logo

сиёсат

1992-2022. 30 СОЛИ ДАВЛАТСОЗӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа:
 
- Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик мебошад. Дар асл таърих гувоҳ аст ва инсоният шоҳид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист киштии умеди мардуми тоҷикро ба соҳили мурод расонад.
 
 
Сироҷиддин МУҲРИДДИН,
вазири корҳои хориҷӣ:
- Барои мо мояи ифтихор аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гиромидошти солгарди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ рост меояд ва баъд аз барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварамон бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат раванди бозсозии иқтисодии кишвар, демократия, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ, ташаккули тафаккури миллӣ ривоҷу равнақ гирифт.
Таърих собит кард, ки он рӯзи тақдирсоз вакилони халқ бо ин амали ояндабинона шахсияти миллӣ, воқеан Пешвои миллатро интихоб намуданд.
 
 
Зулфия ДАВЛАТЗОДА, 
вазири фарҳанг:
- Имрӯз ҳазорон бор шукрона мекунем, ки таҳти раҳбарӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати комил, бунёдкориву созандагӣ ва обрӯву эътибори байналмилалӣ зиндагӣ мекунем. Эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба пешравӣ ва дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.
 
Барно САИДВАЛИЗОДА, 
сардори Хадамоти иҷро, генерал-майори милитсия:
- Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик нақши муассир ва сарнавиштсозеро бозид. Ин дастоварди бузург ба шарофати кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муяссар гардид.
Дар Иҷлосия бо сарварии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 74 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун қабул гардид. Ин қонунҳо ба барқарор намудани сулҳ ва созгории миллӣ дар кишвар мусоидат намуданд. 
 
 
Мирзонабот Алишер ХУДОБЕРДӢ,
раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон:
- Таҳкурсии мустаҳками бинои нави тараққиёти созандаро Иҷлосияи таърихию тақдирсози ХVI Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 гузошт. Ин Иҷлосия воқеаи муҳим дар таърихи миллат буда, гардиши куллиро дар масири ҳаракати миллат ба вуҷуд овард.
Аҳамияти Иҷлосия дар радифи Истиқлол ва ваҳдати комили миллӣ меистад, зеро маҳз тавассути қарорҳои он Истиқлол ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфтанд. 
Таҷрибаи давлатсозии навини тоҷикон, ки аз Иҷлосияи ХV1 Шурои Олӣ сарчашма мегирад, ба андешаи мо, дар замони имрӯза барои давлатҳои зиёди дар гирудори пурпечутоби сиёсию иҷтимоӣ мувоҷеҳбуда ва умуман, барои кулли ҷомеаи байналмилалӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
 
 
 
Абдулҳафиз АШУРЗОДА,
раиси Суди конститутсионӣ:
- Таъсиси мансаби Президент ва таҷлили он заминаи таърихӣ дорад. Дар таърихи давлатдории мамолики ҷаҳон шахсиятҳои таърихии барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи диёри худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.
 
 
Сулаймон СУЛТОНЗОДА,
директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия:
- Аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли ҷумҳурии президентӣ қабул шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.
Хушбахтона, гузаштан ба низоми идоракунии президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф гардид. Таърих гувоҳ аст, ки дар раванди фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Президентиро ба як ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд.
 
 
 
Ғайбулло АВЗАЛОВ,
раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон: 
- Бадхоҳони миллат дигар нақша доштанд, аммо он тавре, ки онҳо мехостанд, нашуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо руҳияи қавӣ ва хислатҳои ватандӯстонаю ҷавонмардонаашон тавонистанд ба фазои ғуборолуди Тоҷикистон тозагӣ бахшанд, кинаҳоро аз синаҳо дур ва миллатро сарҷамъ созанд. Насли ҷавон бояд донад, ки он замон, бо вуҷуди соҳибистиқлолӣ, ҳатто рамзҳои давлатӣ - Парчам ва Нишони давлатӣ надоштем ва дар мамлакат Конститутсияи соли 1978 амал мекард. Ин Иҷлосия аз ҳамин ҷиҳат ҳам таърихӣ аст, ки ин масъалаи басо муҳим барои кишвари мо дар он баррасӣ гардид ва қарорҳои муҳим қабул шуданд.
 
 
Раҷаббой АҲМАДЗОДА,
раиси вилояти Суғд:
- Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 31-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил кард ва омодагиро ба Ҷашни 35-солагии Истиқлол барои ноил шудан ба дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ суръати нав бахшид. Сокинони шарафманду соҳибхиради вилоят бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил ва ваҳдату оромӣ дар партави  дастуру раҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли муқаддасу мубораки 2022 – соли Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба арсаи бузурги дастовардҳои меҳнатӣ табдил доданд. 
 
 
Шермуҳаммад ШОҲИЁН,
раиси Суди Олӣ:
- Дар рафти Иҷлосия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул шуданд, ки барои хомӯш кардани оташи ҷанг, ба сулҳу субот овардани мардум, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асосҳои ҳуқуқӣ ва имконият ба вуҷуд оварданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, истиқлоли пурра ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ қадамҳои нахустин гузорад.
Ҳамчунин, 16 ноябр ҳамасола Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Ин санаи муҳим дар қонунгузории мамлакат бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдорӣ дар таърихи навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин пайомадҳо дар маҷмуъ, ба хизматҳои наҷибу фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, пазируфта шудааст.
 
 
Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА,
раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист:
- Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун рамзи иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст. Иҷлосияи мазкур ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод, ҳамзамон, бар дӯшашон вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати соҳибистиқлол ва демократиро вогузор намуд. 
 
 
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- Дар амалӣ гаштани ин ҳама корҳои бузургу созанда нақши Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ, бешак, назаррас мебошад. Он оғозбахши таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистони азиз ба шумор рафта, сарчашмаи хушбахтии халқ, таъмини сулҳу субот, якпорчагиву ваҳдати миллӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад. Ин Иҷлосияи тақдирсоз давлатдории миллиро эҳё намуд ва роҳи навсозиҳои азимро дар Ватани маҳбубамон боз гардонд. Аз ин рӯ, халқи зафарманди тоҷик ин рӯйдоди таърихиро муқаддас дониста, дар мамлакат ҷашни онро дар вазъияти орому осоишта ва сулҳу субот бо ифтихор таҷлил менамояд.
 
 
Қурбон ҲАКИМЗОДА, раиси вилояти Хатлон:
- Ҷойи шакку шубҳае нест, ки бо гузашти 30 сол аз баргузории Иҷлосияи таърихию тақдирсоз дар натиҷаи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври чашмрас коҳиш ёфт, ҳазорҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо, марказҳои хизматрасонии маишию фарҳангӣ бунёд, садҳо ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин гардиданд.
 
 
Рустам МИРЗОЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодӣ: 
- Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон масъулиятро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, инчунин, таърих, миллат, Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бар дӯш гирифта, роҳбарияти олии он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд.
Сокинони мамлакат иқдомҳои созандаи Сарвари давлатро бо меҳру муҳаббати гарму самимӣ пайгирӣ намуда, ба комёбиҳои бузург шарафёб гардиданд. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯз сиёсатмадорони ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллати тоҷикон дар  ҳалли масъалаҳои мубрами ба манфиати башарият аҳамиятдошта истифода мебаранд.
 
 
 
Абдулло РАҲМОНЗОДА,
раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш:
- Фаъолияти пурмаҳсули давлатдориву давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷаноби Олӣ оинаест, ки дар он ҳама шукӯҳу шаҳомат ва шуҳрати миллатро дидан мумкин аст ва он қутбнамоест, ки ба воситаи он ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ қадамҳои устувор ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем.
Имрӯз ҷавонони мо мактаби бузург ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам мебошанд, талаботи замонро пайваста эҳсос менамоянд, манфиати миллат ва амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоянд.
 
 
 
Раҳмон ИСЛОМИДДИН,
раиси ноҳияи Данғара:
- Мардуми Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан таҷлил менамоянд. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллат ва давлатсозии тоҷикон абадӣ боқӣ мемонад. 
Истеъдоди худододи ояндабинӣ намудани ҳодисаю равандҳо, қобилияти дар атрофи худ ҷамъ кардани мардуми кишвар, истодагарӣ дар самти татбиқи мақсадҳои худ, хусусиятҳои волои инсонӣ марбут ба Пешвои миллат мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Сарвари давлат ба ҳимояи манфиатҳои миллату Ватан ба кор бурданд.
 
 
Махфират ХИДИРЗОДА,
узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор:
- Дар асоси таҳлили гузарондашуда метавон хулоса намуд, ки Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеан ҳам, рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, баҳри ташаккули шинохти арзишмандии таърих, рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, боло бурдани сатҳи ҳувияту худшиносӣ, руҳияи қавии ҷомеа, таҳкими сохтори давлатдорӣ ва ташаккули ниҳодҳои идоракунии давлатӣ замина гузоштааст.
Ҳамзамон, ин рӯйдоди таърихӣ боиси ба сари қудрат омадани шахсияти таърихӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки ҳамчун наҷотбахши миллату давлат эътироф гаштааст.
 
 
Хайрулло САФАРЗОДА,
директори генералии ҶСК “НБО Роғун”:
 
- 30 соли заҳматҳо, созандагиву бунёдкориҳои беҳамтову беамсол, истиқрор ва давлатсозиву тамаддунофарии арбоби барҷаставу пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таърихи имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон хоҳад монд.
 
 
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллӣ:
- 16 ноябр аз дурахшонтарин рӯзҳои таърихӣ барои миллати тоҷик мебошад. Маҳз дар ин рӯз бузургтарин рӯйдодҳои тақдирсоз ба миён омадаанд, ки дар рушду пешрафти давлат ва ваҳдатсозии миллат нақши муассир дорад.
Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир бо донишу малакаи баланд сина сипар созем.
 
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.11.2022    №: 220-221    Мутолиа карданд: 991
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед