гардидааст. Оби полизӣ аз чоҳҳои амудӣ тавассути дастгоҳҳои обкашӣ (насосҳо) кашида шуда, ба ҳавзи бунёдгардида бо ғунҷоиши 600 метри мукааб оварда мешавад ва аз тариқи лӯлаҳои обдиҳӣ заминҳои ин мавзеъ бо усули муосир, яъне қатрагӣ обёрӣ мегарданд.
Ташаббуси обёрии қитъаҳои ин мавзеи кӯҳдоман дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф аз он ба гардиш даровардани талу теппаҳои бекорхобида ва истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои ин минтақа мебошад.
Кашида шудани хати оби полизӣ ҳамакнун барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав ва бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар талу теппаҳои ин мавзеъ мусоидат намуда, бо ин роҳ метавон аз шӯршавии заминҳо пешгирӣ намуд.
 Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шинондани ниҳоли гелос ба бунёди боғи нав дар масоҳати 14 гектар асос гузошта, аз намоиши дастранҷи хоҷагидорони деҳоти Понғоз дидан намуданд.
Боғи мазкур бо усули замонавӣ, яъне интенсивӣ бунёд гашта, дар он 6 навъ гелоси содиротӣ, аз ҷумла “Александрия”, “Регина” ва “Дайбера” дар асоси маслиҳати мутахассисон аз рӯи меъёри 2 бар 4 метр шинонда шуда, дар ҳар як гектар 1250 бех ниҳол рост омадааст. Дар маҷмуъ, тибқи нақша дар боғи нав беш аз 15 ҳазор бех ниҳоли гелоси қадпаст, ки аз Федератсияи Россия дар асоси таҷриба ва маслиҳати мутахассисон бо кафолати тулонӣ дастрас гардидааст, бо риояи пурраи қоидаҳои агротехникӣ шинонда шуда, ба иттилои масъулон дар соли сеюм пурра ба ҳосил медарояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Ашт гелос мевае мебошад, ки боғдорон метавонанд аз он ҳамасола ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Бо бунёди боғи нави гелос то 200 нафар сокини маҳаллӣ бо назардошти корҳои мавсимӣ бо ҷойи кор таъмин мегардад.  
Дар намоиши кишоварзӣ аҳли заҳмати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт 15 навъи маҳсулот, аз ҷумла 8 навъ зардолуи хушки донакдору бедонаи содиротӣ, 3 намуд себу нок ва ғалладонагиҳоро, ки ҳамасола дар заминҳои дар ихтиёрдошта кишту парвариш мекунанд, муаррифӣ намуданд.
Дар деҳоти мазкур зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, кишоварзон ҳамасола бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат, дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Аснои боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастранҷи меҳнаткашон иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Понғоз 3484 гектар боғ мавҷуд буда, соли равон наздики 20 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону хоҷагидорон бо инобати вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла камбуди маводи ғизоӣ дар баъзе аз давлатҳои дунё, барои истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дарихтиёрдошта, аз ҷумла қитъаҳои ёрирасону наздиҳавлигӣ, зиёд кардани майдони боғҳои меваҳои лазизу шаҳдбори ватанӣ ва бо ин роҳ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти босифати худӣ ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 
БЕМОРХОНАИ НОҲИЯВИИ №5 ДАР ДЕҲОТИ ПОНҒОЗ
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ашт, дар деҳоти Понғоз бинои беморхонаи ноҳиявии №5-ро мавриди истифода қарор дода, бо шароити муосири хизматрасонӣ дар он шинос гардиданд.
Беморхона аз се бинои дуошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, барои 80 кати хоб дар асоси санъати меъмории миллӣ ва муосир дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Барои табобат ва муолиҷаи беморон дар беморхона 4 шуъба, аз ҷумла амрози калонсолону бачагона, таваллудхона, ҷарроҳӣ ва ташхисгоҳи функсионалӣ, мавҷуд мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз буда, дар он табибон бо истифода аз технологияи муосир ба мардум хизмат мерасонанд. Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Олмон, Италия ва Чин мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхона мушкилоти чандсолаи аҳолии 32 - ҳазорнафараи деҳоти Понғоз дар самти дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ рафъ гардида, ҳамакнун ҷиҳати табобати саривақтии бемориҳои гуногун ва ҳифзи сиҳатии ҷомеа шароити мусоид фароҳам омад. Дар биноҳои нави беморхона табибону мутахассисони соҳа имкон доранд, ки дар шароити мусоиди корӣ маризиҳои гуногунро сари вақт муайяну муолиҷа намоянд. Беморхона, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст мебошад. Ин иншооти муҳими иҷтимоӣ дар доираи татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бархӯрдории сокинон аз хизматрасонии баланди тиббӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша бо харҷи 17 миллион сомонӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардидааст. Иншоот дар масоҳати 2,64 гектар бо ҷалби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст. Тамоми биноҳои беморхона бо нуқтаи гармидиҳии тавассути ангишт амалкунанда пайваст буда, ин раванд барои фаъолияти муназзаму самарабахши табибон дар фасли зимистон мусоидат мекунад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сифати ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ, ба кормандони беморхона ду воситаи нақлиёти  ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар иншооти муосири тиббӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдоми соҳибкорону шахсони саховатпешаи ин гӯшаи дурдасти кишвар баҳои баланд дода, зимни суҳбат бо табибон онҳоро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз ин шароит барои хизмати софдилона ба аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва муносибати хуб ба корафтодагон ҳидоят намуданд.
 
ФЕРМАИ ЧОРВОПАРВАРИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ 
“ХОҶАГИИ ЗОТПАРВАРИИ БА НОМИ ТӮЙЧӢ ЭРЙИГИТОВ” 
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт, баъд аз ба истифода додани биноҳои беморхонаи ноҳиявии №5, дар шаҳраки Шайдон ба фаъолияти фермаи чорвои калон оғоз бахшида, аз намоиши соҳаи чорводории ноҳия ва дастовардҳои чорвопарварони минтақа дидан намуданд.
Фермаи чорвои калон аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ҳудуди Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов” ташкил ва барои парваришу нигоҳубини 200 сар чорво пешбинӣ гардидааст. Хоҷагии зотпарварӣ дар як гектар замин доман паҳн карда, аз се соябони гуногунҳаҷм, ки дар маҷмуъ, 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад, иборат мебошад. Иншоот мувофиқ ба талаботи ҷории парвариши чорво бунёд гардида, бо шароити зарурии чорводорӣ таъмин мебошад. Айни замон дар ферма 15 нафар бо кор таъмин шудааст ва бо назардошти васеъ гардидани фаъолияти ферма, шумораи коргарон низ хоҳад афзуд.
Иттилоъ дода шуд, ки фермаи мазкур бо мақсади истеҳсоли гӯшти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ташкил гашта, коргарон мақсад доранд, бозори дохилиро бо ин навъи маҳсулот таъмин намоянд. То ин дам ба бозорҳои дохилии ноҳияи Ашт, асосан, аз хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳри Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои ҳаммарз гӯшти гов ворид мешуд. Акнун баъди фаъол гардидани фермаи мазкур ин мушкилот бартараф гардида, бозорҳои ноҳия аз ҳисоби маҳсулоти худӣ таъмин мешаванд. Ба иттилои масъулин, фермаи чорвои калон хоҷагии Тӯйчӣ Эрйигитов дар ноҳия калонтарин хоҷагии зотпарварӣ ба шумор меравад ва он имкон дорад, ки дар як сол то 50 тонна гӯшт истеҳсол намояд. Ин миқдор маҳсулот на танҳо талаботи дохилии ноҳияи Аштро қонеъ мегардонад, балки гӯшти хушсифатро хоҷагидорон метавонанд ба бозори шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва дигар ноҳияҳо ба фурӯш бароранд. Дар ферма, асосан, буққаҳои хурдсол ва миёнасоли гӯштӣ парвариш мешавад.
Зимни боздид аз фаъолияти фермаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, аз намоиши хӯроки сабз, ки дар худи ферма омода мешавад, дидан карданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ додад, ки хӯроки сабз аз донаҳои гандум, ҷуворимакка барои дон ва дигар зироатҳои серғизо омода гардида, ба сергӯшт кардани чорво ва сершир шудан таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷиҳати ғизонокӣ хӯроки сабз аз витаминҳо бой буда, он бо усули гидропоникӣ дар муддати кӯтоҳ омода карда мешавад. Яъне, аз 1 килограмм дон дар давоми 7 рӯз 7 килограмм хӯроки сабз омода мегардад. Ин ҳам бе истифодаи маводи химиявию нуриҳои минералӣ тайёр шуда, донаҳо ба таври табиӣ сабзонда мешаванд. Ҳамзамон, дар ҳамин ҷо намунаи чорвои хоҷагии Тӯйчӣ Эрйигитов ва дигар хоҷагиҳои зотпарварии ноҳияи Ашт ба намоиш гузошта шуд.
Ҳангоми боздид аз намоишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон ва мутахассисони соҳа суҳбати самимӣ анҷом доданд.
 
КӮДАКИСТОНИ ХУСУСИИ “БУНЁД” ДАР ШАҲРАКИ ШАЙДОН
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт бинои нави Кӯдакистони хусусии “Бунёд”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи томактабӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ амалӣ гардида, онро соҳибкорзан, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд-ҷаҳони орзуҳои Шумо” Истамой Мадалиева, сохта ба истифода додааст. Бинои кӯдакистон сеошёна буда, барои 80 кӯдак дар 5 гурӯҳ пешбинӣ гардидааст. Қабати якум аз ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгоҳ, толори бозии кӯдакон ва ошхона иборат буда, ошёнаи дуюм ва сеюмро ҳуҷраҳои хоб ва синфхонаҳо барои гузарондани машғулиятҳои иловагӣ ташкил медиҳанд. Маврид ба зикр аст, ки Кӯдакистони “Бунёд” бо тарҳи нави меъморӣ сохта шудааст. Дар самти таъмини муассиса бо аёниятҳои дарсию китобҳои бачагона, аз ҷониби соҳибкор миқдори зарурии лавозимоти хониш дастрас гардида, ҳамчунин, беҳтарин мураббияҳои соҳибтаҷрибаву донандагони хуби соҳа ба кор ҷалб шудаанд.  
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба ташаббуси соҳибкорзан Истамой Мадалиева ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои дурдаст, баҳои баланд доданд.
 
МАҶМААИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ “30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛ” 
16 апрел дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” бо иншооти савдо ва хизматрасонӣ бо маблағгузорӣ ва фармоиши роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона” бунёд ёфта, сохтмони он бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом дода шуд. Арзиши лоиҳавии сохтмон 2 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил дода, дар он барои 300 нафар ҷойи кор муҳайё гардидааст.
Дар дохили иншоот коргоҳи бандубасти хуч ва меваҳои хушк бо иқтидори коркарди як тонна мева дар як баст ба истифодабарӣ дода шуд. Фаъолияти ин коргоҳи хурд имкон медиҳад, ки меваи хуч ва дигар намудҳои маҳсулот коркард ва пешкаши мизоҷон карда шаванд. Зарфиятҳои бахши боғдорӣ дар ноҳияи Ашт зиёд буда, ноҳия макони меваҳои шаҳдбор ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди хоҷагиҳои кишоварзии ҳамаи ҷамоатҳои деҳот 500 гектар хучзор мавҷуд мебошад. Аз ин ҳисоб танҳо дар деҳоти Ошоба 260 гектар замини хуч ба қайд гирифта шудааст. Майдони умумии боғоти ноҳия бошад, 17 ҳазору 300 гектар аст, ки аз он 16 ҳазору 300 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад.
Сехи коркард ва бандубасти намаки ошӣ бо иқтидори 5 тонна дар як баст низ аз зумраи имкониятҳоест, ки дар ҳамин маҷмаа фаъол гардид. Коргоҳи мазкур, ки филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Намаки Ашт” мебошад, коркарди кони амалкунандаи намаки ноҳияро ба роҳ мондааст. Ба иттилои мутахассисон, намаки истеҳсолшаванда ба ҳамаи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, таъминоти сокинонро дар ин самт беҳтар мегардонад. Корхонаи “Намаки Ашт” дар як сол беш аз 10 ҳазор тонна намак истихроҷ ва аз ин ҳисоб зиёда аз 5 ҳазор тонна намаки ошии йоднок ба бозори истеъмолӣ ворид мекунад. Тибқи таҳлилҳо, захираи кони намаки ноҳияи Ашт барои 300 сол басанда аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти ин коргоҳҳо, бобати такмили кори сехҳои истеҳсолӣ ба масъулони ноҳия дастуру ҳидоятҳо доданд. Таъкид гардид, ки бо ташкили чунин коргоҳҳои хурд метавон фарогирии сокинон бо шуғли доимиро афзоиш дода, ба воситаи коркарди саривақтӣ, талафёбии маҳсулоти кишоварзиро пешгирӣ намуд.
Бозори доимоамалкунандаи савдои маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди иншоот низ воситаи муҳими бо ҷойи кори муносиб таъмин кардани сокинон мебошад. Дар ин макон барои кори мунтазами фурӯшандаҳо ҳамаи шароити муосир фароҳам омадааст. Дар растаҳои замонавӣ сокинон метавонанд анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш гузоранд. Ин фурӯшгоҳ тибқи стандарҳои пазируфташуда бунёд гардида, кору хизматрасонӣ дар он мутобиқи талабот ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои фурӯши гӯшт ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ, нуқтаҳои омода кардани таом аз гӯшти моҳӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ, кошонаи ҳусн, нуқтаи фурӯши либосҳои миллӣ ва мактабӣ, хушкмеваҳои ватанӣ, сабзавот, консерваҳои хонагӣ ва ғайраҳо иборат аст. Инчунин, коргоҳи нонпазию қаннодӣ, дуконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дигар малакаҳои дастӣ, масолеҳи заргарӣ, фурӯшгоҳҳои маҳсулоти хӯрока, ошхона, ҳунарҳои оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, нуқтаҳои истеҳсоли хишти сементӣ, истеҳсоли сафолакҳои ороишӣ ва нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт фаъолияти маҷмааро комил сохтааст. Бо назардошти муҳимияти рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар гӯшаҳои алоҳидаи ин маҷмаа маҳсули дастони оҳангарон ва устоҳои чирадаст ба фурӯш гузошта шудаанд. Сабадбофию қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва ҷомаву тоқидӯзӣ низ дар ҳамин макон ҷойгир гардидааст, ки воситаи хуби бо кор таъмин кардани сокинон ва ба фурӯш гузоштани маҳсули дасти онҳо мебошад. 
Дар Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, инчунин, меҳмонхона бо 8 ҳуҷра барои 20 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар иншооти мазкур ҳамаи шароит ҷиҳати фаъолияту истироҳати кормандону мизоҷон ба инобат гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти ин маҷмаа, ба истифода супурдани маркази хизматрасонӣ ва ҳунармандӣ бо 300 ҷойи кориро шоёни таҳсин хонда, ба ташаббускорони ин иқдом арзи сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Саҳни Маҷмааи “30-солагии Истиқлол” низ ободу зебо гардонда шуда, дар ҳудуди он ҳавзҳои хурди нигоҳдории моҳӣ бунёд ёфтаанд. Гулзоркунӣ ва сабзазор намудани муҳити атрофи иншоот, кори фаввораҳо ва бунёди суҳбаткадаҳо ин гӯшаро аз маконҳои ободу назаррабои шаҳраки Шайдон - маркази маъмурии ноҳияи Ашт гардондааст.
 
ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ 
ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ЯТИМОНИ КУЛЛ 
16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”, инчунин, коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхонаро ба истифода доданд.
Ташкили коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи солҳои 2022 - 2026 - Солҳои рушди саноат ба роҳ монда шудааст. Коргоҳи дӯзандагӣ дар асоси фармоиши мизоҷон сарулибоси мактабӣ ва либосҳои кории соҳавӣ омода месозад. Дар ин муассиса бештар ҷавондухтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Ҳаҷми сармоягузории коргоҳи дӯзандагӣ дар Маҷмааи “30-солагии Истиқлол” 595 ҳазор сомониро ташкил дода, хати технологии он аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст. Иқтидори солонаи корхона бо истифодаи ашёи хоми дохилӣ 20 ҳазор дона либосро дар бар мегирад. Дар ин корхона 40 нафар бонувон бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Ин шабу рӯзҳо коргарони сехи дӯзандагӣ ба хотири таъмини хонандагон бо сарулибоси мактабӣ фармоиши муассисаҳои таълимии ноҳияро қабул менамоянд. Дар ноҳияи Ашт имрӯз 37 ҳазору 461 нафар хонанда таҳсил мекунад. Ба хотири таъмини мизоҷон бо сарулибоси мактабӣ, кор дар ин коргоҳ ба тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.
Иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 60 миллиону 525 ҳазор сомониро ташкил дод. Айни замон дар вилояти Суғд 74 корхонаи дӯзандагӣ амал мекунад ва давоми моҳҳои январ-феврал онҳо ба маблағи 46 миллиону 298 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Аснои шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкоронро муҳим арзёбӣ карда, бобати афзоиши маҳсулот ва ҷалби зиёдтари занони хонашин ба чунин корҳои даромаднок ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи барҳавои Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”, ки мавриди истифода қарор дода шуд, бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Спитамен, Мастчоҳ, Зафаробод, Бӯстон ва Истиқлол мулоқот карданд. Барои ин кӯдакону наврасон дастархони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
 
ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАХТА 
ВА ФАБРИКАИ ҶУРОББОФӢ 
16 апрел зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди корхонаи ресмонбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 10 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, дар масоҳати 2 гектар бо таъсиси 450 ҷойи нави корӣ дар се баст пешбинӣ гардидааст.
Арзиши лоиҳавии корхонаи коркарди пахта 79,3 миллион сомониро ташкил дода, бо дастгирии Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳияи Ашт бунёд мегардад.
Таҷҳизоти истеҳсолии дар корхона насбшаванда аз Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар коргоҳи ҷуроббофӣ насби 200 дастгоҳ бо иқтидори 30 ҳазор ҷуфт дар як шабонарӯз ва беш аз 8 миллион ҷуфт дар як сол дар назар дошта шуда, бо бунёди коргоҳ 150 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Арзиши лоиҳавии коргоҳи ҷуроббофӣ, ки дар масоҳати як гектар бунёд мешавад, 11,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Технологияи коргоҳи ҷуроббофӣ дар асоси шартнома аз кишварҳои Олмон ва Швейтсария ворид мегардад.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди корхона ва оғоз бахшидан ба корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон ҷиҳати ободонии диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷуроббофӣ бо 600 ҷойи корӣ дар ноҳияи Ашт дар доираи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат иқдоми арзанда маҳсуб меёбад.
Соҳибкорон нақша доранд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат пешниҳод намоянд.
Бояд гуфт, ки дар ҷумҳурӣ 6 корхонаи калони истеҳсоли ҷуроб фаъолият дорад ва маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо ивазкунандаи воридот мебошанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2022    №: 74    Мутолиа карданд: 3347
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед