logo

туризм

ТУРИЗМ ВА ИМКОНОТИ РУШДИ ОН. АЗ АРЗЁБИИ МУСБАТИ ХОРИҶИЁН ТО ФОРИҒБОЛИИ МО

Чанде пеш рекламаеро дар бораи танҳотарин роҳи олам дидам, ки барои навиштани ин матлаб ангеза бахшид. Ин роҳ ба шумо ҳам ошност ва онро ҳатман дар филме дидаед. Гап сари шоҳроҳест, ки қариб 5000 километр дарозӣ дошта, ғарби ИМА-ро бо шарқӣ он пайваст мекунад. Қисмати роҳ, ки аз ҳудуди иёлати Невада мегузарад, «Танҳотарин роҳи олам» ном гирифтаву дар муддати кӯтоҳ машҳур гардид. Дар як мақолаи маҷаллаи «Life» соли 1986 ин қисмати шоҳроҳ чунин тасвир шудааст: «Ин ҷо тамоман холист. Ягон мавзеи тамошобоб надорад. Мо гузаштан аз ин роҳро тавсия намедиҳем, зеро намехоҳем, ки ҷони худро дар хатар гузоред». 
 
Баъдан, департаменти сайёҳии иёлати Невада ин навиштаро ҳамчун омили тарғиби мавзеъ истифода намуд ва навиштаи “Танҳотарин роҳи олам” дар сари ҳар қадам ба чашм мерасид. Дар натиҷа, шумораи "фатҳкунандагон"-и мавзеъ сол ба сол афзуд.
Мепурсед, ки чаро ин мисолро овардам? Ҳадаф ин, ки дар мамлакатҳои олам як қисмати роҳ ё дарахтеву сангеро ҳамчун объекти туристӣ истифода намудаву тариқи рекламаи дуруст ҳамасола ҳазорҳо сайёҳро ҷалб мекунанд ва фоида ба даст меоранд.
Чунин мавзеъҳо дар кишвари мо низ хеле зиёданд. Масалан, шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ – Қулма. Бешубҳа, ин роҳ бамаротиб зебосту диққатҷалбкунанда, аммо мо онро дуруст тарғиб кардаем? Не! Дар ҳоле ки он дар масири Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷойгир шудаву метавон дар он намудҳои гуногуни сайёҳиро ба роҳ монд. Худи шоҳроҳи Помир бошад, тибқи гузориши маҷаллаи бонуфузи «National Geographic», ба феҳристи ҷолибтарин ва, ҳамзамон, камэътибортарин мавзеъ дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст. Ба феҳрист, ҳамчунин, шаҳраки бостонии Гонур-Депе дар Туркманистон, Бухоро дар Ӯзбекистон бо маҷмааҳои меъморӣ, муҷассама ва бозорҳои пурҳашамат, шаҳри Алма-Ато дар Қазоқистон ва маҷмааи варзишии Медео, қасри бостонии Тош-Рабати Қирғизистон шомиланд. Мебинед, ки шоҳроҳи Помир бо вуҷуди аз ҷониби маҷаллаи “National Geographic” яке аз 10 роҳи зеботарини дунё эътироф гардидан, камэътибортарин аст? Чаро мо наметавонем худи ҳамин иттилоъро ғайри дар расонаҳо инъикос кардан, барои тарғиби бештари минтақа истифода барем? Менеҷеру маркетологҳои соҳа оё инро намебинанд? Ин ҳам дар суратест, ки масир садҳо мавзеи ҷолиб дорад ва ҳар яке объекти сайёҳӣ буда метавонад.
Ҷойи таассуф аст, ки мо имкониятҳои табииро самаранок истифода намебарем. Барои тақвияти андеша мисоли дигаре меорам. Дар ҳудуди шаҳри Колумбуси иёлати Ҷорҷияи ИМА дарёи Чаттахучи ҳамчун объект барои гузарондани варзиши рафтинг истифода мешавад. Аҳолии шаҳр ва минтақаҳои гирду атроф барои дилхушии худ аз ин имконият ба таври васеъ истифода мебаранд. Масофаи минтақа барои рафтинг 4 километр буда, ширкати «Columbus Whitewater» маҳз барои гузарондан ва ташкили ин навъи варзиш машғул аст. Ё ин ки Маркази байналмилалии «Whitewater» дар шаҳри Кардиффи Британияи Кабир. Дарозии канал барои рафтинг 250 метр буда, суръати ҷараёни обро тағйир додан мумкин аст. Сарфи назар аз сатҳи таҷриба, ҳама метавонад аз он истифода барад. Дар ин ҷо мактабе барои омӯхтани нозукиҳои рафтинг низ мавҷуд аст. Чаро дар дарёи Варзоб (ҳол он ки қисмати зиёди дарёҳои кишвар барои гузарондани рафтинг мувофиқанд) ин намуди сайёҳии варзиширо рушд надиҳем? Чун дарё қисман аз ҳудуди шаҳри Душанбе мегузарад, ташкили инфрасохтори зиёдро талаб намекунад, ба ҷуз муҳайё намудани таҷҳизоти махсус. Ҳол он ки дар аксар маврид алоқамандони рафтинг таҷҳизоти махсуси худро доранду аз онҳо истифода мебаранд. Ҷойи шубҳа нест, ки кишвари азизи мо имкониятҳои беҳтарин барои рушди соҳаи сайёҳиро дорад ва дар радабандии созмону маҷаллаҳои бонуфузи соҳавӣ мақомҳои намоёнро ишғол мекунад. Аз ҷумла, маҷаллаи сайёҳии бритонии “Wanderlust” Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард; шабакаи иҷтимоии “Globe Spots” Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони сайругаштӣ ҷой додааст; нашрияи “The Independent” пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо ҳамчун даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд; Тоҷикистон дар радабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати сайругаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шудааст. Ин рӯйхатро метавон боз ҳам идома дод.
Аммо ба андешаи инҷониб, мушкил ҳамоно якест: ба таври зарурӣ тарғибу ташвиқ нашудани дастовардҳои соҳаву мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва дар баробари ин, маълумоти кофӣ надоштани аҳолии кишвар дар бораи соҳа. Ҳамин омил боиси на танҳо ҷалби шумораи бештари сайёҳони хориҷӣ, балки ба таври зарурӣ рушд накардани туризми дохилӣ гардидааст. Ё масъулон андешаи дигар доранд?
 
Комрон САФАР,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2023    №: 15    Мутолиа карданд: 690
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед