logo

сиёсат

БАШАРДӮСТӢ. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МУНОДИИ СУЛҲ

Чанде пеш китоби пурарзише таҳти унвони «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли қазияи Афғонистон ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон (солҳои 1992 – 2014)» дар ду қисм нашр шуд, ки ба қалами шарқшинос ва  доктори илмҳои таърих Муҳаммадӣ Сафолзода тааллуқ дорад. Афзалияти китоб дар он зоҳир мегардад, ки бори нахуст дар афғонистоншиносии муосир оид ба пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Афғонистон, иқдомоти хайрхоҳона ва талошҳои судмандашон вобаста ба ҳалли қазияи ин кишвар таҳлили амиқи илмӣ анҷом пазируфт, ки қобили таваҷҷуҳ аст. Зеро таҳқиқот дар ҳоле сурат гирифта, ки даргириҳои давомдору тулонӣ ва ҳоло печидатар шудани вазъ дар Афғонистони ҳамсоя боиси нигаронии амиқи кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.
Борҳо дар минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ матраҳ намудани мавзуи Афғонистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват ба ҳалли қазияи ин кишвари ҷангзада аз роҳҳои ғайринизомӣ ва доираи васеи муносибатҳои ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг то таҳаввулоти ахир дар Афғонистон аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки хабарнигори “Ҷумҳурият” ба муносибати нашри китоби мавриди назар дар суҳбат бо Муҳаммадӣ Сафолзода дар миён гузошт.
- Дар сиёсати хориҷии давлати мо Афғонистон ҷойгоҳи хосса дорад. Қатъи назар аз он ки авзоъ дар ин кишвари ҳамсоя беш аз чил сол боз ноором аст, замони Истиқлоли давлатӣ дар густариши муносибати дӯстонаи Тоҷикистону Афғонистон тамоюли мусбат ба миён омад. Асноди таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти сиёсиашон ҳамчун Роҳбари давлат ба тавсеаи робитаҳо ва ба барқарории сулҳ дар Афғонистон бартарӣ медоданд...
- Бале. Қазияи Афғонистон ҳамеша ва аз ибтидо дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон қарор дорад. Чунончи, моҳи декабри соли 1992 дар камтарин фурсат баъд аз интихоб шуданашон ба мақоми Раиси  Шурои  Олӣ дар муроҷиатномае ин нуктаро зикр карданд, ки мо бо тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла бо ҳамсояҳои наздиктаринамон Афғонистон, Покистон, Чин ва Эрон муносибатҳои мутақобилан муфидро ба роҳ хоҳем монд. Баъдан, замоне ки Президенти маҳбуби мо бо тамоми ҳастӣ барои эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат талош мекарданд, ҳамзамон, барқарории сулҳ дар Афғонистон ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳашон қарор дошт. 
Омӯзиши асноди солҳои 90-уми асри гузашта дурустии ин далелро пурра собит намуда, нишон медиҳад, ки ҳаводиси Афғонистон аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон мунтазам пайгирӣ ва  ба минбари ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ бароварда мешуданд. Чунончи, 14 декабри соли 1994 дар вохӯрии ҳафтуми сарварони давлатҳои аъзои Созмони конфронси  исломӣ дар Касабланка (Марокаш) аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоянд, ки ба вазъияти мавҷуда дар Афғонистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Албатта, Афғонистон дар танҳоӣ наметавонад вазъи ногувори сиёсии дохилиашро бартараф созад. Аз ин ҷост, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли қазияи ин кишвар ҷалб месозанд. 
- Соли 1993 бар асари омилҳои маълум сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба як минтақаи хатарзо табдил ёфт. Дар ҳоле ки қисме аз неруҳои  мухолифини тоҷик дар Афғонистон паноҳ мебурданд, Сарвари давлати мо дар вазъияти бисёр ҳассоси сиёсиву низомӣ барои мулоқот бо онҳо озими ин кишвар шуданд. Воқеан, ин сафари таърихие буд, ки, ҳамчунин, ба таҳкими муносибатҳои ду мамлакат замина гузошт ва фикр мекунам, аввалин муваффақияти дипломатии сатҳи олии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ  маҳсуб меёбад.
 
- Дарвоқеъ, чунин аст ва ин, пеш аз ҳама, аз дипломатияи сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Дар ин сафари таърихӣ музокирот бо намояндагони мухолифон беш аз 12 соат идома кард. Пешвои миллат бо роҳи гуфтушуниди созанда на танҳо ихтилофро миёни қумондонҳои неруҳои мухолифин бартараф сохтанд, балки дар байни роҳбарони гурӯҳҳои ба марказ итоатнакунандаи Афғонистон аз эҳтироми хос бархӯрдор шуданд. Воқеан, ҳамон шабу рӯз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаш сарҳадбони неруҳои посдори сулҳи ИДМ-ро, ки аз минтақаи Қалъаихумби ВМКБ-и Тоҷикистон ба асорати қумондонҳои саҳроии афғон афтида буданд, озод ва бо худ оварданд. Пешвои миллат, бо ин амалашон шахсияти фавқулодаи таърихӣ ва дорои ҷасорати бемисл будани худро собит карданд.
Баъдтар, бо вуҷуди он, ки Афғонистон муддати мадид гирифтори ҷанги дохилӣ буд, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои дӯстӣ бо ин кишвар корҳои зиёди созандаеро анҷом дод. Хоссатан,  бо сохтани пулҳо, ки бо ташаббуси Сарвари давлат миёни ин ду кишвар бунёд гашт, Тоҷикистон ба Афғонистон имкониятеро фароҳам овард, ки ин мамлакат ба як нуктаи васли минтақаи Осиёи Марказӣ бо минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ табдил гардад.
Зимнан, то ин муддат, ҳар ду кишвар ягон нуқтаи убур аз тариқи пулҳоро надоштанд. Дар минтақаи шимоли Афғонистон, ки бо Бадахшони мо ҳамсарҳад мебошад ва мавзеъҳои мушкилгузари кӯҳӣ дорад, мардуми  Афғонистон зарфи 6, 7 моҳи сармои зимистон наметавонистанд ба маркази  вилояти худ сафар намуда, мушкилоти рӯзмарраашонро ҳаллу фасл созанд. Нуқтаи муҳим ин аст, ки  дар ин  минтақаи мушкилгузари шимоли Афғонистон марказҳои тиббӣ қатъан вуҷуд надоранд. Дар лаҳзаҳои душвор бо супориши роҳбарияти олӣ сохторҳои марбутаи Тоҷикистон иҷозат медоданд, ки шаҳрвандони Афғонистон дар шифохонаҳои кишвари мо табобат гиранд. Бо сохтани пулҳо онҳо метавонанд бемамоният беморони худро ба минтақаи Қалъаихумби ВМКБ ва маркази вилоят - шаҳри Хоруғ интиқол диҳанду табобат ёбанд. 
 
- Агар фаротар андеша кунем, талоши бартараф намудани қазияи Афғонистон, роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ ва барқарор намудани сулҳ дар ин кишвари ҳамсоя, дар маҷмуъ, аз башардӯстии Пешвои миллати мо далолат мекунад. Бо ин далел, ки мушкили Афғонистон, бахусус бесуботии он, танҳо мушкили Тоҷикистону марзҳояш нест. Албатта, дар ин бора таҳқиқоти Шумо далелҳои раднопазир ва фарогиреро дар ихтиёр дорад...
 
- Бале, инсонҳои комил, аслан, ҳамин гунаанд. Нисбат ба тақдири инсонҳои олам бетафовут нестанд. Сарвари давлати мо нисбат ба мардуми Афғонистон на танҳо ғамхорӣ зоҳир менамоянд, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ ба ин амал даъват месозанд. Бубинед, соли 2005 дар  нишасти сарварони кишварҳои исломӣ, ки дар шаҳри Макка доир гардид, аз кишварҳои исломии пешрафта даъват ба амал оварданд, ки ба кишварҳои ниёзманд, аз ҷумла Афғонистон, кумак кунанд. Дар амалӣ намудани барномаҳое, ки боиси беҳбуд гардидани сатҳи зиндагии мардум мегарданд, мусоидат намоянд. 
Як нуктаро бояд зикр намоям, ки қисмати ҷанубии сарҳадоти Тоҷикистон 60 дарсади сарҳадоти  ИДМ-ро  ташкил медиҳад ва чун Тоҷикистон аъзои  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мебошад, ин нукта сарҳади ҷанубии САҲА низ ба шумор меравад. Аммо, вақте моҳи сентябри соли 1996 дар Афғонистон ҷунбиши террористии “Толибон”  Кобулро ба итоати худ даровард,  ҷомеаи ҷаҳонӣ як муддат дар ин самт сукут ихтиёр кард. Ҳеҷ кишваре дар бораи сулҳи Афғонистон, фоҷиаи ин кишвар андешае иброз намедошт. Ҳол он ки ин низоъ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон, бахусус аз нигоҳи паҳн гардидани таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва инсон,  таъсири бевосита  дошт. 
Ба ин хотир,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 1996 зимни суханронӣ дар саммити САҲА (Португалия) ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор доданд, ки ҳудудҳои ҷанубии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон на танҳо сарҳадоти муштараки ИДМ, балки кишварҳои аъзои САҲА низ мебошад. Инчунин, пешниҳод менамоянд, ки бо истифода аз дипломатияи фаъоли САҲА ва ҷалби давлатҳои берун аз ҳудудҳои ҷанубӣ ҷиҳати муътадил намудани вазъи Афғонистон ҳамкории судманд роҳандозӣ гардад. Дар суханронӣ, ҳамчунин, бо нигаронии ҷиддӣ аз вазъияти Афғонистон даъват менамоянд, ки азму талоши худро дар самти ноил гардидан ба ризоияти миллӣ ва сулҳ дар ин кишвари  азияткашида тақвият бахшанд.
Таҳқиқот, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон дар солҳои  1992 – 2014 - ро  дар бар мегирад, нишон доданд, ки ҳадафи Пешвои миллат раҳо намудани башарият аз хавфи терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва инсон мебошад, ки то  имрӯз домангири ҷаҳони муосир аст.
Набояд  фаромӯш кард, ки маводи мухаддири дар Афғонистон тавлид ва ба таври қочоқ ба дигар кишварҳо интиқолшаванда, яке аз сарчашмаҳои таъмини молиявии терроризми байналмилалӣ низ, ба шумор меравад ва дар ин росто, пешниҳодҳои созандаи Пешвои  миллат ҷиҳати таъсиси формати АКТ - Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар самти муборизаи муштарак бо ин зуҳуроти марговар аз аҳамияти хос бархӯрдор мебошад. Ташаббуси мазкур давоми мантиқии пешниҳоди таъсиси як камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намуда буданд. 
Дар ин маврид наметавон аз ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар робита ба таъсиси формати “Чоргонаи Душанбе” сарфи назар кард, балки ҳамкориро миёни чор кишвар - Тоҷикистон, Афғонистон, Россия ва Покистон дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика ва сохтмон таҳкиму тақвият бояд бахшид. 
Дар маҷмуъ, таҳқиқот, ки беш аз 23 солро дар бар мегирад, саҳифаи мухтасаре аз шоҳкориҳои Пешвои миллат аст, ки татбиқи онҳо на танҳо ба манфиати Тоҷикистону Афғонистон, минтақа, балки  тамоми кишварҳои дунё мебошад.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.08.2022    №: 158    Мутолиа карданд: 734
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед